Рӯзи 24-уми сентябри соли 2026 бо мақсади баланд бардоштани сатҳи маърифатнокӣ, танзими қоидаҳои будубош ва тарбияи ахлоқии ҷавонон, сардори раёсати ташкилию тарбиявӣ Сиёвуш Ҳабибзода ва эдвайзер оид ба тарбияи факултети ҳисобдорӣ ва омор Исматулло Ҷумаев бо донишҷӯёни муқими хобгоҳи №1-и ДДМИТ мулоқот анҷом доданд.

​Зимни вохӯрӣ масъулин атрофи масъалаҳои мубрами ҳаёти донишҷӯён ва тартиботи дохилии хобгоҳ суханронӣ намуда, таваҷҷуҳи ҳозиринро ба нуктаҳои зерин ҷалб намуданд:

​ -   Риояи қатъии реҷаи даромаду баромад дар хобгоҳ;

  - Тозаву озода нигоҳ доштани ҳуҷраҳои истиқоматӣ ва гирду атрофи он;

  -  Эҳтироми байниҳамдигарӣ ва муносибати дӯстона бо ҳамҳуҷрагон;

  -  Қатъиян дурӣ ҷустан аз одатҳои номатлуб ва маводи мамнӯъ (машрубот, нос, сигор), инчунин мунтазам машғул шудан ба машқҳои пагоҳрӯзӣ;

 -   Истифодаи мақсадноку дурусти телефонҳои мобилӣ ва интернет;

  - Огоҳӣ аз хатарҳои муосир ва дурӣ ҷустан аз шабакаҳои интернетии дорои хусусияти экстремистию террористӣ;

   - Иштироки фаъолона ва мунтазам дар чорабиниҳои сиёсӣ, тарбиявӣ ва ҷамъиятии Донишгоҳ.

​Дар ҷараёни мулоқот таъкид гардид, ки риояи ин талаботҳо на танҳо барои таъмини тартиботи ҷамъиятӣ, балки барои таҳсили босамар ва ташаккули шахсияти ҳар як донишҷӯ ҳамчун мутахассиси арзанда ва шаҳрванди ватандӯст заминаи мустаҳкам мегузорад.

​Вохӯрӣ дар фазои озоду самимӣ доир гардида, донишҷӯён ба суолҳои худ посухҳои мушаххас гирифтанд.

Исматулло ҶУМАЕВ,

эдвайзер оид ба тарбияи факултети  ҳисобдорӣ ва омор