МУТОЛИАИ ОСОРИ МОНДАГОРИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ РОҲ БА СӮИ ХУДШИНОСӢ
Донишҷӯи курси 4-уми ихтисоси идораи давлат ва ҳуқуқи факултети менеҷмент ва ҳуқуқи иқтисодии Донишгоҳи давлатии молия ва иқтисоди Тоҷикистон Муҳаммад Шоҳимардонзода дар Озмуни ҷумҳуриявии «Донандаи беҳтарини асарҳои Пешвои миллат» сазовори ҷоиза ва се ифтихорнома гардид.
Шоҳимардонзода Муҳаммад Азаматшоҳ дар даври ниҳоии Озмуни ҷумҳуриявии «Донандаи беҳтарини асарҳои Пешвои миллат», ки аз 5 то 9 октябри соли 2026 бо ташаббус ва сарпарастии Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Китобхонаи миллии Тоҷикистон баргузор гардид, натиҷаи арзанда ба даст овард.
12 октябри соли 2026 дар толори ошёнаи сеюми Китобхонаи миллӣ маросими тантанавии ҷамъбасти озмун ва ҷоизасупорӣ баргузор шуд. Барои иштироки фаъолона, дониши баланд ва натиҷаи арзанда Муҳаммад Шоҳимардонзода бо се ифтихорнома: Ифтихорномаи Вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ифтихорномаи Раиси Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ифтихорномаи директори Китобхонаи миллӣ ва туҳфаи хотиравӣ гардид.
Муҳаммад Шоҳимардонзода яке аз ҷавонони китобдӯсту донишҷӯёни фаъолест, ки омӯзиши осори Пешвои миллатро василаи муҳимми боло бурдани маърифати сиёсӣ, таърихӣ ва ҳуқуқии худ медонад. Ӯ то имрӯз 25 асари Пешвои миллатро мутолиа намудааст.
Яке аз асарҳое, ки ба Муҳаммад таассуроти амиқ гузоштааст, китоби «Чеҳраҳои мондагор» мебошад. Ин асар бо баррасии зиндагинома ва фаъолияти шахсиятҳои барҷастаи илмӣ, адабӣ, таърихӣ ва сиёсӣ хонандаро ба омӯзиши саҳми фарзандони фарзонаи миллат дар рушди фарҳанг ва тамаддуни тоҷикон раҳнамун месозад.
Дар роҳи омодагӣ ба озмун Муҳаммадро устоди кафедраи фалсафа ва сиёсатшиносии Донишгоҳи давлатии молия ва иқтисоди Тоҷикистон, номзади илмҳои фалсафа, дотсент Сайфулло Сафаров роҳнамоӣ кардааст. Роҳнамоӣ ва дастгирии устод дар такмили дониш, амиқтар омӯхтани осори Пешвои миллат ва омодагӣ ба даврҳои озмун нақши муҳим бозидааст.
Шуъбаи иттилоот ва нашрия
Тоҷ
Рус
Eng