Дар доираи барномаи «Профессори даъватӣ» доктори илмҳои иқтисодӣ, профессор Родионов Д.Г. ба ДДМИТ ташриф оварда, дар мавзуи «Мактаби илмии иқтисодиёт ва инноватсияҳо дар саноат» барои донишҷӯёни курси чоруми ихтисосҳои факултети муносибатҳои иқтисодии байналмилалӣ дарс доир намуд.

Зимни дарс профессор масъалаҳои ташаккули мактабҳои илмии иқтисодӣ, нақши инноватсияҳо дар рушди саноат, татбиқи дастовардҳои илмӣ дар истеҳсолот ва аҳамияти навовариҳои технологиро дар баланд бардоштани рақобатпазирии иқтисодиёт мавриди баррасӣ қарор дод.

Ҳамчунин, ба донишҷӯён доир ба тамоюлҳои муосири рушди саноат, аҳамияти таҳқиқоти илмӣ дар равандҳои инноватсионӣ ва нақши сармоягузорӣ дар татбиқи технологияҳои нав маълумоти судманд пешниҳод гардид.

Дар фарҷоми дарс миёни профессор ва донишҷӯён мубодилаи афкор сурат гирифта, иштирокчиён ба саволҳои худ посухҳои мушаххас гирифтанд.

Ба андешаи масъулини ин ташаббус, баргузории чунин дарсҳои илмӣ дар доираи барномаи «Профессори даъватӣ» барои густариши донишҳои назариявию амалӣ, тақвияти тафаккури илмӣ-таҳқиқотии донишҷӯён ва шиносоии онҳо бо таҷрибаи муосири рушди иқтисодиёт заминаи мусоид фароҳам меорад.

 

Шуъбаи иттилоот ва нашрия