Мувофиқи нақшаи чорабиниҳои раёсати ташкилию тарбиявии донишгоҳ дар факултети иқтисоди рақамӣ ва технологияҳои инноватсионӣ бо мақсади баланд бардоштани ҳисси худшиносии миллӣ, эҳтиром ба забони давлатӣ, арҷгузорӣ ба арзишҳои миллӣ ва таҳкими фарҳанги маънавии донишҷӯён чорабинии сиёсӣ-тарбиявӣ дар мавзуи «Забон - пояи миллат» баргузор гардид.

Дар чорабинӣ декани факултет София Темурбекова, устоди кафедраи информатикаи амалӣ Суҳроб Эгамов, инчунин, сардори бахши кор бо ҷавонони донишгоҳ Ҷалолиддин Мирзоев ва донишҷӯёни факултет иштирок намуданд.

Чорабиниро декани факултет София Темурбекова ифтитоҳ намуда, оид ба ҷойгоҳ ва мақоми забони тоҷикӣ ҳамчун забони давлатӣ, нақши он дар ҳифзи ҳувияти миллӣ ва рушди фарҳанги ҷомеа андешаҳои худро баён намуд. Қайд гардид, ки забон яке аз муҳимтарин рукнҳои давлатдорӣ ва омили асосии нигоҳдории таъриху фарҳанги миллӣ ба ҳисоб меравад.

Сипас, устоди кафедраи информатикаи амалӣ Суҳроб Эгамов дар мавзуи мазкур баромад намуда, таъкид кард, ки забон василаи нигоҳдорӣ ва интиқоли арзишҳои таърихию фарҳангии миллат ба наслҳои оянда мебошад. Номбурда донишҷӯёнро ба дуруст истифода бурдани забони тоҷикӣ, риояи меъёрҳои забони адабӣ ва баланд бардоштани фарҳанги сухан даъват намуд.

Дар идомаи чорабинӣ сардори бахши кор бо ҷавонони донишгоҳ Ҷалолиддин Мирзоев оид ба масъулияти ҷавонон дар ҳифз ва рушди забони давлатӣ суханронӣ намуд. Таъкид гардид, ки ҷавонон ҳамчун қишри фаъоли ҷомеа бояд дар эҳтиром ва густариши забони тоҷикӣ саҳми арзанда гузоранд. Хусусан, дар шароити рушди босуръати технологияҳои иттилоотӣ истифодаи дурусту босаводи забони тоҷикӣ дар шабакаҳои иҷтимоӣ ва фазои маҷозӣ аҳамияти муҳим дорад.

Гуфта шуд, ки чорабиниҳои сиёсӣ-тарбиявӣ дар мавзуи забон барои баланд бардоштани фарҳанги забондонии донишҷӯён, ташаккули ҳисси масъулиятшиносӣ ва таҳкими мавқеи забони давлатӣ дар ҷомеа заминаи мусоид фароҳам меоранд.

 

Шуъбаи иттилоот ва нашрия