ДОНИШГОҲИ ДАВЛАТИИ МОЛИЯ ВА ИҚТИСОДИ ТОҶИКИСТОН Шуъбаи омодакунии кадрҳои илмӣ ва илмӣ-педагогӣ
ДОНИШГОҲИ ДАВЛАТИИ МОЛИЯ ВА ИҚТИСОДИ ТОҶИКИСТОН
Шуъбаи омодакунии кадрҳои илмӣ ва илмӣ-педагогӣ
Қабули ҳуҷҷатҳоро ба зинаи докторантура доктори фалсафа (PhD) доктор аз рўйи ихтисос барои соли таҳсили 2025-2026 дар шуъбаи рўзона аз рўи ихтисосҳои зерин эълон менамояд:
6D050600 –Иқтисодиёт;
6D051000 - Идоракунии давлатӣ ва маҳаллӣ;
6D052000 - Бизнес-маъмуриятчигӣ;
6D090200 – Туризм;
6D091200 - Фаъолияти тарабхона ва бизнес меҳмонхона;
6D050700 – Менеҷмент;
6D050601 - Назарияи умумиии иқтисодӣ (иқтисоди сиёсӣ);
6D050606 - Иқтисодиёти минтақавӣ ва ҳудудӣ;
6D050607 - Иқтисодиёти саноат ва энергетика;
6D050611 - Хизматрасонӣ дар соҳаи илм, маориф ва иҷтимоиёт;
6D050801 - Баҳисобгирии муҳосиби ва аудит;
6D050901 - Молия, муомилоти пулӣ ва қарз;
6D051300 - Иқтисодиёти ҷаҳонӣ%;
6D052002 - Иқтисодиёти соҳибкорӣ.
ШАРТҲОИ ҚАБУЛ
Ба докторантура доктори фалсафа (PhD) доктор аз рўйи ихтисос, дар асоси озмун шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон, шаҳравандони хориҷӣ ва шахсони бетабаият, ки дар Ҷумҳурии Тоҷикистон доимӣ истиқомат мекунанд ва дараҷаи академии магистр доранд, дар шакли таҳсили рўзона қабул карда мешаванд.
Барои шаҳрвандони хориҷӣ ва шахсони бетабаият таҳсил дар докторантура доктори фалсафа (PhD) доктор аз рўйи ихтисос пулакӣ мебошад.
Муҳлати таҳсил: - 3 сол, шакли таҳсил рўзона.
Таҳсил дар докторантура ройгон ва пулакӣ мебошад.
Ариза ба номи ректори донишгоҳ бо замимаи ҳуҷҷатҳои зерин пешниҳод карда мешаванд:
- нусхаи шиноснома;
- анкетаи дохилшаванда ба докторантура;
- нусхаи нотариалӣ тасдиқкардашудаи дипломҳои таҳсилоти олӣ ва баъдидипломӣ ва замимаҳои он (дипломи бакалавр ва магистр);
- варақаи шахсии баҳисобгирии кадрҳо;
- нусхаи дафтарчаи меҳнатӣ, ки аз тарафи шуъбаи кадрҳо тасдиқ карда шудааст (ҳангоми доштани собиқаи корӣ);
- сертификати супурдани имтиҳонҳои иловагӣ аз забони хориҷӣ, дар сурати мавҷуд будан;
- мактубҳои тавсиявӣ (бо тасдиқи муҳри ташкилот);
- рўйхати чопи мақолаҳои илмӣ ва корҳои таълимӣ- методӣ (дар ҳолати надоштан, пешниҳод намудан реферат аз руи ихтисос бо тақризи на камтар аз ду мутахассиси соҳа);
- асосномаи таҳқиқоти диссертатсионии ба нақшагирифташуда дар мувофиқа бо мушовири илмии ватанӣ ё хориҷӣ (тибқи дархости муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ ва илмӣ) ;
- тасдиқномаи тиббӣ шакли 038-У;
- 6 расми андозаи 3х4.
Довталабоне, ки ба докторантураи донишгоҳ қабул мешаванд, бояд яке аз забонҳои хориҷӣ (англисӣ, немисӣ, франсузӣ, чинӣ ва ѓайра)-ро озодона донанд. Бо ин мақсад, довталабони докторантура дар баробари имтиҳонҳои дохилшавӣ аз ихтисос, инчунин аз яке аз забонҳои хориҷӣ имтиҳонҳои дохилшавӣ месупоранд. Шаҳрвандони хориҷие, ки ба докторантураи донишгоҳ хоҳиши дохилшавӣ доранд, иловатан аз фанни забони тоҷикӣ имтиҳони дохилшавӣ месупоранд.
Қабули ҳуҷҷатҳо аз 01.07.2024 то 25.08.2024
Барои маълумоти иловагӣ ба шуъбаи омодакунии кадрҳои илмӣ ва илмӣ-педагогии Донишгоҳи давлатии молия ва иқтисоди Тоҷикистон.
Нишонаи мо: ш.Душанбе, кўч.Нахимов 64/14 (шаҳраки Гипрозем), бинои №1, ошёнаи 4-ум. тел +992902-528686
Тоҷ
Рус
Eng