МУКОФОТИ ДАВЛАТӢ БА УСТОДИ ДДМИТ
Рӯзи 7 сентябри соли равон дар Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон бахшида ба муносибати 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон чорабинии идона доир гардида, дар доираи он ба як қатор кормандон мукофотҳои давлатӣ супорида шуд. Дар чорабинии мазкур муовини Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Дилрабо Мансурӣ ва вазири маориф ва илм Раҳим Саидзода иштирок ва суханронӣ намуданд.
Зимни ин ҷаласа аз номи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба номзади илмҳои иқтисодӣ, дотсенти кафедраи фаъолияти гумрукии ДДМИТ Абдукарим Муминзода медали “Хизати шоиста” тақдим гардид.
Лозим ба ёдоварист, ки Абдукарим Муминзода устоди соҳибтаҷриба ва муҳаққиқи соҳаи иқтисод зиёда аз 30 сол мешавад, ки дар вазифаҳои гуногун кору фаъолият менамояд.
Абдукарим Муминзода аз ҷумлаи омӯзгорон ва мутахассисони соҳибтаҷрибаи соҳаи иқтисод ва фаъолияти гумрукӣ ба шумор рафта, фаъолияти меҳнатии худро дар ДДМИТ аз соли 2001 оғоз намуда, дар вазифаҳои гуногуни маъмурӣ, омӯзгорӣ ва роҳбарӣ, аз ҷумла муовини сардори қисми хоҷагӣ-маъмурӣ, ҷониши декан дар факултети ҳуқуқшиносии таҳсилоти фосилавӣ, ноиби ректор оид ба таълим, муовини декан оид ба таълими факултети иқтисодиёти ҷаҳон фаъолият кардааст.
Давоми фаъолияти касбии худ Абдукарим Муминзода дар сохторҳои таълимии соҳаи иқтисод вазифаҳои гуногунро иҷро намуда, ҳамчун мутахассис, омӯзгор ва роҳбари кафедра таҷрибаи бой ба даст овардааст. Аз ҷумла, солҳои 2012-2018 роҳбарии кафедраи фаъолияти биржавиро ба уҳда дошта, солҳои 2018-2023 ҳамчун мудири кафедраи фаъолияти гумрукии факултети муносибатҳои иқтисоди байналмилалӣ фаъолият карда, аввалин ташаббускори озмуни “Беҳтарин донандаи Кодекси гумруки Ҷумҳурии Тоҷикистон” миёни муассисаҳои таҳсилоти олии касбии ҷумҳурӣ дар соли 2022 ба ҳисоб меравад. Номбурда бо ҷоизаву ифтихорномаҳои соҳавӣ сарфароз гардидааст. Аз он ҷумла, бо нишони “Аълочии маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон”, Ифтихорномаи Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ифтихорномаи ҲХДТ ва як қатор ифтихорномаву сипосномаҳои муассисаи олии таълимӣ қадрдонӣ гардидааст.
Солҳои охир фаъолияти илмӣ ва омӯзгории ӯ бештар ба масъалаҳои иқтисоди ҷаҳонӣ, муносибатҳои иқтисодии байналмилалӣ, фаъолияти гумрукӣ, фаъолияти суғуртавӣ ва амнияти иқтисодӣ равона гардидааст.
Абдукарим Муминзода дар омода намудани мутахассисони соҳаи иқтисод саҳми назаррас дошта, аз моҳи августи соли 2025 дар вазифаи дотсенти кафедраи фаъолияти гумрукии факултети фаъолияти гумрукӣ ва амнияти иқтисодии Донишгоҳи давлатии молия ва иқтисоди Тоҷикистон фаъолият намуда, дар таълиму тарбияи донишҷӯён ва рушди корҳои илмӣ-таҳқиқотӣ саҳми худро мегузорад.
Фаъолияти чандинсолаи Абдукарим Муминзода намунаи таҷрибаи касбӣ, фаъолияти илмӣ ва садоқат ба соҳаи маорифу иқтисод мебошад. Аз ин рӯ, коллективи донишгоҳ Абдукарим Муминзодаро ба ин дастовард табрик намуда, дар кору фаъолияти минбаъдааш барору муваффақият таманно менамояд.
Шуъбаи иттилоот ва нашрия
Тоҷ
Рус
Eng