Бо мақсади иҷрои Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 6 марти соли 2026 таҳти №1145 «Дар бораи Нақшаи чорабиниҳои амалисозии Стратегияи давлатии муқовимат ба коррупсия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030 дар марҳилаи дуюм (солҳои 2026-2030)» дар ДДМИТ ҷаласа доир гардид.

Чорабинӣ дар доираи пешниҳоди Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 9 апрели соли 2026 таҳти №1.1-11/1028 баргузор шуда, ба масъалаҳои пешгирии амалҳои коррупсионӣ ва баланд бардоштани маърифати ҳуқуқии ҷомеа бахшида шуд.

Ҷаласа рӯзи 1 майи соли равон дар толори конфронсии донишгоҳ бо иштироки ҳайати омӯзгорон ва кормандони донишгоҳ бо иштироки намояндагони Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон Раҳмонзода Фаромарз ва Файзиддин Ҳусейнзода иштирок ва суханронӣ намуданд.

Зимни баромад намояндагони агентӣ таъкид карданд, ки яке аз омилҳои асосии паҳншавии коррупсия паст будани маърифати ҳуқуқии шаҳрвандон, сатҳи нокифояи зиндагии мардум ва омода набудани ҷомеа ба муносибатҳои иқтисоди бозорӣ мебошад. Ба гуфтаи онҳо, надонистани қоидаҳои иқтисоди бозаргонӣ ва фарҳанги ҳуқуқӣ дар баъзе мавридҳо барои ба вуҷуд омадани омилҳои коррупсионӣ замина фароҳам меорад.

Бо ташаббуси Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон як қатор ислоҳоти ҳуқуқӣ амалӣ гардида, санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ барои тақвияти мубориза бар зидди коррупсия қабул шуданд.

Дар ҷараёни ҷаласа таъкид гардид, ки мубориза бо коррупсия танҳо вазифаи мақомоти масъул набуда, балки рисолати тамоми ҷомеа мебошад. Коршиносон чанд самти муҳими муқовимат ба коррупсияро шарҳ доданд. Аз ҷумла, таъмини шаффофият ва ҳисоботдиҳӣ дар фаъолияти сохторҳои давлатӣ, таҳкими низоми адолати судӣ, баланд бардоштани музди меҳнат ва ҳифзи иҷтимоии кормандони давлатӣ, густариши маърифати зиддикоррупсионӣ миёни ҷавонон ва истифодаи технологияҳои рақамӣ дар идоракунии давлатӣ аз роҳҳои муассири коҳиши омилҳои коррупсионӣ арзёбӣ шуданд.

Дар фарҷоми ҷаласа миёни иштирокчиён мубодилаи афкор сурат гирифта, ба саволҳои ҳозирин посухҳои мушаххас дода шуданд. Намояндагони агентӣ ҳамаи иштирокчиёнро ба ҳамкории фаъол дар самти пешгирии амалҳои коррупсионӣ ва решакан намудани ин падидаи номатлуб даъват намуданд.

 

Тағоймурод ЭШЗОДА