6 октябри соли ҷорӣ дар китобхонаи илмии ДДМИТ бо ташаббуси элвайзер оид ба тарбияи факултети фаъолияти гумрукӣ ва амнияти иқтисодӣ Камолзода Абдулло Маҳмадмурод барои донишҷӯёни курси якуми ихтисоси 1-960101 дар мавзуи «Забон - ҷони миллат ва омӯзгор - меъмори инсон» дарси тарбиявӣ доир гардид.

Дар ҷараёни дарс зикр гардид, ки забон яке аз рукнҳои асосии ҳастии миллат буда, дар ҳифзи таърих, фарҳанг ва арзишҳои миллӣ нақши муҳим дорад. Дар ин замина, донишҷӯён ба риояи меъёрҳои забони давлатӣ, истифодаи дурусти он ва арҷгузорӣ ба забони модарӣ ҳидоят карда шуданд.

Ҳамчунин, дар бораи мақоми омӯзгор дар ҷомеа ва нақши ӯ дар ташаккули ҷаҳонбинӣ, маънавиёт ва ахлоқи насли ҷавон андешаронӣ сурат гирифт. Гуфта шуд, ки омӯзгор ҳамчун роҳнамои маънавӣ ва тарбиятгари насли оянда дар камолоти шахсият ва рушди ҷомеа саҳми назаррас дорад.

Дар идомаи дарс донишҷӯён фаъолона иштирок намуда, андешаҳои худро вобаста ба мавзуи баррасишуда баён карданд. Ҳамзамон, ба масъалаи китобхонӣ ва истифодаи самараноки имкониятҳои китобхона таваҷҷуҳи махсус зоҳир гардид.

 

Шуъбаи иттилоот ва нашрия