27 октябри соли 2026 дар толори таълимии факултети фаъолияти гумрукӣ ва амнияти иқтисодӣ дар мавзуи «Истифодаи мақсадноки кортҳои бонкӣ» чорабинии маърифатӣ доир гардид. Ҳадафи асосии чорабинӣ баланд бардоштани маърифати молиявии донишҷӯён, шарҳи роҳҳои истифодаи дурусти кортҳои бонкӣ ва пешгирии қаллобии молиявӣ муаррифӣ гардид.

Дар чорабинӣ декани факултет Мастура Бӯризода бо истифода аз тахтаи электронӣ баромад карда, чорабинии мазкурро дар самти баланд бардоштани маърифати молиявӣ, ташаккули фарҳанги истифодаи мақсадноки воситаҳои пардохтии электронӣ ва таҳкими масъулияти шаҳрвандӣ миёни донишҷӯён иқдоми муҳим арзёбӣ кард.

Дар шароити муосир кортҳои бонкӣ яке аз унсурҳои муҳими низоми молиявӣ ва иқтисодиёти рақамӣ ба ҳисоб мераванд. Истифодаи мақсадноки онҳо ба шаҳрвандон имкон медиҳад, ки амалиёти молиявии худро осонтар, зудтар ва бехатартар анҷом диҳанд.

Таъкид шуд, ки нигоҳ доштани маблағ дар суратҳисоби бонкӣ зарурати ҳамроҳ доштани пули нақдро коҳиш медиҳад. Дорандагони корт метавонанд тавассути банкоматҳо маблағ гиранд, бо истифода аз низоми мобилӣ хизматрасониҳои гуногунро пардохт намоянд ва амалиёти молиявии худро назорат кунанд. Дар сурати гум шудани корт низ имкони фавран бастани он мавҷуд аст, ки барои пешгирии истифодаи ғайриқонунӣ ва ҳифзи маблағҳо мусоидат мекунад.

Зикр гардид, ки пардохтҳои ғайринақдӣ ба шаффофияти амалиёти молиявӣ мусоидат намуда, барои коҳиш додани ҳаҷми иқтисодиёти пинҳонӣ замина фароҳам меоранд, зеро амалиётҳои тавассути низоми бонкӣ анҷомдодашуда ба қайд гирифта мешаванд.

Сипас, сармутахассиси раёсати корҳои ташкилию тарбиявӣ Исматулло Ҷумаев аҳамияти истифодаи кортҳои бонкиро дар рушди иқтисодиёт шарҳ дод. Ӯ таъкид намуд, ки истеҳсоли пулҳои коғазӣ, интиқол, инкассатсия ва ҳифзи онҳо хароҷоти зиёдро талаб мекунад. Густариши пардохтҳои ғайринақдӣ метавонад ин хароҷотро коҳиш дода, ба баланд бардоштани самаранокии низоми молиявӣ мусоидат намояд.

Таъкид гардид, ки ба иҷора додан ё ба ихтиёри дигарон гузоштани кортҳои бонкӣ метавонад соҳиби онҳоро ба мушкилоти ҷиддии молиявӣ ва ҳуқуқӣ рӯ ба рӯ созад. Аз ин рӯ, шаҳрвандон бояд маълумоти махфии корт, рамзҳои тасдиқ ва дастрасӣ ба суратҳисобҳои худро ҳифз намуда, аз пешниҳоди онҳо ба шахсони бегона худдорӣ кунанд.

Иштирокчиён оид ба истифодаи дурусти кортҳои бонкӣ, роҳҳои пешгирии қаллобӣ ва масъулияти ҳуқуқии дорандагони кортҳо саволҳо дода, ҷавобҳои мушаххас гирифтанд.

 

Тағоймурод ЭШЗОДА