НИШОНАИ ЭҲТИРОМ ВА АРҶГУЗОРӢ БА ДАВЛАТДОРИИ МИЛЛӢ
14 ноябри соли равон бахшида ба Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар факултети муносибатҳои иқтисодии байналмилалии донишгоҳ таҳти унвони «Таҷлили Рӯзи Президент - нишонаи эҳтиром аст» ҳамоиши сиёсӣ-тарбиявӣ доир гардид.
Дар ҳамоиш муовини ректор оид ба тарбия Шаҳноза Ғафорова ва профессори фахрии Академияи идоракунии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Маҳмадулло Наимов иштирок намуда, доир ба аҳаммияти таърихии Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, нақши Иҷлосияи XVI Шурои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ташаккули давлатдории миллӣ ва дастовардҳои даврони соҳибистиқлолӣ андешаронӣ карданд.
Дар оғоз Шаҳноза Ғафорова ҳамоишро ифтитоҳ намуда, ҳозиринро ба муносибати Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон табрик гуфт. Номбурда зимни суханронии худ доир ба ташаббусҳои созанда ва тадбирҳои муҳимми роҳбарияти давлат дар самти таҳкими пояҳои давлатдорӣ, таъмини сулҳу субот ва рушди соҳаҳои гуногуни ҳаёти ҷомеа ибрози назар намуда, таъкид кард, ки имрӯз дар Тоҷикистон мактаби муосири давлатдории миллӣ ташаккул ёфтааст, ки он яке аз омилҳои муҳими таҳкими субот ва рушди минбаъдаи кишвар ба ҳисоб меравад.
Сипас, Маҳмадулло Наимов доир ба ташаббусҳои байналмилалии Тоҷикистон ва иқдомҳои роҳбарияти давлат дар самти рушди соҳаи маориф ва дастгирии ҷавонон суханронӣ намуда, аҳаммияти таърихии Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Иҷлосияи XVI Шурои Олиро мавриди баррасӣ қарор дод.
Мавсуф таъкид намуд, ки бо гузашти зиёда аз се даҳсола аз баргузории Маҳмадулло Наимов зимни таҳлили вазъи сиёсиву иҷтимоии он давра иброз дошт, ки буҳрони шадиди сиёсӣ ва ноустувории сохторҳои ҳокимият раванди ташаккули муносибатҳои ҷамъиятӣ ва идоракунии давлатро ба мушкилоти ҷиддӣ рӯ ба рӯ карда буданд. Дар чунин шароит масъалаи барқарор намудани сохти давлатдорӣ, ба эътидол овардани вазъи сиёсӣ ва фароҳам овардани заминаҳои сулҳу субот аҳаммияти аввалиндараҷа дошт. Интихоби роҳбарияти нав дар Иҷлосияи XVI ба оғози марҳилаи муҳими таърихӣ дар ҳаёти кишвар мусоидат намуд.
Дар фарҷоми ҳамоиш таъкид гардид, ки баргузории чунин чорабиниҳои сиёсӣ ва маърифатӣ дар баланд бардоштани ҳисси худшиносии миллӣ, ватандӯстӣ, эҳтиром ба таърихи давлатдорӣ ва арзишҳои истиқлолият аҳаммияти муҳим дорад.
Тағоймурод ЭШЗОДА
Тоҷ
Рус
Eng