Тағоймурод Эшзода (Эшов) 11-уми декабри соли 1966 дар деҳаи Шоли болои ҷамоати деҳоти Хонақои кӯҳии шаҳри Ҳисор дар оилаи коргар таваллуд шудааст. Пас аз хатми мактаби миёна солҳои 1984-1988 дар собиқ колхози «Москва» ба ҳайси оташнишон кор карда, солҳои 1986-1988 дар Ҷумҳурии Белоруссия дар сафи Қувваҳои Мусаллаҳи собиқ Иттиҳоди ШУравӣ хизмат намудааст. Соли 1988 ба факултети журналистикаи Донишгоҳи давлатии Тоҷикистон (ҳозира ДМТ) дохил шуда, онро соли 1993 бо ихтисоси журналист хатм намуд. Соли 1992 байни донишҷӯёни факултети журналистикаи Донишгоҳи давлатии Тоҷикистон аввалин гирандаи стипендияи Иттифоқи журналистони Тоҷикистон гардид. Аз соли 1993 то соли 1995 дар нашрияи расмии Тоҷикистон - рӯзномаи «Ҷумҳурият» ба ҳайси хабарнигори махсус ифои вазифа менамояд. Баъдан, дар Нашриёти полиграфии шаҳри Душанбе ба ҳайси муҳандиси техникаи бехатарӣ, бехатарӣ аз сӯхтор ва ҳифзи меҳнат ва дар Нашриёти муосири «Ганҷ» дар вазифаи мутахассиси техникаи бехатарӣ кор кардааст.

Аз 1-уми декабри соли 2021 то инҷониб дар шуъбаи иттилоот ва нашрияи ДДМИТ ба вазифаи муҳаррир-суратгир фаъолият намуда истодааст.

Оиладор, соҳиби 4 фарзанд.