Боиси хушнудӣ ва ифтихор аст, ки донишҷӯи курси якуми ихтисоси 1-250103 - андоз ва андозбандии шуъбаи таҳсилоти фосилавии ДДМИТ Қодирова Фотима Ҷаъфаровна сазовори стипендияи Сафири Фавқулода ва Мухтори Ҷумҳурии Мардумии Чин дар Ҷумҳурии Тоҷикистон гардид.

Ин дастоварди назаррас бозгӯи донишандӯзӣ, кӯшишу талошҳои пайваста, масъулиятшиносӣ ва иродаи қавии донишҷӯ буда, ҳамзамон аз фароҳам будани имкониятҳои мусоид барои рушди неруи зеҳнии ҷавонон ва густариши ҳамкориҳои байналмилалӣ дар соҳаи маориф ва илм шаҳодат медиҳад.

Сазовор гардидан ба чунин стипендияи бонуфуз дастоварди арзишманди шахсии донишҷӯ ва мояи ифтихору сарфарозии тамоми ҳайати омӯзгорону донишҷӯёни донишгоҳ мебошад.

Раёсат ва ҳайати омӯзгорону донишҷӯёни донишгоҳ Фотима Қодироваро ба муносибати ин дастоварди шоиста самимона табрик гуфта, дар роҳи омӯзиши забонҳои хориҷӣ, густариши донишҳои касбӣ, анҷом додани таҳқиқоти илмӣ ва расидан ба қуллаҳои баланди илму маърифат барояш комёбиҳои нав ба нав орзу менамоянд.

 

Шуъбаи робитаҳои байналмилалӣ