“НАҚШИ КОНСТИТУТСИЯ ДАР ТАҲКИМИ ДАВЛАТИ ҲУҚУҚБУНЁД ВА РУШДИ ҶОМЕАИ ШАҲРВАНДӢ”
3-юми ноябри соли равон дар Донишгоҳи давлатии молия ва иқтисоди Тоҷикистон бахшида ба Рӯзи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти унвони «Нақши Конститутсия дар таҳкими давлати ҳуқуқбунёд ва рушди ҷомеаи шаҳрвандӣ» ҳамоиши сиёсӣ-идеологӣ баргузор гардид. Дар ҳамоиш роҳбарияти донишгоҳ, намояндагони сохторҳои давлатӣ ва ҳизбӣ, олимону омӯзгорон, кормандон ва донишҷӯён иштирок намуда, атрофи ҷойгоҳ ва аҳамияти Конститутсия дар низоми давлатдории миллӣ, таҳкими пояҳои ҳуқуқбунёдӣ, таъмини волоияти қонун ва рушди ҷомеаи шаҳрвандӣ ибрози назар карданд.
Нахуст ректори донишгоҳ Сатторзода Бобоҷон Абдуҷаббор иштирокчиёнро ба муносибати Рӯзи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон табрик намуда, дар суханронии худ ба аҳамияти таърихию сиёсии ин санади сарнавиштсоз дар ташаккули давлатдории навини тоҷикон таваҷҷуҳи махсус зоҳир кард.
Бобоҷон Сатторзода таъкид намуд, ки Конститутсия яке аз муҳимтарин дастовардҳои даврони истиқлол ва таҷассумгари иродаи халқ, рамзи соҳибихтиёрии давлатӣ ва роҳнамои бунёди ҷомеаи адолатпарвар мебошад. Қабули он 6 ноябри соли 1994 бо роҳи раъйпурсии умумихалқӣ дар шароити мураккаби сиёсиву иҷтимоии солҳои аввали соҳибистиқлолӣ барои ташаккули низоми нави давлатдорӣ, таҳкими субот ва муайян намудани самтҳои минбаъдаи рушди кишвар заминаи устувори ҳуқуқӣ гузошт.
Зимни баромад таъкид гардид, ки мувофиқи моддаи 1-и Конститутсия Ҷумҳурии Тоҷикистон давлати соҳибихтиёр, демократӣ, ҳуқуқбунёд, дунявӣ ва ягона буда, давлати иҷтимоӣ будани он уҳдадории давлатро дар фароҳам овардани шароити зиндагии арзанда ва инкишофи озодонаи инсон муайян менамояд. Ҳамчунин, тибқи моддаи 5 инсон, ҳуқуқ ва озодиҳои ӯ арзиши олӣ эътироф гардида, давлат вазифадор аст онҳоро эътироф, риоя ва ҳифз намояд.
Сарвари донишгоҳ дар ҳошияи шарҳи аҳамияти волоияти қонун иброз дошт, ки ин принсип на танҳо асоси фаъолияти низоми ҳуқуқӣ, балки яке аз омилҳои муҳими рушди иқтисодӣ ва таҳкими амнияти иқтисодии кишвар мебошад. Ба таъкиди ӯ, рушди соҳибкорӣ, ҷалби сармоягузорӣ, ҳифзи моликият ва таъмини рақобати солим танҳо дар шароити мавҷудияти низоми устувори ҳуқуқӣ, шаффофият ва адолат имконпазир аст.
Мавсуф ҳамзамон робитаи ногусастании Истиқлоли давлатӣ ва Конститутсияро таъкид намуда, изҳор дошт, ки агар Истиқлол ба мардуми Тоҷикистон имконияти таърихии мустақилона муайян намудани роҳи рушди сиёсӣ, иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангиро фароҳам оварда бошад, Конститутсия асосҳои ҳуқуқии амалӣ гардидани ин имкониятро муқаррар намуд.
Дар ин замина, ба аҳамияти рушди иқтисоди миллӣ, густариши истеҳсолот, истифодаи самараноки захираҳои дохилӣ, омода намудани кадрҳои соҳибкасб ва тарбияи шаҳрвандони ватандӯсту соҳибмаърифат ҳамчун омилҳои муҳими ҳифзи Истиқлол таваҷҷуҳ зоҳир гардид.
Дар идома меҳмонони ҳамоиш - раиси Кумитаи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба илм, маориф, фарҳанг ва сиёсати ҷавонон Барно Саидвализода ва раиси Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ноҳияи Синои шаҳри Душанбе Зоҳир Иззат Ҳабибзода суханронӣ намуда, иштирокчиёнро ба ифтихори ин санаи муҳими давлатдорӣ табрик гуфтанд.
Барно Саидвализода дар баромади худ нақши Конститутсияро дар ташаккул ва таҳкими Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун давлати соҳибихтиёр, демократӣ ва ҳуқуқбунёд мавриди баррасӣ қарор дод.
Зикр гардид, ки қабули Конститутсия барои муайян намудани асосҳои сохтори давлатӣ, ташкили низоми ҳокимият, муқаррар намудани принсипҳои фаъолияти мақомоти давлатӣ ва фароҳам овардани заминаҳои ҳуқуқии рушди ҷомеаи демократӣ аҳаммияти сарнавиштсоз дошт. Маҳз тавассути ин санади олии ҳуқуқӣ соҳибихтиёрии давлатӣ, волоияти қонун, арзишҳои демократӣ ва ҳуқуқу озодиҳои инсон ҳамчун пояҳои бунёдии давлатдории миллӣ эътироф ва мустаҳкам гардиданд.
Таъкид шуд, ки соҳибихтиёрӣ ва ҳуқуқбунёдӣ танҳо бо эълони меъёрҳои конститутсионӣ маҳдуд намешаванд, балки татбиқи пайгиронаи онҳо дар фаъолияти мақомоти давлатӣ ва ҳаёти ҳаррӯзаи ҷомеаро тақозо мекунанд. Аз ин рӯ, эҳтиром ба Конститутсия, баланд бардоштани маърифати ҳуқуқии шаҳрвандон ва иштироки фаъолонаи онҳо дар ҳаёти сиёсиву ҷамъиятӣ аз шартҳои муҳими таҳкими давлатдории миллӣ ба ҳисоб мераванд.
Раиси Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ноҳияи Синои шаҳри Душанбе Зоҳир Иззат Ҳабибзода бошад, дар суханронии худ ба масъалаи Конститутсия ҳамчун раҳнамои ҳифзи манфиатҳои миллӣ ва дастовардҳои Истиқлоли давлатӣ таваҷҷуҳи махсус зоҳир намуд.
Мавсуф таъкид кард, ки Конститутсия ҳамчун санади олии ҳуқуқӣ соҳибихтиёрии давлат, тамомияти арзӣ, ваҳдати миллӣ ва асосҳои давлатдории мустақилро кафолат дода, барои ҳифзи манфиатҳои миллӣ заминаи боэътимод фароҳам меорад. Ба таъкиди ӯ, дастовардҳои даврони соҳибистиқлолӣ танҳо дар сурати эҳтиром ба қонун, ҳифзи низоми конститутсионӣ ва таҳкими пояҳои давлатдорӣ пойдор хоҳанд монд.
Ҳамчунин, дар шароити мураккаби ҷаҳони муосир, ки таҳдиду хатарҳои гуногуни сиёсӣ, иқтисодӣ, иттилоотӣ ва амниятӣ ба манфиатҳои давлатҳо таъсир мерасонанд, ҳифзи арзишҳои миллӣ, таҳкими худшиносӣ ва баланд бардоштани ҳисси ватандӯстии шаҳрвандон аҳаммияти бештар касб мекунад. Аз ин рӯ, ҳифзи дастовардҳои Истиқлол ва суботу оромии ҷомеа вазифаи умумимиллӣ буда, иштироки фаъолонаи ҳар як шаҳрвандро тақозо менамояд.
Қисмати илмӣ ва назариявии ҳамоишро маърузаҳои олимону муҳаққиқони донишгоҳ ташкил доданд.
Профессори кафедраи ҳуқуқи иқтисодӣ, доктори илмҳои ҳуқуқшиносӣ Шавкат Исмоилов дар мавзуи “Заминаҳои асосии қабули Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон: мушкилот ва расидан ба ҳадафҳои созанда” маъруза намуда, заминаҳои таърихию сиёсӣ ва ҳуқуқии қабули ин санади тақдирсозро мавриди таҳлил қарор дод.
Мавсуф дар баромади худ ба саҳми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ташаккул ва таҳкими асосҳои конститутсионии давлатдории навини тоҷикон таваҷҷуҳи хос зоҳир намуд.
Иброз гардид, ки дар марҳалаи ҳассоси таърихи кишвар, ки ҷомеа ба таҳкими сулҳу субот, барқарорсозии сохти конститутсионӣ ва муайян намудани роҳи минбаъдаи рушди давлат ниёз дошт, нақши роҳбарияти олии кишвар дар фароҳам овардани заминаҳои сиёсӣ ва ҳуқуқии қабули Конститутсия муҳим буд. Талошҳои пайгиронаи Президенти мамлакат дар самти таҳкими давлатдории миллӣ, таъмини ваҳдати ҷомеа ва ташаккули низоми муосири ҳуқуқӣ дар ин раванд аҳаммияти махсус доштанд.
Дар идомаи маъруза масъалаҳои ташаккули низоми нави давлатдорӣ, зарурати муайян намудани асосҳои ҳуқуқии фаъолияти мақомоти давлатӣ, таъмини суботи сиёсӣ ва эҷоди заминаҳои мусоид барои рушди минбаъдаи кишвар баррасӣ гардиданд. Таъкид шуд, ки қабули Конститутсия дар шароити мураккаби солҳои аввали соҳибистиқлолӣ барои муайян намудани роҳи минбаъдаи рушди давлат ва ҷомеа аҳаммияти тақдирсоз дошт.
Сипас, мудири кафедраи ҳуқуқи иқтисодӣ, доктори илмҳои ҳуқуқшиносӣ, профессор Ҷамрод Бобозода дар мавзуи «Нақши Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ташаккули низоми фаъолияти ҳуқуқэҷодкунӣ» маъруза пешниҳод намуда, ба масъалаи ҳуқуқу озодиҳои инсон дар низоми конститутсионии кишвар таваҷҷуҳи хос зоҳир кард.
Мавсуф таъкид намуд, ки яке аз арзишҳои бунёдии Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон эътирофи инсон, ҳуқуқ ва озодиҳои ӯ ба сифати арзиши олӣ мебошад. Ин меъёри муҳим дар моддаи 5-и Конститутсия мустаҳкам гардида, масъулияти давлатро дар самти эътироф, риоя ва ҳифзи ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд муайян менамояд.
Дар ин замина, ҳуқуқ ба ҳаёт, озодӣ, дахлнопазирии шахс, баробарӣ дар назди қонун, озодии сухан, виҷдон, интихоби касбу кор, таҳсил ва дигар ҳуқуқу озодиҳои бунёдӣ ҳамчун ҷузъи муҳими низоми конститутсионии кишвар шарҳ дода шуданд.
Қайд гардид, ки таъмини воқеии ҳуқуқу озодиҳои инсон аз фаъолияти босамари мақомоти давлатӣ, такмили қонунгузорӣ, волоияти қонун ва баланд бардоштани маърифати ҳуқуқии ҷомеа вобастагии мустақим дорад. Аз ин рӯ, Конститутсия на танҳо ҳуҷҷати муайянкунандаи сохтори давлат, балки кафили ҳуқуқии озодии инсон, адолати иҷтимоӣ ва заминаи ташаккули ҷомеаи шаҳрвандӣ мебошад.
Дар ҷараёни ҳамоиш иштирокчиён ҳамчунин доир ба зарурати таҳкими фарҳанги ҳуқуқӣ, баланд бардоштани маърифати сиёсии ҷавонон, эҳтиром ба арзишҳои конститутсионӣ ва саҳми муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ дар тарбияи шаҳрвандони соҳибмаърифат ва қонунмеҳвар ибрози андеша карданд.
Таъкид шуд, ки донишгоҳ ҳамчун муассисаи бонуфузи илмӣ ва таълимӣ дар баробари омода намудани мутахассисони баландихтисос бояд дар ташаккули ҷаҳонбинии ҳуқуқӣ, ҳисси худшиносии миллӣ ва мавқеи фаъоли шаҳрвандии ҷавонон низ саҳми арзанда гузорад. Зеро донистани Конститутсия ва дарки амиқи меъёрҳои он барои ҳар як шаҳрванд на танҳо зарурати ҳуқуқӣ, балки нишонаи маърифати сиёсӣ ва масъулияти шаҳрвандӣ мебошад.
Дар ҷамъбасти ҳамоиш як қатор устодони варзидаи донишгоҳ барои саҳми арзанда гузоштанашон дар фаъолияти таълимию илмӣ, тарбияи кадрҳои баландихтисос ва рушди муассиса бо Ифтихорномаи Донишгоҳи давлатии молия ва иқтисоди Тоҷикистон сарфароз гардонида шуданд. Ҳамчунин, меҳмонони чорабинӣ барои иштирок ва саҳмгузорӣ дар баргузории ҳамоиш бо туҳфаҳои хотиравии донишгоҳ қадрдонӣ шуданд.
Ҳамоиши мазкур дар фазои тантанавӣ ва руҳияи баланди ватандӯстӣ баргузор гардида, имкон фароҳам овард, ки масъалаҳои муҳими марбут ба нақши Конститутсия дар таҳкими давлатдории миллӣ, ҳифзи ҳуқуқу озодиҳои инсон, рушди низоми ҳуқуқӣ ва ҳимояи манфиатҳои миллӣ аз дидгоҳҳои гуногуни илмӣ ва сиёсӣ мавриди баррасӣ қарор гиранд.
Воқеан, Конститутсия шиносномаи давлат, таҷассумгари иродаи халқ ва шоҳсутуни низоми ҳуқуқии ҷомеа мебошад. Арзишҳои он дар эҳтироми инсон, таъмини адолат, волоияти қонун, ҳифзи манфиатҳои миллӣ ва масъулияти шаҳрвандон дар назди давлату ҷомеа таҷассум меёбанд.
Тавре дар суханони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъкид шудааст: “Конститутсия - асоси давлатдорӣ, кафили ҳуқуқу озодиҳои инсон ва рамзи ваҳдати миллат аст. Эҳтиром ба Конститутсия - эҳтиром ба қонун, давлат ва ояндаи ҷомеа мебошад”.
Ин андеша мазмуну моҳияти ҳамоиши баргузоршударо низ ифода намуда, бори дигар собит месозад, ки устувории давлатдорӣ аз эҳтиром ба қонун, маърифати ҳуқуқии ҷомеа, ҳифзи манфиатҳои миллӣ ва садоқати шаҳрвандон ба арзишҳои конститутсионӣ сарчашма мегирад.
Муҳаммадалӣ ОЧИЛДИЕВ,
сардори шуъбаи иттилоот ва нашрияи ДДМИТ
Тоҷ
Рус
Eng