“Парчами Тоҷикистонро дар саҳнаи байналмилалӣ парафшон кардан барои ман шарафи бузург буд”

Рӯзҳои 27 сентябр - 2 октябр дар Донишгоҳи федералии Сибир, воқеъ дар шаҳри Красноярски Федератсияи Русия, Олимпиадаи шашуми байналмилалӣ оид ба амнияти молиявӣ баргузор гардид. Дар он беш аз 700 донишҷӯ аз 46 кишвари ҷаҳон ва чор қитъаи олам иштирок намуданд. Рақобат аз рӯйи самтҳои амнияти иқтисодӣ, амнияти иттилоотӣ, муносибатҳои байналмилалӣ ва ҳуқуқшиносӣ сурат гирифт.

Дар ин майдони бузурги рақобат донишҷӯи соли чоруми факултети муносибатҳои иқтисоди байналмилалии Донишгоҳи давлатии молия ва иқтисоди Тоҷикистон Азизов Умедҷон Киромиддинович ҷойи дуюмро соҳиб шуд.