ОМӮЗИШИ ТАҶРИБАИ ҶОПОН
Рӯзи 28-уми апрели соли равон дар факултети иқтисоди рақамӣ ва технологияҳои инноватсионӣ дар мавзуи «Омӯзиши таҷрибаи Ҷопон дар самти рушди таҳсилоти олӣ ва ҳамкориҳои байналмилалӣ» семинар доир гардид.
Бояд зикр намуд, ки семинари мазкур аз ҷониби муовини ректор оид ба робитаҳои байналмилалӣ Парвиз Ғафуров пас аз иштирок дар барномаи омӯзишии Агентии ҳамкориҳои байналмилалии Ҷопон (JICA) таҳти унвони «Омӯзиши олимони ҷавон аз донишгоҳҳо ва муассисаҳои тадқиқотии Ҷумҳурии Тоҷикистон» баргузор карда шуд.
Дар ҷараёни семинар ба устодони факултет таҷрибаи муассисаҳои таҳсилоти олии Ҷопон дар самтҳои рақамикунонии низоми таҳсилот, ташкили равандҳои муосири таълим, рушди иқтидори илмӣ ва таҳкими ҳамкориҳои байналмилалӣ муаррифӣ гардид.
Ҳамзамон масъалаҳои марбут ба истифодаи технологияҳои муосири таълимӣ, таҳсилоти онлайн ва татбиқи усулҳои инноватсионии омӯзиш мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.
Ба иштирокчиёни семинар, инчунин, маълумот оид ба низоми COIL (Collaborative Online International Learning), ки ба рушди ҳамкориҳои байналмилалии онлайн байни донишгоҳҳо равона гардидааст, пешниҳод карда шуд.
Дар доираи семинар шаклҳои асосии ҳамкориҳои академӣ дар донишгоҳҳои Ҷопон, аз ҷумла: DP (Degree Program) - барномаи дараҷавӣ; CP (Certificate Program) - барномаи сертификатсионӣ ва AP (Academic Program) — барномаи академӣ ё модулӣ муаррифӣ ва шарҳ дода шуданд.
Дар анҷом иштирокчиёни семинар доир ба масъалаҳои истифодаи таҷрибаи байналмилалӣ дар такмили фаъолияти таълимӣ ва илмии муассисаҳои таҳсилоти олии Ҷумҳурии Тоҷикистон мубодилаи афкор намуданд.
Шуъбаи иттилоот ва нашрия
Тоҷ
Рус
Eng