ТАҲКИМИ РОБИТАҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ
Дар доираи таҳкими робитаҳои байналмилалӣ ва рушди ҳамкориҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон бо шарикони хориҷӣ, намояндагони Шурои Британия бо мақсади баррасии масъалаҳои рушди ҳамкорӣ дар соҳаи маориф, аз ҷумла татбиқи барномаи «Вусъатбахшии омӯзиши забони англисӣ дар Осиёи Марказӣ-AELLCA» рӯзҳои 1-9 октябри соли 2026 ба Ҷумҳурии Тоҷикистон ташриф оварданд.
Ташрифи Майкл Ҳоулгейнт ба Донишгоҳи давлатии молия ва иқтисоди Тоҷикистон санаи 8-уми октябри соли равон барои таҳкими робитаҳои байналмилалӣ, табодули таҷриба ва баррасии имкониятҳои нави ҳамкории таълимӣ ва академӣ заминаи мусоид фароҳам овард.
Дар оғози вохӯрӣ меҳмонро муовини ректор оид ба робитаҳои байналмилалӣ Парвиз Ғафуров самимона истиқбол намуда, барои ташриф ва таваҷҷуҳ ба рушди ҳамкориҳои соҳаи маориф изҳори сипос намуд. Таъкид гардид, ки рушди ҳамкориҳои байналмилалӣ, истифодаи таҷрибаи пешқадами хориҷӣ ва таҳкими робитаҳои академӣ аз самтҳои муҳими фаъолияти донишгоҳ ба ҳисоб мераванд.
Зимни суханрони Парвиз Ғафуров бобати аҳамияти таҳкими ҳамкориҳои байналмилалӣ таъкид намуда, оид ба иқтидори таълимӣ, самтҳои фаъолияти донишгоҳ ва имкониятҳои рушди ҳамкориҳои минбаъда маълумот пешниҳод кард.
Дар рафти мулоқот масъалаҳои рушди таълими забони англисӣ, баланд бардоштани сатҳи касбии омӯзгорон, табодули таҷриба, иштироки донишҷӯён ва омӯзгорон дар барномаҳои байналмилалӣ, курсҳои такмили ихтисос ва сафарҳои омӯзишӣ мавриди баррасӣ қарор гирифтанд. Аз ҷониби донишгоҳ пешниҳод гардид, ки дар доираи имкониятҳои мавҷуда масъалаи дастгирии синфхонаҳои омӯзиши забони англисӣ, аз ҷумла таъмин намудани онҳо бо таҷҳизоти муосири таълимӣ, маводи таълимӣ ва дигар захираҳои зарурӣ мавриди баррасӣ қарор гирад.
Ҳамчунин, таваҷҷуҳ ба фароҳам овардани имкониятҳо барои такмили ихтисоси омӯзгорон ва рушди малакаҳои касбии онҳо, инчунин фароҳам овардани имкониятҳои омӯзишӣ барои донишҷӯён ва ба даст овардани таҷрибаи байналмилалӣ равона карда шуд.
Ҷонибҳо омодагии худро барои идомаи муколама ва омӯзиши имкониятҳои нави ҳамкорӣ иброз намуда, таъкид карданд, ки рушди ташаббусҳои муштарак дар соҳаи маориф метавонад ба таҳкими муносибатҳои дарозмуддат ва мутақобилан судманд мусоидат намояд.
Тағоймурод ЭШЗОДА
Тоҷ
Рус
Eng