ҶАВОНӢ МЕХУРӮШАД МИСЛИ ДАРЁ
Бахшида ба Рӯзи ҷавонони Тоҷикистон 19-уми майи соли равон дар саҳни бинои таълимии донишгоҳ базми фарҳангиву фароғатии донишҷӯёни факултети фаъолияти гумрукӣ ва амнияти иқтисодӣ ва факултети иқтисоди рақамӣ ва технологияҳои инноватсионӣ доир гардид.
Нахуст, муовини ректор оид ба тарбия Шаҳноза Ғафорова иброз дошт, ки таҷлили Рӯзи ҷавонон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон яке аз ҷашнҳои муҳиму дӯстдоштании мардуми кишвар ба ҳисоб рафта, ҳамасола 23-юми май баргузор мегардад. Ин рӯз ба ҷавонон бахшида шудааст, зеро ҷавонон неруи бузург, идомадиҳандаи наслҳо ва ояндасозони давлату миллат мебошанд.
Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҷавонон таваҷҷуҳи махсус зоҳир намуда, барои таҳсил, рушди илм, варзиш ва сайқали истеъдоди онҳо тамоми шароити заруриро фароҳам овардааст.
Ҳамчунин, таъкид шуд, ки ҷавонон дар пешрафти ҳар як давлат нақши муҳим доранд. Ояндаи мамлакат аз дониш, ҷаҳонбинӣ ва фаъолияти ҷавонон вобастагии калон дорад. Агар ҷавонон соҳибмаърифат, боодоб ва меҳнатдӯст бошанд, ҷомеа низ рушд мекунад. Аз ин рӯ, имрӯз дар Тоҷикистон ба таълиму тарбияи ҷавонон диққати махсус дода мешавад. Мактабҳо, донишгоҳҳо, марказҳои илмӣ ва варзишӣ барои тарбияи ҷавонони босаводу фаъол хизмат менамоянд.
Дар идомаи чорабинӣ зикр гардид, ки ҳамасола дар саросари кишвар бахшида ба Рӯзи ҷавонони Тоҷикистон барномаҳои фарҳангӣ, озмунҳо, вохӯриҳо ва мусобиқаҳои варзишӣ баргузор шуда, ҷавонони фаъолу соҳибистеъдод бо мукофот ва сипосномаҳо қадрдонӣ карда мешаванд.
Сипас, ба даҳ нафар донишҷӯи ҳар ду факултет барои дониши хубу аъло ва рафтори намунавӣ сипосномаҳо тақдим карда шуданд.
Аз ҷониби донишҷӯён сурудҳо дар васфи Ватан, ҷавонӣ ва дӯстиву ваҳдат пешкаши ҳозирин гардида, дастаи ҳунарӣ бо созу наво ва таронаҳои дилошӯб хотири иштирокчиёнро болида намуд.
Тағоймурод ЭШЗОДА
Тоҷ
Рус
Eng