Дар Донишгоҳи давлатии молия ва иқтисоди Тоҷикистон озмуни ҷумҳуриявии барномасозони ҷавон оғоз гардид

23 октябри соли 2026 дар Донишгоҳи давлатии молия ва иқтисоди Тоҷикистон озмуни ҷумҳуриявии «Беҳтарин барномасоз» ба кори худ оғоз бахшид, ки дар маросими ифтитоҳи он намояндагон аз БА ҶТ “Амонатбонк”, Бонки сармоягузорӣ ва қарзии Тоҷикистон, “Саноатсодиротбонк”, Бонки байналмилалии Тоҷикистон, Агентии инноватсия ва технологияҳои рақамии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, IT Парки Душанбе, Созмони ҷамъиятии маркази омӯзиши забонҳои барномасозии “Илмхона” 25 муассисаи таҳсилоти олии касбии кишвар, омӯзгорон, мутахассисони соҳаи технологияҳои иттилоотӣ ва донишҷӯёни соҳибистеъдод иштирок намуданд.

Бояд гуфт, ки озмун соли чорум аст, ки бо ташаббуси Донишгоҳи давлатии молия ва иқтисоди Тоҷикистон дар доираи татбиқи барномаи солҳои 2025-2030 - “Солҳои рушди иқтисоди рақамӣ ва инноватсия”, инчунин, “Бистсолаи омӯзиш ва рушди фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ дар соҳаи илму маориф” бо мақсади дарёфти ҷавонони лаёқатманд, рушди малакаҳои касбии барномасозӣ, тақвияти тафаккури эҷодию техникӣ ва дастгирии лоиҳаҳои инноватсионӣ баргузор мешавад.

Рушди иқтисоди рақамӣ аз дастгирии истеъдодҳои ҷавон оғоз меёбад

Зимни суханронӣ дар маросими ифтитоҳи озмун ректори Донишгоҳи давлатии молия ва иқтисоди Тоҷикистон Сатторзода Бобоҷон Абдуҷаббор сараввал ташрифи меҳмононро хайрамақдам гуфта, ҳамзамон, афзуд, ки дар шароити рушди босуръати технологияҳои иттилоотию коммуникатсионӣ ва рақамикунонии соҳаҳои гуногуни ҳаёти ҷомеа омода кардани мутахассисони соҳибкасб, эҷодкор ва дорои тафаккури нав аҳаммияти махсус дорад.

Ба таъкиди ректори ДДМИТ, иқтисоди рақамӣ имрӯз яке аз омилҳои муҳими рушди устувори иқтисодӣ, баланд бардоштани самаранокии идоракунӣ ва густариши имкониятҳои соҳибкорӣ ба шумор меравад. Дар ин раванд барномасозӣ, зеҳни сунъӣ ва технологияҳои инноватсионӣ на танҳо воситаи ҳалли масъалаҳои техникӣ, балки заминаи ташаккули ғояҳои нав ва фароҳам овардани имкониятҳои тозаи рушди иқтисодӣ мебошанд.

“Дастгирии ҷавонони соҳибистеъдод ва фароҳам овардани шароити мусоид барои татбиқи донишҳои назариявии онҳо дар амал яке аз самтҳои муҳими фаъолияти муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ мебошад. Озмуни ҷумҳуриявии “Беҳтарин барномасоз” имкон медиҳад, ки ҷавонон қобилияти эҷодӣ, сатҳи омодагии касбӣ ва маҳорати ҳалли масъалаҳои мураккабро нишон дода, барои татбиқи ғояҳои навоваронаи худ заминаи воқеӣ гузоранд”, - иброз дошт Бобоҷон Сатторзода.

Зикр гардид, ки баргузории чунин чорабиниҳо ба таҳкими робитаи илму маориф бо талаботи бозори меҳнат, рушди малакаҳои рақамии ҷавонон ва омода намудани мутахассисони рақобатпазир мусоидат мекунад.

Дар фароварди суханронии худ Бобоҷон Сатторзода ба иштирокчиён барору комёбӣ орзу намуда, изҳори итминон кард, ки озмун барои дарёфти истеъдодҳои нав, тақвияти ҳамкории байни донишгоҳҳо ва густариши фарҳанги навоварӣ заминаи мусоид фароҳам меорад.

Се номинатсия - як ҳадаф: кашфи истеъдодҳои нав

Сипас, муовини ректор оид ба илм ва инноватсия Муқимзода Қутбиддин  Мирзоҷон иштирокчиёнро бо шартҳои озмун шинос намуд. Тибқи барномаи озмун, сабқат имсол аз рӯйи се номинатсия: “Барномасозӣ”, “Лоиҳаи инноватсионӣ” ва “Зеҳни сунъӣ” баргузор мегардад.

Дар озмун намояндагони муассисаҳои таҳсилоти олии касбии ҷумҳурӣ иштирок намуда, маҳорати худро дар самтҳои гуногуни технологияҳои рақамӣ месанҷанд. Мувофиқи маълумоти пешниҳодшуда, барои ҳар муассиса иштироки то се довталаб: як нафарӣ дар ҳар номинатсия  пешбинӣ гардидааст.

Тавре Қутбиддин Муқимзода зикр намуд, ҳадафи асосии озмун танҳо муайян кардани ғолибон набуда, фароҳам овардани муҳити рақобати созанда, мубодилаи таҷриба, тақвияти тафаккури алгоритмӣ ва ҳавасманд намудани ҷавонон ба таҳияи маҳсулоти рақамии дорои аҳаммияти амалӣ мебошад. Зеро дар шароите ки технологияҳои рақамӣ тамоми соҳаҳои иқтисод, маориф, тандурустӣ, хизматрасонӣ ва идоракуниро фаро мегиранд, доштани донишҳои назариявӣ танҳо як қисми омодагии мутахассиси оянда ба ҳисоб меравад. Қобилияти таҳияи барнома, ёфтани роҳи ҳалли масъала, кор бо маълумот ва пешниҳод намудани ғояҳои нав маҳз ҳамон малакаҳоест, ки дар озмун мавриди санҷиш қарор мегиранд.

Се соат барои нишон додани дониш, маҳорат ва эҷодкорӣ

Ҳоло дар доираи шартҳои озмун иштирокчиён бояд дар муддати се соат супоришҳои амалиро иҷро намоянд. Вобаста ба номинатсия онҳо метавонанд барномаи хурди вебӣ ё мобилӣ таҳия кунанд, прототипи интерактивӣ созанд ё масъалаҳои пешниҳодшударо бо истифода аз забони интихобкардаи барномасозӣ ҳал намоянд.

Мувофиқи талаботи озмун, лоиҳаҳо метавонанд мавзуъҳои мубрами иқтисоди рақамӣ, аз ҷумла “Шаҳри ҳушманд”, “Маорифи рақамӣ” ва “Китобхонаи рақамӣ”-ро фаро гиранд. Дар ин замина, имкониятҳои зеҳни сунъӣ низ мавриди истифода қарор мегиранд.

Ҳамчунин, иштирокчиён метавонанд аз забони барномасозии интихобкардаи худ истифода баранд. Барои иҷрои супоришҳо дар компютерҳои озмунӣ бояд на камтар аз шаш забони барномасозӣ, аз ҷумла Pascal насб карда шавад. Чунин тарзи баргузорӣ имкон медиҳад, ки донишҷӯён на танҳо дониши азхудкардаи худро нишон диҳанд, балки қобилияти мустақилона фикр кардан, таҳлили масъала, интихоби алгоритми муносиб ва татбиқи амалии ҳалли пешниҳодшударо низ собит намоянд. Маҳз дар чунин муҳит фарқи байни донистани назарияи барномасозӣ ва истифодаи самараноки он дар амал равшан мегардад.

ДДМИТ - макони ташаббусҳои созанда ва рушди малакаҳои касбӣ

Донишгоҳи давлатии молия ва иқтисоди Тоҷикистон дар баробари омода намудани мутахассисони соҳаи молия, иқтисод, ҳисобдорӣ ва идоракунӣ ба рушди технологияҳои рақамӣ ва ташаккули малакаҳои касбии донишҷӯён низ таваҷҷуҳи хос зоҳир менамояд.

Баргузории озмуни ҷумҳуриявии «Беҳтарин барномасоз» идомаи мантиқии иқдомҳоест, ки барои тақвияти донишҳои амалӣ, дастгирии ташаббусҳои ҷавонон ва фароҳам овардани шароити мусоид барои татбиқи ғояҳои навоварона равона шудаанд.

Донишгоҳ дар баргузории озмунҳои ҷумҳуриявии соҳавӣ таҷрибаи ғанӣ дошта, аз ҷумла озмунҳои «Беҳтарин донандаи Кодекси андози Ҷумҳурии Тоҷикистон», «Беҳтарин донандаи Кодекси гумруки Ҷумҳурии Тоҷикистон», «Барномасози беҳтарин» ва олимпиадаи ҷумҳуриявии “Маърифат ва амнияти молиявӣ”-ро баргузор кардааст.

Бешакк, доир намудани чунин чорабиниҳо ҷиҳати мустаҳкам намудани робитаи донишҳои назариявӣ бо амалия, баланд бардоштани шавқу рағбати донишҷӯён ба омӯзиши фанҳои соҳавӣ ва ошкор намудани ҷавонони дорои қобилияти баланди зеҳнию эҷодӣ мусоидат менамоянд.

Бо назардошти ин ки имрӯз рушди иқтисоди рақамӣ аз сатҳи омодагии мутахассисон, қобилияти азхудкунии технологияҳои нав ва истифодаи самараноки имкониятҳои инноватсионӣ вобастагии амиқ дорад, биноан, дастгирии барномасозони ҷавон ва фароҳам овардани шароит барои татбиқи лоиҳаҳои онҳо на танҳо вазифаи муассисаҳои таълимӣ, балки саҳмгузорӣ баҳри ояндаи иқтисоди миллӣ мебошад.

Аз ҳамин лиҳоз, озмуни ҷумҳуриявии “Беҳтарин барномасоз” метавонад дар ин раванд барои иштирокчиён ба мактаби муҳими таҷриба, рақобати солим ва такмили маҳорати касбӣ табдил ёбад. Дар ин майдон ҷавонон имкон доранд, ки қобилияти худро санҷанд, аз таҷрибаи дигарон омӯзанд ва барои татбиқи ғояҳои нав қадамҳои нахустин гузоранд. Зеро ҳар як барномаи муфид, ҳар як ҳалли инноватсионӣ ва ҳар як ғояи нав метавонад дар оянда ба беҳтар шудани хизматрасонӣ, баланд гардидани самаранокии фаъолияти иқтисодӣ ва пешрафти ҷомеа мусоидат намояд.

Ҳаминак, озмуни ҷумҳуриявии «Беҳтарин барномасоз» дар Донишгоҳи давлатии молия ва иқтисоди Тоҷикистон ба кори худ оғоз бахшида, барои кашфи истеъдодҳои ҷавон ва таҳкими заминаи рушди технологияҳои рақамӣ дар кишвар имконияти нав фароҳам меорад. Дар давоми рӯз натиҷаҳои озмун дар асоси холҳои ҳайати ҳакамон, ки барои ҳар номинатсия алоҳида муқаррар гардидаанд, муайян шуда, ғолибон бо мукофотҳои молиявӣ, дипломҳо, туҳфаҳои хотиравӣ, ифтихорнома ва сипосномаҳо қадрдонӣ карда мешаванд.

 

Муҳаммадалӣ ОЧИЛДИЕВ