Комиссияи қабули Муассисаи таълимии “Донишгоҳи давлатии молия ва иқтисоди Тоҷикистон" шуруъ аз 25.07.2025 ҳуҷҷатҳои довталабонеро, ки пас аз эълони Маркази миллии тестӣ ба донишгоҳ роҳхат ёфтаанд, қабул менамояд.
Қабули ҳуҷҷатҳо ҳамарӯза дар бинои марказии донишгоҳ воқеъ дар шаҳри Душанбе, ноҳияи Сино, кӯчаи Нахимов 64/14 ба роҳ монда шудааст.
Довталабоне, ки ба донишгоҳ роҳхат гирифтаанд, бояд ҳуҷҷатҳои зеринро бо худ дошта бошанд:
- Аттестат ва замимаи он (асл).
- Шиноснома (бо 1 дона нусха).
- Шаҳодатномаи ҳарбӣ (бо 1 дона нусха) – барои писарон.
- Маълумотномаи тиббӣ – шакли 038.
- Расми андозаи 3х4 – 6 дона.
- Ариза ба номи ректори донишгоҳ (дар Қомиссяи қабули донишгоҳ дода мешавад).
- Шартнома бо расиди пардохти маблағи таҳсил (дар Комиссияи қабули донишгоҳ дода мешавад) – барои донишҷӯёне, ки ба гурӯҳҳои шартномавӣ ҳуҷҷат месупоранд.
Телефон барои тамос: 2-31-0201, 938048811, 987579292, 972722225, 554554244.
Тоҷ
Рус
Eng