Маълумотнома

Дар бораи ҳаёт ва фаъолияти Мирсаидов Саидакмал Аврорович

Мирсаидов Саидакмал Аврорович 17 июли соли 1985 дар шаҳри Душанбе дар оилаи зиёӣ таваллуд шудааст. Соли 2001 баъди хатми мактаби миёнаи рақами 1-и шаҳри Хуҷанд ба факултети молия ва менеҷменти Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон дохил шуда, онро соли 2006 бо дипломи аъло аз рӯи ихтисоси иқтисодчӣ (идоракунии давлатӣ ва маҳаллӣ) хатм намудааст.

Фаъолияти меҳнатии худро дар кафедраи маркетинг-агробизнеси ДДҲБСТ ҳамчун ассистент оғоз кардааст. Соли 2007 ба ҳайси унвонҷӯ фаъолияти илмӣ оғоз намуда, соли 2010 рисолаи номзадиро дар мавзӯи «Такмилдиҳии механизмҳои бозории истифодабарии заминҳои таъиноти кишоварзӣ (дар мисоли вилояти Суғд)» бомуваффақият дифоъ намуд.

Баъдан дар вазифаҳои муаллими калон, дотсент ва мудири кафедраи маркетинг-агробизнес фаъолият кардааст. Дар баробари фаъолияти педагогӣ, соли 2020 рисолаи докториро дар мавзӯи «Қонуниятҳои рушди муносибатҳои замин ва механизмҳои танзими онҳо дар бахши иқтисодиёти аграрӣ» дар Шӯрои диссертатсионии назди ДМТ дифоъ намудааст.

Фаъолияти ҳозира

Аз моҳи августи соли 2021 профессор ва мудири кафедраҳои гуногун дар Донишгоҳи давлатии молия ва иқтисоди Тоҷикистон фаъолият намудааст. Дар ҳоли ҳозир вазифаи муовини якуми ректор оид ба таълимро иҷро мекунад.

Дастовардҳои илмӣ

Муаллифи зиёда аз 90 корҳои илмӣ, монографияҳо ва дастурҳои таълимӣ мебошад, аз ҷумла 5 монография:

  • «Рыночная трансформация аграрного землепользования…», Душанбе, 2012
  • «Закономерности развития земельных отношений…», Душанбе, 2021
  • «Государственное регулирование внешнеэкономических отношений…», Душанбе, 2022
  • «Таъмини самаранокии ташкили истеҳсолоти кишоварзӣ…», Душанбе, 2023

Роҳбарии илмӣ

Дар тайёр намудани кадрҳои илмӣ саҳми назаррас дорад. Зери роҳбарии ӯ 4 нафар аспирант ва унвонҷӯ рисолаҳои номзадии худро бомуваффақият ҳимоя кардаанд.