БЕХАБАР НАМОНЕД!
Ба таваҷҷуҳи донишҷўён ва магистрантон расонида мешавад, ки ба муносибати таҷлили сазовори 30-солагии Донишгоҳи давлатии молия ва иқтисоди Тоҷикистон дар ҳошияи 35-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузории озмуни “Беҳтарин мақолаи вокунишӣ ва таблиғотӣ” ба нақша гирифта шудааст.
Хоҳишмандон метавонанд мақолаҳои худро ба шуъбаи иттилоот ва нашрия, воқеъ дар бинои 5-ум, ошёнаи 3-юм пешниҳод намоянд.
Эзоҳ: Мақолаҳо дар ҳаҷми то 2-саҳифаи чопӣ ва электронӣ бо ҳуруфи Times New Roman Tj, андозаи 14, фосилаи байни сатрҳо 1,15 аз рӯзи чопи эълон то 20 -уми марти соли 2026 давоми як моҳ қабул карда мешаванд.
Ғолибон баъди баҳогузории ҳайати доварон аз ҷониби Раёсати донишгоҳ бо туҳфаҳои хотиравӣ ва ифтихорномаҳо сарфароз гардонида мешаванд.
Тоҷ
Рус
Eng