Вазифа: н.и.ф., иҷрокунандаи вазифаи дотсенти кафедраи забонҳои хориҷии Донишгоҳи давлатии молия ва иқтисоди Тоҷикистон

Миллат: тоҷик

Таҳсилот:
олӣ, соли 1998 Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон,
соли 2006 Донишкадаи андоз ва ҳуқуқро хатм кардааст.

Ихтисос: муаллими забони англисӣ-франсавӣ, менеҷмент, иқтисодчӣ

Дараҷаи илмӣ: номзади илмҳои филологӣ

Унвони илмӣ: иҷрокунандаи вазифаи дотсент

Кадом забонҳои хориҷиро медонад: англисӣ, русӣ, форсӣ

Вакили Маҷлиси вакилони халқ ҳаст ё не: не

Бо мукофотҳои давлатӣ сарфароз гардонида шудааст:
соли 2014 — «Аълочии маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон»


Кор ва фаъолияти собиқа

Солҳои 1993–1998 — Донишҷӯи Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Қ. Ҷӯраев, шаҳри Душанбе

Солҳои 2003–2006 — Донишҷӯи Донишкадаи андоз ва ҳуқуқ, шаҳри Душанбе

Солҳои 1997–1999 — Муаллими фанни забони англисии мактаби миёнаи №55-и шаҳри Душанбе

Солҳои 1999–2000 — Муаллим дар кафедраи илмҳои башарии Донишкадаи такмили ихтисоси табибони Ҷумҳурии Тоҷикистон

Солҳои 2001–2003 — Ходими хурди илмии шуъбаи шарқи муосир, Институти мероси хаттии Тоҷикистон, шаҳри Душанбе

Солҳои 2003–2006 — Муаллими забони англисӣ дар кафедраи забонҳои Донишкадаи андоз ва ҳуқуқ, шаҳри Душанбе

Солҳои 2010–2011 — Муаллими калони кафедраи «Забонҳо»-и Донишкадаи андоз ва ҳуқуқ, шаҳри Душанбе

Солҳои 2012–2014 — Муаллими калони кафедраи забонҳои хориҷии Донишкадаи молия ва иқтисоди Тоҷикистон, шаҳри Душанбе

Солҳои 2014–2018 — Мудири шуъбаи ҳамкориҳои байналмилалии Донишкадаи молия ва иқтисоди Тоҷикистон, шаҳри Душанбе

Солҳои 2018–2022 — Муаллими калони кафедраи забонҳои хориҷии Донишгоҳи давлатии молия ва иқтисоди Тоҷикистон, шаҳри Душанбе

Солҳои 2022–2023 — н.и.ф., муаллими калони кафедраи забонҳои хориҷии Донишгоҳи давлатии молия ва иқтисоди Тоҷикистон, шаҳри Душанбе

Аз сентябри соли 2023 то ҳоло — н.и.ф., иҷрокунандаи вазифаи дотсенти кафедраи забонҳои хориҷии Донишгоҳи давлатии молия ва иқтисоди Тоҷикистон, шаҳри Душанбе


КОРҲОИ ИЛМӢ-ТАДҚИҚОТӢ

I. Китобҳои дарсӣ

  1. «English for You» — китоби дарсии забони англисӣ. Нашриёти «Ирфон», Душанбе, 2005. – 175 саҳ.
  2. «English For You» // Диловаров М.М., Салоҳиддинов В. Ю., Бодамаев М. У. — «Ҷонибек», Душанбе, 2010. – 168 саҳ.

II. Монография

  1. «Истилоҳоти хешутабории лаҳҷаҳои ҷанубу шарқии забони тоҷикӣ (бо истифода аз маводи забони англисӣ)» — Душанбе, 2023. – 152 саҳ.
  2. Монографияи дастаҷамъона аз ҷониби омӯзгорони кафедраи забонҳои хориҷӣ — Душанбе, 2023. – 144 саҳ.

III. Мақолаҳои илмӣ

  1. «Усулҳои морфологии ташаккули истилоҳоти хешутаборӣ дар забонҳои тоҷикӣ ва англисӣ» // Паёми ДМТ, 2017, №4-6. – С. 69–71.
  2. «Баъзе хусусиятҳои таркиби калимаҳо дар истилоҳоти хешутаборӣ дар забонҳои тоҷикӣ ва англисӣ» // Паёми ДМТ, 2017, №4-7. – С. 160–162.
  3. «Истилоҳ ва хусусиятҳои асосии он» // Паёми ДМТ, 2018, №3. – С. 118–123.
  4. «Истилоҳоти хешутаборӣ дар забони тоҷикӣ аз замонҳои қадим то имрӯз» // Ахбори Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, 2021, №4. – С. 282–288.
  5. «Таснифоти синонимҳо дар забонҳои тоҷикӣ ва англисӣ» // Ахбори Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, 2025, №2 (280). – С. 243–247.
  6. «Таҳлили вожаи кишоварзӣ ва муодилҳои он дар забонҳои тоҷикӣ ва англисӣ» // Маводи конфронси илмӣ-байналмилалӣ, Душанбе, 2024. – С. 128–129.
  7. «Паёмҳои Пешвои миллат ва нақши онҳо дар рушди забони давлатӣ» // Маводи конференсияи ҷумҳуриявии илмӣ-назариявӣ, Душанбе, 2025. – С. 11–16.
  8. «Инновационные методы преподавания иностранных языков с использованием передовых технологий: опыт Таджикистана и мировые практики» // Материалы республиканской научно-теоретической конференции, Душанбе, 2025. – С. 335–340.
  9. «Внедрение современных методов изучения иностранных языков, в том числе с использованием цифровых технологий» // Материалы международной научно-теоретической конференции, Душанбе, 2025. – С. 239–242.