Ба таваҷҷуҳи ҳайати омӯзгорон расонида мешавад, ки ба муносибати таҷлили сазовори 30-солагии Донишгоҳи давлатии молия ва иқтисоди Тоҷикистон дар ҳошияи 35-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳия ва нашри  Photo Book  ва монографияи коллективии ҷашнӣ оид ба таърих, марҳилаҳои рушд ва шахсиятҳои таърихии донишгоҳ “Беҳтарин табрикоту таманниёт дар васфи донишгоҳ (шеъру тарона, эссе, мақола, нақшу сӯзаниҳо дар плакат ва матоъҳо, аксҳо ва наворҳои тасвирӣ)” ба нақша гирифта шудааст.

Хоҳишмандон метавонанд мақола ва аксу албомҳои худро ба шуъбаи иттилоот ва нашрия, воқеъ дар бинои 5-ум, ошёнаи 3-юм  пешниҳод намоянд.

Эзоҳ: Мақолаҳо дар ҳаҷми то 2-саҳифаи чопӣ ва электронӣ бо ҳуруфи Times New Roman Tj, андозаи 14, фосилаи байни сатрҳо 1,15 ва аксу албомҳо бемаҳдуд аз рӯзи чопи эълон то 28 -уми марти соли 2026 давоми як моҳ қабул карда мешаванд.

Маводи беҳтарини дастаҷамъонаи омӯзгорон баъди баҳогузории ҳайати доварон дар шакли китоби алоҳида бо сифати баланд аз ҷониби Раёсати донишгоҳ ба нашр тавсия мегардад.