ВАТАН САР МЕШАВАД АЗ ГОҲВОРА
Ба муносибати 85 – солагии зодрўзи устоди шеъру ғазал Лоиқ Шералӣ
Аз Зарафшон зари сухан овард,
Бар сари ошиқон нисор намуд.
Форсии бузургро Лоиқ
Рўдакивор зарнигор намуд.
Ато Мирхоҷа
«Устод Лоиқ дар навсозии шеъри муосири мо нақши барҷаста дошта, аз маҳбубтарин шоирони тоҷик ба шумор меравад».
Низом Қосим
Лоиқ Шералӣ 20 майи соли 1941 дар деҳаи Мазори Шарифи ноҳияи Панҷакенти вилояти Ленинободи ҳамонвақта (ҳоло Суғд) ба дунё омадааст. Баъди хатми мактаби деҳа Омўзишгоҳи педагогии шаҳри Панҷакентро ба итмом расондааст. Пас аз он ба факултаи таъриху филологияи (Донишкадаи педагогии давлатии Душанбе ба номи Т.Г. Шевченко) ҳозира Донишгоҳи давлатии омўзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ дохил шуда, онро соли 1963 хатм мекунад. Соли 1965 дар синни 24-солагӣ ба туфайли шеъри маъруфи «Ба модарам» бо тавсияи бевоситаи устод Мирзо Турсунзода ба узвияти Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон пазируфта шудааст.
Солҳои 1963-1965 муҳаррири шуъбаи адабиёт, мусиқӣ ва драмаи Кумитаи радиову телевизиони Тоҷикистон, солҳои 1965-1966 ходими адабии рўзномаи «Комсомоли Тоҷикистон», солҳои 1967-1975 мудири шуъбаи назми маҷаллаи «Садои Шарқ», солҳои 1975-1991 мушовири назми Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон, сармуҳаррири «Садои Шарқ», аз соли 1991 то рўзҳои охири умраш раиси Бунёди байналмилалии забони форсии тоҷикӣ буд.
Бузургии устод Лоиқ дар он аст, ки ашъори сурудааш ҳамагӣ ҳамнавои дили мардуми одӣ буда, таъсирбахш ва хеле ширину нобу равонанд. Меҳри шоир ва муҳаббат ба шеъри баландпояи ў кайҳост, ки марзи кишварҳои форсигўйро убур намуда, фарохтар доман афкандааст. Махсусан, бо пешниҳоду ибтикори устод Анҷумани тоҷикони ҷаҳон ҳар сол барпо мегардид. Инчунин, маҳфилҳои адабии «Ширу шакар»-ро ташкил мекард, ки дар он шоирони Эрону Афғонистону Тоҷикистон бо ашъори худ байни ҳамдигар мусобиқа, яъне шеърбарак ташкил мекарданд. Дар Анҷумани тоҷикони ҷаҳон бошад, адибони номвари кишварамон, аз ҷумла Бозор Собир, Муъмин Каноат, Гулрухсор Сафиева, Гулназар Келдӣ, Аскар Хаким, Камол Насруллоҳ, Камол Айнӣ ва адибони форсизабони ҷаҳон, ба монанди Алии Деҳбошӣ (Эрон), Масъуди Сипанд (Амрико), Латиф Пидром (Афғонистон), Латиф Нозимӣ (Олмон), Мўсавии Гарморудӣ (Эрон) ва дигар намояндагони кишварҳои хориҷ ширкат меварзиданд. Бинобар ин, тоҷикон ва форсизабонони ҷаҳон ба якдигар бештар пайванд шуданд. Барои пойдории забон ва фарҳанги тоҷикӣ - форсии дарӣ даст ба даст гирифта, фаъолият менамуданд. Хушбахтӣ ва боиси сарфарозист, ки пас аз Истиқлоли Тоҷикистон ҳазорон ҳамзабонони мо Тоҷикистони азизро хонаи муҳаббати худ мешуморанд. Аз соли 1989 оғоз карда, Анҷумани тоҷикон ва форсизабонони ҷаҳон баргузор гардид, ки номи рамзии худ «Пайванд» -ро нигоҳ дошт. Раиси ин анҷуман муҳтарам Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон интихоб гардиданд. Солҳои зиёд Анҷумани «Пайванд» бо марказҳои мадании тоҷикон, ба монанди Эрон, Афғонистон, Русия, Амрико, Қирғизистон, Узбекистон, Туркманистон, Казоқистон, Фаронса, Инглистон, Олмон, Шветсия, Канада, Норвегия, Покистон, Ҳиндустон робита пайдо кард.
Мавриди зикр аст, ки дар шеърҳои офаридаи шодравон беҳтарин тавсифи модару дилдор, сарзамину меҳан ва зеботарин тасвиру таъбирҳо аз ширинӣ, пастиву баландии рўзгор ба ҳам омадаанд. Ишқу муҳаббати шоир ба модараш боиси тавлиди даҳҳо шеъри нағзаш буда, ки баъдан дар маҷмуаи «Модарнома» ҷамъ омада, маҳбуби ҳар хонадон шудааст.
Сад ҷону дил фидои як муддаои модар,
Фатҳу кушоиш орад дасти дуои модар ,
Бишнид гар садоям дунёи сахтгӯшон
Ангезаест шояд, аз аллаҳои модар.
Мероси адабии шоир баҳри беканорро мемонад. Дар ашъори Лоиқ мафҳуми Ватан хеле барҷост, ки он аз шири поки модар, аз сангу кўҳу хоки диёр оғоз шуда, бо мафҳуми ягонаи он - Тоҷикистони маҳбуби соҳибистиқлол алоқаманд аст. Эҳсоси худшиносӣ, ифтихори миллӣ ва масъулиятшиносии ватандорӣ дар ашъори Лоиқ ҷойи махсуси худро дорад.
Ватан сар мешавад аз гоҳвора,
Зи шири поку аз пистони модар,
Ватан сар мешавад аз он тавора,
Ки онро сохта дастони модар.
Хулоса, устод Лоиқ Шералӣ аз зумраи он шоироне мебошад, ки дар шеъру адаби форсизабонон мақому мартабаи ниҳоят баланду беназиреро касб намудааст.
Нигина СИРОҶОВА -
н.и.ф., дотсенти кафедраи забони тоҷикӣ
Тоҷ
Рус
Eng