Дар факултети иқтисоди рақамӣ ва технологияҳои инноватсионӣ бо иштироки дар мавзуи «Нақши Иҷлосияи 16-уми Шурои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар таърихи навини тоҷикон» бахшида ба Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва солгарди Иҷлосияи 16-уми Шурои Олӣ ҷаласа доир гардид, ки дар он доираи васеи устодон ва донишҷӯён иштирок карданд.

Сараввал, декани факултет София Темурбекова дар бораи ташаббусҳои ҷаҳонӣ ва иқдомҳои Пешвои миллат, ки барои рушди соҳаи маориф ва дастгирии ҷавонон равона гардидаанд, муфассал сухан ронд. Номбурда қайд кард, ки имрӯз зери роҳбарии муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мактаби давлатдории миллии муосири тоҷикон ташаккул ёфтааст, ки он яке аз омилҳои кафолатдиҳандаи рушд ва суботи давлати мо мебошад.

Дар идома, профессори кафедраи фанҳои гуманитарӣ Сайфулло Сафаров дар мавзуи «Нақши Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар амалӣ кардани қарорҳои Иҷлосияи 16-уми Шурои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон» ва муаллими калони кафедраи фанҳои ҷомеашиносии Академияи идоракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Н. Муҳаммадаминов дар бораи Иҷлосияи 16-уми Шурои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон суханронӣ намуданд.

Гуфта шуд, ки ҷонибдорӣ аз сиёсати Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон нишонаи садоқат ва меҳру муҳаббати мардум ба ин фарзанди фарзонаи миллат аст. Зеро роҳбари хирадманду саодатпеша муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон баҳри ба як кишвари воҳид табдил додани Тоҷикистон ба дили мардум умед бахшид. Гузашти вақт собит намуд, ки вакилони Шурои Олӣ аҳаммияти якпорчагии давлат ва ягонагии миллати тоҷикро ҷиддан дарк кардаанд.

Бо вуҷуди маҳдудиятҳо ва баҳсҳои тулонӣ Иҷлосия тавонист, ки қарорҳои тақдирсоз ва муҳимми таърихиро қабул намояд. Муҳимтарин дастоварди ин Иҷлосия тантанаи қонун ва бо роҳи мусолиҳатомез ҳаллу фасл кардани тамоми масъалаҳои иҷтимоию сиёсии кишвар ба шумор мерафт.

 

Тағоймурод ЭШЗОДА