Иқдоми навбатӣ: озмуни “Беҳтарин донандаи муҳосибот”

10 ноябри соли 2026 дар Донишгоҳи давлатии молия ва иқтисоди Тоҷикистон бори нахуст озмуни донишгоҳии “Беҳтарин донандаи муҳосибот” ба кори худ оғоз бахшид. Чорабинии мазкур ба муносибати 30-солагии таъсисёбии донишгоҳ, 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Рӯзи байналмилалии муҳосибон бахшида шуда, дар он 37 нафар донишҷӯёни болаёқат аз ҳафт факултети донишгоҳ барои санҷидани дониш, маҳорати зеҳнӣ ва омодагии касбии худ иштирок намуданд.

Тавре дар Низомнома омадааст, озмуни мазкур бо мақсади баланд бардоштани сатҳи донишҳои назариявӣ ва малакаҳои амалии донишҷӯён, тақвияти шавқу рағбати онҳо ба касби муҳосибӣ, дарёфти истеъдодҳои ҷавон, ташаккули тафаккури таҳлилӣ ва омода намудани мутахассисони рақобатпазири соҳаи молия ва иқтисод роҳандозӣ гардидааст.

Дар маросими ифтитоҳи озмун муовини ректори донишгоҳ оид ба илм ва инноватсия Қутбиддин Муқимзода ҳозирин ва довталабонро хайра мақдам гуфта, таъкид кард, ки баргузории чунин чорабиниҳои соҳавӣ дар остонаи таҷлили 30-солагии таъсисёбии Донишгоҳи давлатии молия ва иқтисоди Тоҷикистон аҳамияти махсус доранд, чунки онҳо дар баробари мусобиқаи зеҳнӣ ба майдони муаррифии имкониятҳои касбии донишҷӯёни донишгоҳ табдил хоҳанд ёфт.

Зимнан мавсуф афзуд, ки тайи се даҳсолаи фаъолияти худ Донишгоҳи давлатии молия ва иқтисоди Тоҷикистон дар омода намудани мутахассисони баландихтисоси соҳаҳои молия, иқтисод, андоз, бонкдорӣ, муҳосибот, аудит ва дигар бахшҳои иқтисоди миллӣ саҳми назаррас гузошта, имрӯз низ ба масъалаи баланд бардоштани сифати таълим, мутобиқсозии барномаҳои таълимӣ ба талаботи бозори меҳнат ва ташаккули салоҳиятҳои касбии донишҷӯён таваҷҷуҳи пайваста зоҳир менамояд.

Ба итминони Қутбиддин Муқимзода, муҳосиби муосир дигар танҳо масъули бақайдгирии амалиёти молиявӣ ва ҳисобу китоби рақамҳо нест. Ӯ мутахассисест, ки тавассути таҳлили маълумоти молиявӣ, арзёбии дороиҳо ва уҳдадориҳо, назорати истифодаи захираҳо, таҳияи ҳисобот ва пешниҳоди маълумоти боэътимод дар қабули қарорҳои муҳими идоракунӣ саҳми муассир мегузорад.

Маҳз маълумоти саҳеҳу воқеии муҳосибӣ ба роҳбарияти корхонаю ташкилотҳо, сармоягузорон, муассисаҳои қарзӣ ва мақомоти давлатӣ имкон медиҳад, ки вазъи молиявии субъектҳои иқтисодиро дуруст арзёбӣ намуда, самтҳои минбаъдаи фаъолияти худро муайян созанд. Аз ин рӯ, аз мутахассиси соҳаи муҳосибот дар баробари донишу малакаи касбӣ, инчунин дақиқкорӣ, масъулиятшиносӣ, ростқавлӣ, риояи меъёрҳои ахлоқи касбӣ ва қобилияти таҳлилию хулосабарорӣ талаб карда мешавад.

Дар ин замина, муовини ректор оид ба илм ва инноватсия таъкид намуд, ки донишҷӯёни ихтисосҳои марбут ба соҳаи муҳосибот бояд дар баробари азхуд намудани асосҳои назариявӣ ба омӯзиши стандартҳои байналмилалии ҳисоботи молиявӣ, қонунгузории андоз, технологияҳои рақамӣ, барномаҳои махсусгардонидашудаи баҳисобгирӣ ва усулҳои муосири таҳлили иқтисодӣ низ таваҷҷуҳи ҷиддӣ зоҳир намоянд. Зеро маҳз омезиши донишҳои назариявӣ бо малакаҳои амалӣ ва истифодаи самараноки технологияҳои муосир заминаи асосии ташаккули мутахассисони рақобатпазир дар бозори меҳнат мебошад.

Зикр шуд, ки дастовардҳои донишгоҳ дар ин самт, пеш аз ҳама, натиҷаи заҳмати устодону олимон, роҳбарияти муассиса ва фароҳам овардани шароити мусоид барои таълиму тарбияи мутахассисони ҷавобгӯ ба талаботи замон мебошанд.

Сипас, сардори раёсати илм ва инноватсия Ҷовидон Халифазода муқаррароти асосӣ ва талаботи умумии озмунро шарҳ дода, афзуд, ки яке аз хусусиятҳои муҳими озмуни мазкур иштироки намояндагони ҳафт факултети донишгоҳ мебошад. Ба гуфти мавсуф, дар маҷмуъ, 37 нафар донишҷӯёни беҳтарин ба рақобат ворид гардида, имконият пайдо карданд, ки донишу малака, сатҳи омодагии назариявӣ ва қобилияти ҳалли масъалаҳои соҳавии худро муаррифӣ намоянд.

Халифазода иброз дошт, ки фарогирии донишҷӯёни факултетҳои гуногун ба чорабинӣ хусусияти байнисоҳавӣ бахшида, бори дигар нишон дод, ки донишҳои муҳосибӣ танҳо барои донишҷӯёни ихтисосҳои махсуси баҳисобгирӣ аҳаммият надошта, барои омодасозии мутахассисони соҳаҳои мухталифи иқтисодиёт низ зарур мебошанд.

Тибқи тартиби баргузорӣ, иштирокчиён аз рӯйи шартҳои пешбинишуда, аз ҷумла саволномаҳои тестӣ ва супоришҳои шифоҳӣ, донишу маҳорати худро месанҷанд. Ин шакли арзёбӣ имкон медиҳад, ки на танҳо ҳаҷми донишҳои назариявӣ, балки суръати фикрронӣ, мантиқи таҳлил, қобилияти хулосабарорӣ ва маҳорати истифодаи донишҳо дар ҳалли масъалаҳои амалӣ низ муайян карда шавад.

“Ҳамин тариқ, озмун барои иштирокчиён имконияти мусоид фароҳам меорад, ки дар шароити рақобати солим қобилиятҳои худро санҷида, сатҳи омодагии касбии хешро муайян намоянд ва аз таҷрибаи ҳамдигар баҳра гиранд, - изҳор дошт сардори раёсати илм ва инноватсия ва ҳамзамон зарурати таъмини шаффофият, холисият ва риояи меъёрҳои ягонаи баҳогузориро таъкид намуд.

Ба итминони Ҷовидон Халифазода, дар ҷараёни озмун бо эътимод, масъулият ва эҳтиром ба рақибон баромад намуда, кӯшиш кунанд, ки донишу маҳорати воқеии худро нишон диҳанд. Зеро ҳадафи аслии чунин иқдомҳо танҳо муайян намудани ғолибон нест, балки фароҳам овардани муҳити созандаи омӯзиш, таҳкими рақобати зеҳнӣ ва ҳавасмандгардонии ҷавонон ба такмили пайвастаи донишҳои касбӣ мебошад.

Дар идомаи ҳамоиш мудири кафедраи баҳисобгирии муҳосибӣ Бобомуродов Бобомурод Элмуродович, ки ба арзёбии донишу маҳорати иштирокчиён шахси масъул ба шумор меравад, иброз дошт, ки новобаста аз таҳаввулоти босуръат рушдкунандаи ҷаҳони муосир то ҳанӯз мақому манзалати касби муҳосибӣ дар низоми иқтисодии ҷомеа таваҷҷуҳ ба ин касб коста нагардидааст. Дар идома номбурда арз намуд, ки дар шароити рушди босуръати муносибатҳои иқтисодӣ, рақамикунонии низоми молиявӣ ва ҳамгироии иқтисоди миллӣ ба фазои ҷаҳонӣ касби муҳосибӣ низ мазмуну муҳтавои нав касб мекунад. Муҳосиби муосир дигар танҳо масъули бақайдгирии амалиёти молиявӣ нест, балки мутахассисест, ки дар таҳлили вазъи иқтисодии корхона, арзёбии дороиҳо ва уҳдадориҳо, назорати истифодаи захираҳо, таъмини шаффофияти молиявӣ ва қабули қарорҳои муҳими идоракунӣ нақши муассир дорад.

“Маҳз бо дарназардошти чунин талабот баргузории озмунҳои соҳавӣ дар муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ аҳаммияти махсус пайдо мекунад. Зеро онҳо барои санҷиши сатҳи дониш, ошкор намудани қобилиятҳои инфиродӣ, таҳкими рақобати солими зеҳнӣ ва пайванди донишҳои назариявӣ бо таҷрибаи амалӣ заминаи мусоид фароҳам меоранд”, -дар хатми баромадаш иброз намуд мавсуф.

Устоди кафедраи омор, номзади илмҳои иқтисодӣ, дотсент Абдумухтор Урунбоев зимни баромади хеш иброз намуд, ки муҳосибот яке аз самтҳои бунёдии низоми иқтисодӣ буда, бе маълумоти саҳеҳу боэътимоди муҳосибӣ фаъолияти самараноки ягон корхонаю ташкилотро тасаввур кардан ғайриимкон аст. Таҷрибаи чандинсолаи фаъолияти касбӣ ва омӯзгории ман нишон медиҳад, ки дар ин соҳа танҳо донистани назария кофӣ нест. Мутахассис бояд ҳамзамон дорои тафаккури таҳлилӣ, дақиқкорӣ, масъулиятшиносӣ ва қобилияти истифодаи донишҳои назариявӣ дар амал бошад.

А. Урунбоев дар идомаи суҳбаташ афзуд, ки имрӯз, бо назардошти рушди технологияҳои рақамӣ ва тағйирёбии муносибатҳои иқтисодӣ, талабот ба муҳосибони соҳибтахассус низ пайваста меафзояд. Мутахассиси ҷавон бояд на танҳо қонунгузорӣ ва стандартҳои соҳаро хуб донад, балки бо барномаҳои муосири баҳисобгирӣ кор карда тавонад, маълумоти молиявиро таҳлил намояд ва дар асоси он хулосаҳои дуруст барорад.

- Аз ин ҷиҳат, баргузории озмуни “Беҳтарин донандаи муҳосибот” иқдоми муҳим ва саривақтӣ мебошад. Чунин чорабиниҳо барои муайян намудани донишҷӯёни соҳибистеъдод, баланд бардоштани шавқу рағбати ҷавонон ба касби интихобкарда ва пайвастани донишҳои назариявӣ бо малакаҳои амалӣ мусоидат мекунанд. Бовар дорам, ки дар байни иштирокчиёни озмун мутахассисони ояндасози соҳаи муҳосибот ба камол мерасанд ва дар рушди иқтисодиёти миллӣ саҳми арзандаи худро мегузоранд, - изҳор намуд Абдумухтор Урунбоев.

 

Ёдовар мешавем, ки инчунин, давоми рӯз дар доираи барномаи озмун масъалаҳои муҳими рушди соҳаи муҳосибот ва мутобиқсозии низоми ҳисобдорӣ ба талаботи байналмилалӣ мавриди таваҷҷуҳ қарор мегиранд. Аз ҷумла, баргузории мизи мудаввар дар мавзуи «Нақши стандартҳои байналмилалии ҳисоботи молиявӣ” (СБҲМ) дар такомули соҳаи ҳисобдории Ҷумҳурии Тоҷикистон» яке аз бахшҳои муҳими барномаи чорабинӣ ба шумор меравад. Дар доираи мавзуи мазкур нақши стандартҳои байналмилалии ҳисоботи молиявӣ дар такмили низоми баҳисобгирӣ, баланд бардоштани шаффофият ва эътимоднокии ҳисоботи молиявӣ, ҳамоҳангсозии таҷрибаи миллӣ бо меъёрҳои байналмилалӣ ва зарурати омода намудани мутахассисони донандаи ин стандартҳо баррасӣ мегарданд.

Аҳамияти ин масъала дар он ифода меёбад, ки дар шароити густариши робитаҳои иқтисодию молиявии байналмилалӣ ва афзоиши талаботи сармоягузорон ба маълумоти боэътимод, истифодаи стандартҳои ягонаи ҳисоботдиҳӣ аҳаммияти рӯзафзун пайдо мекунад. Ҳамчунин, баргузории мастер-класс дар мавзуи “Баҳисобгирии музди меҳнати кормандони корхонаи саноатӣ тибқи стандартҳои байналмилалии ҳисоботи молиявӣ” (СБҲМ) ба барномаи чорабинӣ ворид гардидааст.

Ин машғулияти амалӣ барои шиносоии амиқтари донишҷӯён бо ҷанбаҳои татбиқии баҳисобгирии муҳосибӣ дар фаъолияти корхонаҳои саноатӣ, тартиби инъикоси амалиёти марбут ба музди меҳнат ва истифодаи талаботи стандартҳои дахлдор мусоидат менамояд.

Дар маҷмуъ, баргузории чунин чорабиниҳои илмию амалӣ имкон медиҳад, ки донишҷӯён на танҳо бо дастовардҳои назариявии соҳа шинос шаванд, балки робитаи донишҳои академиро бо талаботи воқеии фаъолияти касбӣ беҳтар дарк намоянд.

Нуктаи қобили таваҷҷуҳ он аст, ки озмуни «Беҳтарин донандаи муҳосибот» дар Донишгоҳи давлатии молия ва иқтисоди Тоҷикистон бори аввал баргузор гардида, метавонад дар оянда ба яке аз анъанаҳои муҳими таълимию маърифатии донишгоҳ табдил ёбад. Чунин иқдомҳо барои ошкор намудани донишҷӯёни соҳибистеъдод, муайян кардани сатҳи воқеии омодагии касбӣ, ҳавасмандгардонии ҷавонон ба омӯзиши амиқи ихтисос ва ташаккули муҳити рақобати солими зеҳнӣ заминаи мусоид фароҳам меоранд.

Ҳамзамон, баргузории мунтазами озмун метавонад ба таҳкими робитаи донишгоҳ бо корхонаю ташкилотҳо, муассисаҳои молиявӣ ва мутахассисони амалии соҳа мусоидат намуда, имкониятҳои нави ҳамкории илмию таълимиро фароҳам созад.

Бо дарназардошти аҳамияти ин ташаббус, дар оянда имкон дорад таҷрибаи андӯхташуда мавриди омӯзиш қарор гирифта, озмун бо фарогирии донишҷӯёни муассисаҳои таҳсилоти олии касбии кишвар дар сатҳи ҷумҳуриявӣ низ роҳандозӣ карда шавад. Ин иқдом метавонад на танҳо доираи иштирокчиёнро васеъ намояд, балки барои муаррифии истеъдодҳои ҷавон, табодули таҷриба ва муайян намудани беҳтарин донишҷӯёни соҳаи муҳосибот дар миқёси кишвар заминаи воқеӣ гузорад.

Қобили тазаккур аст, ки тибқи тартиби пешбинишуда дар охири рӯз, ғолибони озмун аз қониби ҳақати доварони салоҳиятманд бо дипломҳо ва ифтихорномаҳо қадрдонӣ гардида, иштирокчиёни фаъол низ бо сипосномаҳо сарфароз гардонида мешаванд.

 

Муҳаммадалӣ ОЧИЛДИЕВ