ҲАМОИШИ ИДОНА БАХШИДА БА 35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ
Санаи 3 сентябри соли равон дар Донишгоҳи давлатии молия ва иқтисоди Тоҷикистон чорабинии сиёсӣ ба муносибати таҷлили 35-умин солгарди Истиқлоли давлатӣ бо иштироки Нилуфар Имомзода ва Наима Солеҳзода - вакилони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, роҳбарияти донишгоҳ, омӯзгорону донишҷӯён доир гардид. Дар ҳамоиш доир ба аҳамияти истиқлолият, дастовардҳои даврони соҳибистиқлолӣ, нақши ҷавонон дар рушди давлат ва ҳифзи арзишҳои миллӣ андешаронӣ намуданд.
Нахуст, муовини аввал, муовини ректор оид ба таълим Саидакмал Мирсаидов ҳозиринро ба муносибати ин ҷашни умумимиллӣ табрику муборакбод намуда, иброз дошт, ки истиқлолият барои мардуми Тоҷикистон имкон фароҳам овард, то давлатдории миллӣ таҳким ёфта, иқтисодиёт рушд кунад, сатҳи зиндагии аҳолӣ беҳтар гардад ва барои рушди илму маориф, фарҳанг ва дигар соҳаҳои ҳаёти ҷомеа заминаҳои мусоид фароҳам оварда шаванд.
Номбурда доир ба дастовардҳои Тоҷикистон дар роҳи таъмини рушди устувори кишвар суханронӣ намуда, таъкид сохт, ки дар солҳои соҳибистиқлолӣ барои фароҳам овардани шароити мусоиди зиндагии шоистаи мардум тадбирҳои пайваста амалӣ гардида, сатҳи камбизоатӣ коҳиш ёфта, инфрасохтори иҷтимоиву иқтисодии кишвар ба таври назаррас рушд кард.
С. Мирсаидов ба нақши ҷавонон дар идомаи ин раванд таваҷҷуҳ намуда, таъкид кард, ки насли ҷавон бояд аз дастовардҳои кишвар огоҳ бошад, арзиши истиқлолиятро дарк намояд ва бо ҳисси баланди масъулиятшиносӣ барои пешрафти Ватан саҳм гузорад.
Дар идомаи мантиқии ин суханон Нилуфар Имомзода дар бораи сулҳу суботи ҷовидона ва Истиқлоли давлатӣ ҳамчун муҳимтарин дастоварди миллати тоҷик суханронӣ кард.
Қайд гардид, ки истиқлолият барои миллати тоҷик арзиши олӣ ва заминаи асосии эҳёи давлатдории миллӣ мебошад. Маҳз дар заминаи соҳибистиқлолӣ имкон фароҳам омад, ки Тоҷикистон ҳамчун давлати мустақил дар арсаи байналмилалӣ мақоми шоистаи худро пайдо намояд.
Нақши Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар таҳкими пояҳои давлатдорӣ ва ҳифзи истиқлолият муҳим арзёбӣ гардид. Таъкид шуд, ки солҳои аввали соҳибистиқлолӣ барои Тоҷикистон давраи ниҳоят душвор ва пур аз мушкилоту озмоишҳо буд. Дар чунин шароит ҳифзи якпорчагии кишвар, барқарор намудани сулҳу субот ва таҳкими давлатдорӣ аз ҷумлаи вазифаҳои муҳим ба ҳисоб мерафт. Маҳз тавассути талошҳои пайвастаи Роҳбари давлат ва дастгирии мардуми кишвар сулҳу субот дар ҷомеа таъмин гардида, барои рушди минбаъдаи иқтисодиву иҷтимоии Тоҷикистон заминаи устувор гузошта шуд.
Ба андешаи Нилуфар Имомзода, истиқлолияти сиёсиро бе рушди иқтисодӣ тасаввур кардан ғайриимкон аст. Рушди иқтисоди миллӣ, таъсиси ҷойҳои нави корӣ, беҳтар намудани сатҳи зиндагии мардум ва рушди инфрасохтор аз омилҳои муҳими таҳкими истиқлолияти давлатӣ мебошанд.
Нилуфар Имомзода ҷавононро ба дарки дурусти рисолати худ дар назди Ватан даъват намуда, таъкид кард, ки насли ҷавон бояд бо истифода аз имкониятҳои фароҳамомада дониш омӯзад, касбу ҳунар аз худ кунад ва барои ободиву пешрафти Тоҷикистон саҳми арзандаи худро гузорад.
Дар идомаи ҳамоиш Наима Солеҳзода оид ба сиёсати хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ташаббусҳои кишвар дар арсаи байналмилалӣ, бахусус дар масъалаи ҳифзи захираҳои об ва пешбурди рӯзномаи ҷаҳонии об суханронӣ намуд.
Зикр гардид, ки Тоҷикистон дар солҳои соҳибистиқлолӣ дар сиёсати хориҷӣ ташаббусҳои муҳими байналмилалиро пешниҳод намуда, дар ҳалли масъалаҳои мубрами ҷаҳонӣ, аз ҷумла масъалаҳои вобаста ба обу иқлим, саҳми назаррас мегузорад.
Дар баробари ин, ба татбиқи ҳадафҳои стратегии кишвар, рушди захираҳои инсонӣ ва омода намудани кадрҳои баландихтисос таваҷҷуҳи махсус зоҳир гардид. Рушди илму маориф, баланд бардоштани сатҳи маърифатнокии аҳолӣ ва фароҳам овардани шароити мусоид барои таълиму тарбияи насли наврас аз самтҳои афзалиятноки сиёсати давлатӣ арзёбӣ шуд.
Наима Солеҳзода изҳори боварӣ намуд, ки мардуми Тоҷикистон бо дарки масъулияти шаҳрвандӣ ва эҳсоси баланди ватандӯстӣ минбаъд низ дар атрофи Пешвои миллат муттаҳид шуда, барои таҳкими сулҳу субот ва рушди устувори кишвар саҳми худро мегузоранд.
Дар идома муовини ректор оид ба илм ва инноватсияи ДДМИТ Қутбиддин Муқимзода ба дастовардҳои ҷавонони тоҷик дар соҳаи илму маориф ва иштироки фаъоли онҳо дар олимпиадаву озмунҳои байналмилалӣ таваҷҷуҳ намуд: “Имрӯз ҷавонони кишвар дар озмунҳои сатҳи байналмилалӣ фаъолона иштирок намуда, бо донишу истеъдод ва дастовардҳои худ номи Тоҷикистонро муаррифӣ мекунанд. Дастгирии ҷавонони соҳибистеъдод ва фароҳам овардани шароити мусоид барои рушди неруи зеҳнии онҳо яке аз самтҳои муҳими сиёсати давлатӣ мебошад, - гуфт баромадкунанда.
Дар ин замина, аз такя ба ҷавонон ҳамчун неруи асосии пешбарандаи ҷомеа ёдоварӣ шуда, зарурати истифодаи самараноки имкониятҳои муосири технологӣ таъкид гардид. Ҳамчунин, доир ба ташаббусҳои байналмилалӣ дар самти истифодаи зеҳни сунъӣ ва қабули қатъномаи дахлдор дар ин самт сухан гуфт.
Мудири кафедраи ҳуқуқи иқтисодӣ ва молиявии ДДМИТ Ҷамрод Бобозода бошад, аз шароити имрӯзаи илмомӯзӣ ва имкониятҳои фароҳамомада барои ҷавонон бо ифтихор ёдовар шуд.
Дар замони соҳибистиқлолӣ соҳаи илму маориф пайваста рушд намуда, барои ҷавонон ҷиҳати таҳсил, омӯзиши илмҳои муосир ва рушди истеъдоду қобилиятҳои онҳо имкониятҳои нав фароҳам омадаанд.
Дар идомаи суханронӣ ба рушди қонунгузории кишвар низ таваҷҷуҳ зоҳир гардид. Қайд карда шуд, ки дар давраи соҳибистиқлолӣ муносибатҳои нави ҷамъиятӣ, иқтисодӣ ва иҷтимоӣ ба вуҷуд омада, барои танзими онҳо заминаҳои ҳуқуқии зарурӣ ташаккул ва такмил дода шуданд. Қонунгузории миллӣ ҳамчун асоси танзими муносибатҳои ҷомеа ва таҳкими давлатдории ҳуқуқбунёд пайваста рушд меёбад.
Ҳамчунин зикр гардид, ки раванди созандагиву ободонӣ дар кишвар бо суръати баланд идома дошта, ҳамарӯза иншооти нави иҷтимоӣ ва иқтисодӣ ба истифода дода мешаванд.
Дар фарҷоми ҳамоиш таъкид гардид, ки ҷавонон ҳамчун ворисони арзандаи давлат ва миллат бояд аз таърихи навини кишвар, дастовардҳои даврони истиқлол ва арзишҳои миллӣ огоҳ бошанд. Онҳо бояд рисолати худро дар назди Ватан дарк намуда, бо дониш, меҳнат, масъулиятшиносӣ ва ҳисси баланди ватандӯстӣ барои ободии Тоҷикистони соҳибистиқлол саҳми арзандаи худро гузоранд.
Шуъбаи иттилоот ва нашрия
Тоҷ
Рус
Eng