Дар замони муосир, ки онро марҳилаи ҷаҳонишавӣ меноманд, ҷомеаи ҷаҳонӣ бо зуҳуроти номатлуб, аз ҷумла терроризм ва экстремизм, рӯ ба рӯ мебошад. Ҳарчанд ин падидаҳо ҳодисаҳои нав нестанд, дар шароити кунунӣ густариш ёфтани онҳо ба амнияту суботи кишварҳо ва ҳаёти осоиштаи сокинони сайёра таҳдиди ҷиддӣ эҷод мекунад. Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар суханрониҳояшон дар чорабиниҳои сатҳи байналмилалӣ, мулоқот бо сарони давлатҳо, намояндагони зиёиён, ҷавонон ва занон пайваста аз хатари рӯзафзуни терроризму экстремизм ҳушдор дода, ин зуҳуроти хатарнокро ҳамчун таҳдиди ҷиддӣ ба ҷомеаи ҷаҳонӣ маҳкум менамоянд.

Имрӯз дар баъзе минтақаҳои ҷаҳон, бахусус дар кишварҳои Шарқи Наздик ва дигар минтақаҳои ноороми ҷаҳон, низоъҳои мусаллаҳона, хушунат ва нооромии сиёсиву иҷтимоӣ ба мушоҳида мерасанд. Гурӯҳҳои гуногуни ифротгаро бо мақсади расидан ба ҳадафҳои сиёсӣ ва манфиатҳои ғаразноки худ аз зӯроварӣ, куштор ва дигар амалҳои ғайриқонунӣ истифода мебаранд. Дар ин замина, фаъолияти гурӯҳҳои ифротгарое низ ба назар мерасад, ки бо истифода аз номи дини мубини ислом амалҳои зиддиинсонӣ ва ғайриисломии худро пинҳон карданӣ мешаванд.

Аъзои чунин гурӯҳҳо бо содир намудани амалҳои террористӣ, аз ҷумла таркишҳо дар ҷойҳои ҷамъиятӣ, боиси ҳалокату захмӣ шудани садҳо нафар шаҳрвандони бегуноҳ, аз ҷумла занону кӯдакон мегарданд. Ин амалҳо на танҳо ҷони инсонҳоро зери хатар мегузоранд, балки боиси хароб гардидани зиндагии оилаҳо ва бесарпаноҳ мондани мардуми осоишта мешаванд. Ҳол он ки дини мубини ислом инсонпарварӣ, сулҳу осоиштагӣ, раҳму шафқат ва эҳтироми ҳаёти инсонро тарғиб намуда, куштори одамони бегуноҳро қатъиян маҳкум мекунад.

Воқеан, терроризм ва экстремизмро набояд бо ягон дин ё мазҳаб алоқаманд донист. Ин амалҳо натиҷаи тафаккури ифротӣ, ҷаҳолат, хурофотпарастӣ ва истифодаи ғаразноки эътиқоди динӣ мебошанд. Ҳеҷ гуна ақида ва манфиат наметавонад баҳонаи зӯроварӣ ва поймол намудани ҳуқуқу озодиҳои инсон гардад.

Бо назардошти вазъи ҳассосу печидаи ҷаҳони муосир, олимону донишмандони мамлакатро зарур аст, ки ба масъалаҳои ташаккули мафкураи миллӣ, таҳкими давлатдорӣ, рушди иҷтимоиву сиёсии ҷомеа, муттаҳид намудани неруҳои созандаи кишвар ва ҳифзи манфиатҳои стратегии Тоҷикистон таваҷҷуҳи бештар зоҳир намоянд. Ҳамзамон, мубориза бар зидди терроризм ва экстремизм, хурофотпарастиву ифротгароӣ, баланд бардоштани маърифати ҳуқуқиву сиёсӣ ва таҳқиқи масъалаҳои демократикунонии ҳаёти иҷтимоиву сиёсии кишвар бояд аз самтҳои муҳими фаъолияти илмӣ ва маърифатӣ бошанд.

Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун давлати соҳибихтиёр, демократӣ, ҳуқуқбунёд, дунявӣ ва ягона дар даврони истиқлол ба дастовардҳои назарраси сиёсиву иқтисодӣ ва иҷтимоиву фарҳангӣ ноил гардидааст. Ин пешравиҳо, пеш аз ҳама, натиҷаи сулҳу субот, ваҳдати миллӣ, сиёсати созанда ва заҳматҳои мардуми кишвар мебошанд.

Мардуми шарифи Тоҷикистон хуб дар ёд доранд, ки дар солҳои аввали соҳибистиқлолӣ кишвар ба гирдоби ҷанги таҳмилии шаҳрвандӣ кашида шуда, хатари аз байн рафтани давлатдории миллӣ ба миён омада буд. Дар чунин вазъияти ниҳоят душвор муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон масъулияти роҳбарии давлатро ба уҳда гирифта, бо азму иродаи қавӣ ва талошҳои пайваста барои барқарор намудани сулҳу субот ва ваҳдати миллӣ замина гузоштанд. Имрӯз мо шоҳиди он ҳастем, ки сулҳу осоиштагӣ ва ҳамдигарфаҳмӣ барои рушди тамоми соҳаҳои ҳаёти ҷомеа шароити мусоид фароҳам овардаанд.

Бояд дарк намуд, ки сулҳу субот неъмати бебаҳо буда, ҳифзи он вазифаи муқаддаси ҳар як шаҳрванди кишвар мебошад. Пешрафти давлат танҳо дар шароити оромиву осоиштагӣ, ҳамдигарфаҳмӣ, эҳтироми қонун ва ҳамкории созандаи тамоми қишрҳои ҷомеа имконпазир аст.

Мутаассифона, ҳанӯз ҳам нафароне ҳастанд, ки бо мақсади ба даст овардани манфиатҳои шахсӣ ё гурӯҳӣ омодаанд манфиатҳои миллӣ ва арзишҳои давлатдориро нодида гиранд. Амалҳои чунин афрод метавонанд ба суботу амнияти ҷомеа таъсири манфӣ расонида, заминаи сар задани низоъ ва нооромиро фароҳам оваранд. Баъзе гурӯҳҳои ифротгаро бо истифода аз номи дини мубини ислом ва дастгирии манфиатҷӯёни хориҷӣ мехоҳанд дар ҷомеаи орому осудаи мо тафриқаандозӣ намоянд. Аз ин рӯ, ҳар як шаҳрванди кишвар бояд дар муқобили чунин падидаҳо ҳушёр ва масъулиятшинос бошад.

Тавре Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъкид намудаанд, терроризм ва экстремизм аз ҷумлаи хатарҳои ҷиддии ҷаҳони муосир мебошанд. Аз ин бармеояд, ки ҳар шахсе, ки ба чунин амалҳои ҷиноятӣ даст мезанад, новобаста аз мансубияти иҷтимоӣ, динӣ, мазҳабӣ ё нажодии худ, бояд тибқи қонун ҷавобгар бошад. Ҳеҷ гуна эътиқод, мансубият ё баҳонаи дигар наметавонад содир намудани ҷиноят ва поймол кардани ҳуқуқи инсонро сафед намояд.

Дар шароити имрӯзаи ҷаҳонишавӣ моро зарур аст, ки бо дарки масъулияти шаҳрвандӣ, ҳисси баланди ватандӯстӣ ва эҳтиром ба арзишҳои миллӣ дар таҳкими сулҳу субот ва ваҳдати ҷомеа саҳм гузорем. Хусусан, ҷавонон бояд бо омӯзиши илму дониш, баланд бардоштани маърифати сиёсиву ҳуқуқӣ ва ҳифзи арзишҳои миллӣ дар пешрафти Тоҷикистони азиз саҳми арзандаи худро гузоранд.

Дар ниҳоят, бояд таъкид кард, ки ваҳдату ҳамдилӣ, ҳамдигарфаҳмӣ ва эҳтироми якдигар муҳимтарин омили муқовимат ба зуҳуроти номатлуб мебошанд. Танҳо бо муттаҳидӣ, зиракии сиёсӣ, маърифати баланд ва масъулияти шаҳрвандӣ метавонем сулҳу суботи ҷомеаро ҳифз намуда, барои наслҳои оянда Тоҷикистони ободу пешрафтаро ба мерос гузорем.

 

Заррина ШАРИПОВА,

сармутахассиси раёсати таълим