25 ноябри соли равон тибқи нақшаи чорабиниҳои тасдиқгардида, бо иштироки намояндагони раёсати илм ва инноватсияи донишгоҳ, муовинони деканҳо оид ба илм ва робитаҳои байналмилалӣ, инчунин намояндагони шуъбаи кор бо ҷавонон ва варзиши донишгоҳ дар хобгоҳҳои №1 ва №2 вохӯрию суҳбатҳо доир гардиданд.

Дар чорабинӣ сардори раёсати илм ва инноватсия Ҷовидон Халифазода, сармутахассиси раёсат Манучеҳр Зарипов, муовини декан оид ба илм ва робитаҳои байналмилалии факултети молия ва қарзи донишгоҳ Ҷонибек Зубайдов, сардори шуъбаи кор бо ҷавонон ва варзиши донишгоҳ Ҷамолиддин Мирзоев ва мутахассиси шуъбаи мазкур Ҷамшед Нуров иштирок ва суханронӣ намуданд.

Ҳангоми боздид аз хобгоҳҳои донишгоҳ бо донишҷӯён оид ба масъалаҳои муҳими рӯз, аз ҷумла пешгирии терроризм ва ифротгароӣ, истифодаи дурусту самараноки зеҳни сунъӣ, риояи тартиботи дохилӣ, қадршиносӣ аз шароити фароҳамовардаи донишгоҳ ва шукргузорӣ аз имкониятҳои мавҷуда суҳбатҳои судманд анҷом дода шуданд.

Ҳамзамон, дар доираи чорабиниҳои раёсати мазкур масъалаи баргузории озмуни донишҷӯии «Лоиҳаи беҳтарини инноватсионӣ барои беҳтар намудани муҳити хобгоҳ» эълон гардид, ки охири соли хониш ҷамъбаст гардида, ғолибон мавриди қадрдонӣ қарор мегиранд. Ҳадафи озмун ҷалби донишҷӯён ба пешниҳоди ғояву ташаббусҳои навоварона, рушди тафаккури эҷодӣ ва фароҳам овардани муҳити мусоиди зисту таҳсил дар хобгоҳҳо мебошад.

Дар фарҷоми боздид таъкид гардид, ки донишҷӯён бояд аз шароити фароҳамгардида самаранок истифода намуда, дар ободонӣ, тозагӣ ва беҳтар намудани муҳити хобгоҳ саҳми фаъол гузоранд.

 

Шуъбаи иттилоот ва нашрия