БЕХАБАР НАМОНЕД!
Ба таваҷҷуҳи донишҷўён ва магистрантон расонида мешавад, ки ба муносибати таҷлили сазовори 30-солагии Донишгоҳи давлатии молия ва иқтисоди Тоҷикистон дар ҳошияи 35-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузории озмуни “Беҳтарин табрикоту таманниёт дар васфи донишгоҳ (шеъру тарона, эссе, мақола, нақшу сӯзаниҳо дар плакат ва матоъҳо, аксҳо ва наворҳои тасвирӣ)” ба нақша гирифта шудааст.
Хоҳишмандон метавонанд маводи эҷодкардаи худро дар доираи талаботи жанрҳои дар боло зикршуда ба шуъбаи иттилоот ва нашрия, воқеъ дар бинои 5-ум, ошёнаи 3-юм пешниҳод намоянд.
Эзоҳ: Қабули маводҳо бе маҳдудият аз рӯзи чопи эълон то 26 -уми апрели соли 2026 давоми ду моҳ қабул карда мешаванд.
Ғолибон баъди баҳогузории ҳайати доварон аз ҷониби Раёсати донишгоҳ бо туҳфаҳои хотиравӣ ва ифтихорномаҳо сарфароз гардонида мешаванд.
Тоҷ
Рус
Eng