Мувофиқи нақшаи баргузории суҳбату вохӯриҳо бо усули “факултет ба факултет” 23-юми сентябри соли равон миёни донишҷӯдухтарони курсҳои аввали факултети молия ва қарз соати тарбиявӣ доир гардид.

Нахуст, декани факултет Баҳодур Ҷӯрахонзода дар бораи мақоми донишҷӯ дар  донишгоҳ, зинаҳои таҳсилот, ҳуқуқу уҳдадориҳои донишҷӯён, нақши муҳимми онҳо дар пешбурди илм ва навовариҳои касбият, сабабҳои хориҷ шудан, риоя кардани интизоми дохилӣ ва пардохти маблағи таҳсил изҳори андеша намуд.

Номбурда, нигаронии худро аз сабабҳои сари вақт ба дарсҳо ҳозир нашудани баъзе донишҷӯён ва риоя накардани интизому давомнокӣ баён карда, барои бартарафсозии камбудиҳои ҷойдошта таклифҳои судманд ироа намуд.

Баъдан, муовини ректор оид ба тарбия Шаҳноза Ғафорова ва сармутахассиси раёсати ташкилию тарбиявӣ Маҳбуба Ғафорова дар мавзуъҳои “Рӯзи дониш ва дарси сулҳ”, “Терроризм ва хатари он ба ҷомеа”, “Пешгирии омилҳои коррупсионӣ”, “Танзим - бақои зиндагӣ”, “Либоси миллӣ - таҷассумгари фарҳанги миллӣ” андешаҳои ҷолиб баён намуданд.

Ҳамчунин, таъкид гардид, ки ҷавонон ҳамчун неруи созанда ва ояндаи давлату миллат бояд аз имкониятҳои фароҳамовардашуда самаранок истифода намуда, барои донишандӯзӣ ва худтакмилдиҳӣ саҳми арзанда гузоранд.

Зимни соати тарбиявӣ декани факултет аз шароити зист, вазъи иҷтимоӣ ва масъалаҳои рӯзмарраи донишҷӯён бевосита шинос шуда, ҷиҳати беҳтар намудани шароити будубоши онҳо дастуру тавсияҳои зарурӣ пешниҳод карданд.

Инчунин, ватандӯстӣ, эҳтиром ба арзишҳои миллӣ, риояи тозагӣ ва тартиботи дохилӣ, китобхонӣ ва баланд бардоштани маърифати фарҳангиву илмӣ аз масъалаҳои дигари ин вохӯрӣ ба ҳисоб мерафт.

 

Тағоймурод ЭШЗОДА