31 августи соли равон дар толори фарҳангии Донишгоҳи давлатии молия ва иқтисоди Тоҷикистон бахшида ба Рӯзи дониш ҳамоиш таҳти унвони «Нақши маориф ва илм дар ташаккули давлатдории миллӣ» баргузор гардид. Дар ҳамоиш муовини аввали Вазири молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон Маҷидӣ Юсуф Хайрулло, роҳбарияти донишгоҳ, профессорону омӯзгорон ва донишҷӯён иштирок намуданд.

Нахуст, муовини аввал, муовини ректори ДДМИТ оид ба таълим Саидакмал Мирсаидов ҳозиринро ба муносибати оғози соли нави таҳсили 2026-2027 ва Рӯзи дониш табрик намуда, иброз дошт, ки таҷлили ҳамасолаи Рӯзи дониш нишонаи таваҷҷуҳи пайвастаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба рушди илму маориф ва эҳтироми аҳли илму маърифат мебошад.

Номбурда дар бораи нақши маориф ва илм дар рушди давлатдории миллӣ, баланд бардоштани сатҳи маърифати ҷомеа ва омодасозии кадрҳои ҷавобгӯ ба талаботи замони муосир андешаронӣ намуда, ба донишҷӯён дар соли нави таҳсил муваффақият ва дастовардҳои назаррас орзу кард.

Таъкид гардид, ки бо ташаббус ва талошҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Донишгоҳи давлатии молия ва иқтисоди Тоҷикистон ҷиҳати баланд бардоштани сатҳи таълиму тарбия, рушди корҳои илмӣ-таҳқиқотӣ ва такмили заминаи моддию техникии муассиса таваҷҷуҳи хоса зоҳир карда мешавад.

Сипас, муовини аввали Вазири молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон Маҷидӣ Юсуф Хайрулло аз номи Ҳукумати мамлакат устодону донишҷӯёнро ба муносибати Рӯзи дониш табрик намуда, таъкид кард, ки ин сана дорои аҳамияти бузурги таърихию тарбиявӣ мебошад.

Дар солҳои соҳибистиқлолӣ дар кишвар соҳаи илму маориф пайваста рушд намуда, барои таълиму тарбияи насли наврас ва ҷавон шароити мусоид фароҳам оварда шудааст. Аз ҷумла, сиёсати сулҳҷӯёна ва маорифпарваронаи Пешвои миллат дар таҳкими ваҳдати миллӣ ва рушди устувори кишвар нақши муҳим дорад.

Дар идомаи ҳамоиш профессори ДДМИТ Рустам Раҳматзода баромад намуда, оид ба нақши маориф ва илм дар рушди давлатдорӣ, аҳамияти сулҳу ваҳдати миллӣ ва зарурати омодасозии мутахассисони соҳибкасб андешаронӣ кард. Р. Раҳматзода дар идома зикр намуд, ки барои рушди соҳаи маориф маблағҳои назарраси буҷети давлатӣ равона гардида, ин иқдом ба баланд бардоштани сифати таҳсил ва фароҳам овардани имкониятҳои бештар барои ҷавонон мусоидат менамояд.

Дар фарҷоми ҳамоиш таъкид гардид, ки сулҳу субот, истиқлолияти давлатӣ, рушди илму маориф ва омодасозии кадрҳои баландихтисос аз омилҳои муҳими таҳкими давлатдории миллӣ ва таъмини ояндаи неки Тоҷикистон ба ҳисоб мераванд.

Шуъбаи иттилоот ва нашрия