Санаи 24 октябри соли равон тибқи нақшаи баргузории дарсҳои кушоди кафедраи фаъолияти бонкии факултети молия ва қарзи донишгоҳ, дарси кушод дар мавзуи «Таҳлил ва арзёбии пардохтпазирии низоми бонкӣ» баргузор гардид. Дарсро доктори илмҳои иқтисодӣ, профессори кафедраи фаъолияти бонкӣ Баҳром Шарифзода баргузор намуда, дар он масъалаҳои муҳимми марбут ба таъмини пардохтпазирӣ ва устувории низоми бонкӣ мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.

Баҳром Шарифзода оид ба моҳият ва аҳаммияти пардохтпазирии бонкҳои тиҷоратӣ, талаботу меъёрҳои муқаррарнамудаи Бонки миллии Тоҷикистон ва стандартҳои байналмилалии Базел маълумоти муфассал пешниҳод намуд. Ҳамзамон, масъалаҳои татбиқи стандартҳои мазкур дар низоми бонкии кишвар ва нақши онҳо дар таҳкими суботи молиявӣ баррасӣ гардиданд.

Дар фарҷоми дарс профессор Баҳром Шарифзода аҳаммияти пардохтпазириро ҳамчун омили асосии таъмини фаъолияти мунтазам ва устувори низоми бонкӣ ва рушди иқтисодиёти кишвар таъкид намуд.

 

Шуъбаи иттилоот ва нашрия