ҲАМКОРИҲОИ ИҚТИСОДИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН БО КИШВАРҲОИ ИДМ
“Тоҷикистон дар заминаи сиёсати хориҷии “дарҳои кушода” ва таҷрибаи ҳамкории беш аз се даҳсола бо кишварҳои Аврупо, Амрико, Осиё, Ховари Миёна ва давлатҳои дигар қитъаҳои дунё омодагии хешро ҷиҳати идомаи таҳкими муносибатҳои гуногунҷабҳа бо онҳо ҳам дар сатҳи дуҷониба ва ҳам дар қолабҳои бисёрҷониба изҳор мекунад.
Бо ин мақсад, мо аз тавсеаи робитаҳо, бахусус, дар самтҳои рушди “иқтисоди сабз”, ҳифзи муҳити зист, технологияҳои навин, ҷалби сармоя ва тиҷорат истиқбол менамоем”.
Эмомалӣ РАҲМОН
Санаи 11 майи соли равон бо ибтикороти муштараки кафедраи иқтисодиёти ҷаҳони факултети муносибатҳои иқтисодиёти байналмилалӣ ва раёсати илм ва инноватсия дар Донишгоҳи давлатии молия ва иқтисоди Тоҷикистон семинари байналмилалии илмӣ-амалӣ дар мавзуи “Ҳамкориҳои иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо кишварҳои Иттиҳоди давлатҳои мустақил” доир гардид, ки ба 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва 30-солагии ДДМИТ бахшида шуд.
Семинарро муовини ректор оид ба илм ва инноватсия Қутбиддин Муқимов ифтитоҳ намуда, изҳор дошт, ки равобити иқтисодии кишварҳои узви Итиҳоди давлатҳои мустақил давоми солҳои соҳибистиқлолӣ дар заминаи шарикии боэътитмод рушду инкишоф ёфта, беш аз пеш такмил меёбанд. Иттиҳоди мазкур пас аз пароканда шудани Иттиҳоди Шуравӣ яке аз калонтарин созмони минтақавию байналхалқӣ ба ҳисоб рафта, моҳи декабри соли 1991 бо мақсади мусоидат ба раванди ҳалли муҳимтарин масъалаҳои дар марҳалаи ташаккули давлатҳои мустақил ва ҳифзи манфиатҳои миллии кишварҳо таъсис дода шудааст. ИДМ дар марҳалаи кунунӣ ба сифати фароҳам овардани фазои мусоид ҷиҳати таҳкими муколамаҳо байни кишварҳои узв дар баррасии муҳимтарин масъалаҳои иқтисодӣ фаъолият мекунад. Давоми беш аз се даҳсола робитаҳои иқтисодӣ байни кишварҳои ИДМ пайваста густариш ёфта, ҳиссаи гардиши тиҷорати хориҷӣ афзоиш ёфта истодааст, ки он дар доираи иқтидор ва зарфиятҳои ҷойдошта ҷиҳати беҳтар гардидани сатҳу сифати зиндагии мардум ва таъмини устувории нишондиҳандаҳои макроиқтисодӣ заминаи мусоид гузошта метавонад.
Дар идома доктори илмҳои иқтисодӣ, профессори кафедраи иқтисодиёти ҷаҳони ДДМИТ Метархон Содиқов дар маърузаи худ таҳти унвони “Афзалиятҳои ҳамгироии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар паҳнои ИДМ” зикр кард, ки Тоҷикистон ҳамчун узви фаъоли Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил аз имкониятҳои ҳамгироӣ ҷиҳати таҳкими иқтисоди миллӣ ва густариши муносибатҳои байналмилалӣ ба таври кофӣ истифода мебарад. Зеро ИДМ барои Тоҷикистон бозори васеи содиротӣ фароҳам меорад. Аз ин рӯ, муносибатҳои тиҷоратӣ бо кишварҳои узв ба афзоиши гардиши мол, содироти маҳсулоти ватанӣ ва воридоти технологияву таҷҳизоти зарурӣ мусоидат мекунад. Ин аст, ки ҳамгироӣ дар доираи ИДМ ҷалби сармояи хориҷӣ, татбиқи лоиҳаҳои муштарак ва рушди инфрасохтори иқтисодиро осон менамояд. Ин раванд ба таъсиси ҷойҳои нави корӣ ва баланд гардидани рақобатпазирии иқтисоди миллӣ замина мегузорад.
Гуфта шуд, ки ширкат дар сохторҳои ИДМ ба Тоҷикистон имкон медиҳад, ки мавқеи худро дар масъалаҳои муҳими минтақавӣ ва байналмилалӣ мустаҳкам намуда, манфиатҳои миллиро ҳимоя кунад.
Дар маҷмуъ, ҳамгироии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар паҳнои ИДМ яке аз омилҳои муҳими таҳкими суботи иқтисодӣ, рушди устувор ва таҳкими мавқеи байналмилалии кишвар ба ҳисоб меравад.
Меҳмони семинари илмӣ-амалӣ номзади илмҳои иқтисодӣ, дотсент, мудири кафедраи баҳисобгирии муҳосибӣ, таҳлил ва аудити Донишгоҳи миллии аграрии Қирғизистон Жолдошбекова Сейилхан Джолдубаевна дар мавзуи “Рушди муносибатҳои тиҷоративу иқтисодӣ миёни Қирғизистону Тоҷикистон” маъруза намуда, аҳамияти масъалаи мазкурро ба он вобаста донист, ки ҳамкории иқтисодии Ҷумҳурии Қирғизистон дар доираи Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил омили муҳими рушди устувори кишвар мебошад. Дар шароити ҷаҳонишавӣ ва ҳамгироии минтақавӣ ҳамкории Давлатҳои Осиеи Марказӣ аҳамияти махсус пайдо мекунад. Таҳкими робитаҳои иқтисодӣ бо кишварҳои ҳамсоя, аз ҷумла Ҷумҳурии Тоҷикистон ба рушди тиҷорат, фаъолияти сармоягузорӣ, инфрасохтори нақлиётӣ ва ҳамкории энергетикӣ мусоидат мекунад.
Маърузакунанда аз баъзе мушкилоти монеи рушди муносибатҳои тиҷоративу иқтисодии байни Ҷумҳурии Қирғизистон ва Ҷумҳурии Тоҷикистон, аз қабили зарурати навсозии инфрасохтори нақлиётӣ ва логистикӣ, нигоҳ доштани мушкилоти алоҳидаи гумрукӣ ва маъмурӣ ҳангоми савдо, сатҳи нокифояи сармоягузории мутақобила ва лоиҳаҳои муштарак, зарурати густариши ҳамкорӣ дар соҳаи обу энергетика, ҳаҷми маҳдуди гардиши мол дар муқоиса бо потенсиали мавҷуда, таъсири омилҳои иқтисодии хориҷӣ ба суръати рушди ҳамкорӣ ва зарурати тақвияти робитаҳои корӣ байни минтақаҳои ду кишвар ном бурд, ки дар сурати ҳалли саривақтии онҳо ба пешрафти ҳамкориҳо мусоидати бештар менамоянд.
Зикр гардид, ки дар маҷмуъ, муносибатҳои тиҷоративу иқтисодӣ байни Ҷумҳурии Қирғизистон ва Ҷумҳурии Тоҷикистон, сарфи назар аз монеаҳо ва маҳдудиятҳои инфрасохторӣ, барои рушди устувор имкон доранд. Дар сурати татбиқи пайвастаи тадбирҳо оид ба сода кардани савдо, рушди логистика ва таҳкими ҳамкории институтсионалӣ имкон дорад, ки самаранокии ҳамкорӣ баланд бардошта шавад ва ҳаҷми савдои мутақобила зиёд карда шавад. Дар умум, бо рафъи пайвастаи монеаҳои мавҷуда ва таҳкими заминаи институтсионалӣ, муносибатҳои тиҷоративу иқтисодии дуҷониба баҳри рушди устувор иқтидори назаррас доранд.
Сипас, номзади илмҳои ҳуқуқшиносӣ, дотсенти Донишгоҳи тадқиқотии агротехникии Қазоқистон ба номи С. Сейфуллинаи Пажуҳишгоҳи тиҷорат ва технологияҳои рақамӣ Кожахметова Айгул Есеновна тариқи маҷозӣ баромад намуд. Мавзуи суҳбати номбурда “Баъзе масъалаҳои таҳкими ҳамкориҳои тиҷоратӣ дар фазои ИДМ” ро дар бар мегирифт.
Айгул Кожахметова зимни баромади хеш изҳор дошт, бархе масъалаҳои таҳкими ҳамкориҳои тиҷоратӣ дар фазои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил имрӯз ба яке аз самтҳои муҳими рушди иқтисодии кишварҳои узв табдил ёфтаанд. Дар шароити ҷаҳонишавӣ ва рақобати шадиди иқтисодӣ, густариши ҳамкориҳои тиҷоратӣ миёни давлатҳои ИДМ метавонад ба рушди бозорҳои минтақавӣ, афзоиши гардиши мол ва таҳкими амнияти иқтисодӣ мусоидат намояд.
Яке аз масъалаҳои асосӣ ҳанӯз мавҷуд будани баъзе маҳдудиятҳои гумрукӣ, тарифӣ ва техникӣ байни кишварҳои ИДМ мебошад. Содасозии расмиёти гумрукӣ, ҳамоҳангсозии меъёрҳо ва коҳиши монеаҳои маъмурӣ метавонад ба рушди савдои мутақобила такони ҷиддӣ бахшад.
Гуфта шуд, ки таҳкими ҳамкориҳои тиҷоратӣ бидуни инфрасохтори муосири нақлиётӣ имконнопазир аст. Барои кишварҳои минтақа, бахусус Тоҷикистон рушди роҳҳои оҳан, шоҳроҳҳо, марказҳои логистикӣ ва долонҳои транзитӣ аҳамияти стратегӣ дорад. Ҳамчунин, дар фазои ИДМ масъалаи рақамикунонии савдо ва хизматрасониҳо аҳамияти бештар пайдо кардааст. Ҷорӣ намудани низомҳои электронии пардохт, савдои электронӣ ва ҳуҷҷатгузории рақамӣ метавонад раванди ҳамкориҳои иқтисодиро осон ва шаффоф гардонад.
- Таҳкими ҳамкориҳои тиҷоратӣ дар фазои ИДМ барои ҳамаи кишварҳои узв аҳамияти калидӣ дорад. Ин раванд метавонад ба рушди устувори иқтисодӣ, баланд шудани рақобатпазирии маҳсулоти ватанӣ ва густариши робитаҳои минтақавӣ мусоидат намуда, заминаи боэътимоди рушди ояндаро фароҳам созад, - маърузаашро хулосабарори кард олими қазоқ.
Дар фароварди ҳамоиш устодону омӯзгорони донишгоҳ доктори илмҳои иқтисодӣ, профессор Шермуҳаммад Ҷонмаҳмадов, декани факултети фаъолияти гумрукӣ ва амнияти иқтисодӣ Мастура Буриева, декани факултети муносибатҳои иқтисодии байналмилалӣ Фахриддин Убайдов ва мудири кафедраи иқтисодиёти ҷаҳон Садриддин Шарифов ба музокира баромада, изҳор намуданд, ки густариш ва таҳкими муносибатҳо бо кишварҳои Осиёи Марказӣ, чун анъана дар асоси дӯстиву эътимод, ҳусни ҳамҷаворӣ ва ҳамкории судманд ба роҳ монда шуда, ба иҷрои ҳадафу вазифаҳо, ҳамчунин, рафъи мушкилоти муштарак равона гардидаанд.
Умед ва хушбинӣ карда шуд, ки ин ҳама тадбиру чораандешиҳо ва ҳамкориҳои мақсаднок заминаи воқеии рушди ҳамгироии минтақавӣ гашта, инъикосгари манфиати мутақобила, ҳалли дастҷамъонаи мушкилиҳои умумӣ, афзоиши мубодилаи иқтисодию фарҳангӣ ва болоравии сатҳи зиндагии сокинон дар паҳнои ИДМ мегардад.
Ёдовар мешавем, ки семинари илмӣ-амалӣ таҳти унвони “Ҳамкориҳои иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо кишварҳои Иттиҳоди давлатҳои мустақил” давоми рӯз дар бахшҳо ва 12 май ба шакли “Мастер-классҳо” ва инчунин. дар доираи лоиҳаи донишгоҳии “Профессори даъватӣ” идома хоҳад ёфт.
Маҳмадалӣ ОЧИЛДИЕВ
Тоҷ
Рус
Eng