ГӮШТИНГИРИ ДДМИТ СОҲИБИ ҶОЙИ ИФТИХОРӢ ГАРДИД
4-уми ноябри соли 2026 бахшида ба таҷлили Рӯзи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Маҷмааи варзишии шаҳри Душанбе Чемпионати шаҳри Душанбе оид ба гӯштингирӣ миёни ҷавонони солҳои таваллудашон 2006–2009 баргузор гардид.
Дар мусобиқаи мазкур намояндаи Донишгоҳи давлатии молия ва иқтисоди Тоҷикистон Муҳаммадсафо Мирзосафарзода, донишҷӯи курси якуми факултети иқтисоди рақамӣ ва технологияҳои иттилоотӣ дар вазни то 55 кг бо нишон додани маҳорати баланди варзишӣ ва иродаи қавӣ сазовори ҷойи сеюм гардид.
Дар маросими ҷамъбастии мусобиқа ғолибон ва ҷоизадорон аз ҷониби сардори Раёсати кор бо ҷавонон ва варзиши шаҳри Душанбе Р. Бобохонзода бо медал ва дипломҳои ифтихорӣ қадрдонӣ карда шуданд.
Ин дастоварди варзишӣ бори дигар собит месозад, ки донишҷӯёни ДДМИТ дар арсаи варзиш низ фаъол буда, барои муаррифии шоистаи донишгоҳ ва баланд бардоштани нуфузи он саҳми арзанда мегузоранд.
Роҳбарияти донишгоҳ ва ҳайати омӯзгорону кормандон Муҳаммадсафо Мирзосафарзодаро ба муносибати ин дастоварди варзишӣ самимона табрик гуфта, ба ӯ дар роҳи таҳсил, такмили маҳорати касбӣ ва фаъолияти минбаъдаи варзишӣ комёбиҳои нав, пирӯзиҳои бештар ва муваффақиятҳои беназир орзу менамоянд.
Тағоймурод ЭШЗОДА
Тоҷ
Рус
Eng