МУШКИЛОТ ВА ДУРНАМОИ РУШДИ ҲИСОББАРОБАРКУНИҲОИ ҒАЙРИНАҚДӢ
8-уми майи соли равон дар кафедраи молияи факултети молия ва қарзи донишгоҳ семинари илмӣ-назариявӣ таҳти унвони «Мушкилот ва дурнамои рушди ҳисоббаробаркуниҳои ғайринақдӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» доир гардид.
Дар семинари мазкур номзади илмҳои иқтисодӣ, директори Пажуҳишгоҳи илмӣ-таҳқиқотии «Молия»-и назди Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Умеди Давлатзод оид ба масъалаҳои мубрами рушди низоми ҳисоббаробаркуниҳои ғайринақдӣ дар шароити иқтисоди рақамӣ маъруза намуд.
Гуфта шуд, ки рушди пардохтҳои электронӣ ва истифодаи васеи технологияҳои рақамӣ яке аз самтҳои муҳими сиёсати молиявии давлат ба шумор рафта, барои баланд бардоштани шаффофияти иқтисод, коҳиш додани гардиши пули нақд ва рушди хизматрасониҳои бонкӣ мусоидат менамояд.
Ҳамзамон, дар ҷараёни семинар мушкилоти асосии рушди ҳисоббаробаркуниҳои ғайринақдӣ, аз ҷумла сатҳи пасти саводнокии молиявии аҳолӣ, маҳдуд будани инфрасохтори рақамӣ дар баъзе минтақаҳо, норасоии эътимод ба низомҳои электронии пардохт ва масъалаҳои амнияти киберӣ мавриди баррасӣ қарор гирифтанд. Қайд гардид, ки барои ҳалли ин мушкилот тақвияти инфрасохтори рақамӣ, рушди хизматрасониҳои бонкии мобилӣ, баланд бардоштани маърифати молиявии аҳолӣ ва такмили заминаи ҳуқуқӣ аҳаммияти муҳим доранд.
Умеди Давлатзод, инчунин, оид ба таҷрибаи кишварҳои пешрафта дар самти татбиқи пардохтҳои ғайринақдӣ маълумот пешниҳод намуда, иброз дошт, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон низ дар солҳои охир дар самти рақамикунонии хизматрасониҳои молиявӣ ба дастовардҳои назаррас ноил гардидааст.
Дар қисмати муҳокима иштирокчиён фикру пешниҳодҳои худро оид ба густариши ҳисоббаробаркуниҳои ғайринақдӣ ва баланд бардоштани самаранокии низоми молиявӣ баён намуданд.
Тағоймурод ЭШЗОДА
Тоҷ
Рус
Eng