ХУШХАБАР
📰 СОМОНАИ НАВИ ДОНИШГОҲИ ДАВЛАТИИ МОЛИЯ ВА ИҚТИСОДИ ТОҶИКИСТОН ВА МАҶАЛЛАИ ИЛМИИ “ПАЁМИ МОЛИЯ ВА ИҚТИСОД” БА ФАЪОЛИЯТ ОҒОЗ НАМУД
📅 Сана: 31 октябри соли 2025
🏛 Категория: Илм ва инноватсия
Раёсати илм ва инноватсияи Донишгоҳи давлатии молия ва иқтисоди Тоҷикистон иттилоъ медиҳад, ки сомонаи расмии донишгоҳ www.tgfeu.tj ба тарҳи нав расман ба фаъолият оғоз намуд.
Сомонаи мазкур бо истифода аз технологияҳои муосир ва мутобиқ ба меъёрҳои байналмилалии тарҳрезӣ ва амнияти иттилоотӣ таҳия гардида, имкониятҳои васеи муошират, дастрасӣ ба маълумоти таълимӣ ва илмиро фароҳам меорад. Бо мақсади таъмини сатҳи баланди муҳофизати иттилоот, сомона бо сертификати амниятии SSL таъмин мебошад.
Ин иқдом ҷузъи муҳими стратегияи рақамикунонии фаъолияти донишгоҳ маҳсуб ёфта, ба баланд бардоштани сатҳи шаффофият, дастрасии иттилоот ва хизматрасониҳои электронӣ мусоидат менамояд.
Ҳамзамон, иттилоъ дода мешавад, ки сомонаи расмии маҷаллаи илмии “Паёми молия ва иқтисод” – www.vestnik.tgfeu.tj низ ба фаъолияти расмӣ оғоз намудааст. Платформаи мазкур барои ҳайати профессорон, муҳаққиқон ва омӯзгорон имкониятҳои навро ҷиҳати нашр, мубодила ва дастрасӣ ба натиҷаҳои илмӣ фароҳам меорад. Сомона низ бо SSL сертификат таъмин буда, амнияти иттилоотиро кафолат медиҳад.
Барои дастрасӣ ба версияи қаблии сомонаи донишгоҳ истиноди www.oldtgfeu.tj фаъол хоҳад шуд.
Сардори раёсати илм ва инноватсия Фарайдунов О.Қ.