БОЗДИДИ ДОНИШҶӮЁН АЗ ТЕАТРИ МИЛЛИИ ТОҶИКИСТОН
22 октябри соли равон дар доираи нақшаи чорабиниҳои гурӯҳи академӣ ва кафедраи фаъолияти бонкии факултети молия ва қарзи донишгоҳ як гурӯҳ донишҷӯёни курси якуми ихтисоси 1-25010402 - кори бонкӣ бо роҳбарии сарпарасти гурӯҳ Сорбон Шарбатов аз Театри миллии Тоҷикистон боздид намуданд.
Театри миллии Тоҷикистон яке аз иншооти муҳими фарҳангии кишвар ба шумор рафта, бо тарҳи нодири меъморӣ, шароити муосир ва ороиши миллӣ таваҷҷуҳи бинандагонро ҷалб менамояд. Бунёди ин кохи фарҳангу ҳунар дар заминаи ташаббусҳои созанда дар самти рушди соҳаи фарҳанг амалӣ гардида, ба рушди санъати театрӣ ва таҳкими ҷойгоҳи фарҳанги миллӣ мусоидат менамояд.
Дар ҷараёни боздид донишҷӯён бо сохтори бино, толорҳои гуногун ва имконоти фарҳангии театр шинос шуданд. Инчунин, онҳо оид ба аҳаммияти театр дар ҳифзи арзишҳои миллӣ, тарғиби фарҳангу ҳунар ва рушди маънавиёти ҷомеа маълумот гирифтанд.
Боздиди мазкур барои донишҷӯён имконияти мусоид фароҳам овард, то дар баробари донишҳои назариявии дар раванди таълим азхуднамуда, ҷаҳонбинии фарҳангии худро васеъ намуда, ба арзишҳои таърихию фарҳангии миллати хеш эҳтироми бештар пайдо кунанд.
Шуъбаи иттилоот ва нашрия
Тоҷ
Рус
Eng