Давлатова Савринисо Олимхоновна
Муҳаррири бахши тоҷикӣ
| +992 99999999 | |
| @mail.ru |
Давлатова Савринисо Олимхоновна мутахассиси соҳаҳои журналистика, иттилоот, матбуот ва робита бо ҷомеа буда, дорои маълумоти олии касбӣ ва дараҷаи магистрӣ мебошад. Фаъолияти касбии ӯ таҳияи маводи журналистӣ, таҳлилу коркарди иттилоот, таҳрири матнҳо ва ҳамкорӣ бо воситаҳои ахбори оммаро фаро мегирад.
Маълумот
Соли 2017 факултети журналистикаи Донишгоҳи миллии Тоҷикистонро аз рӯйи ихтисоси рӯзноманигори умумӣ хатм намудааст.
Соли 2019 Академияи идоракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистонро аз рӯйи ихтисоси амнияти иттилоотӣ хатм намуда, соҳиби дараҷаи магистрӣ гардидааст.
Фаъолияти меҳнатӣ
Фаъолияти касбии худро соли 2014 дар соҳаи журналистика оғоз намудааст.
-
Солҳои 2014–2017 — хабарнигори ғайриштатии ҳафтаномаи «СССР». Дар ин давра бо як қатор нашрияҳои даврии ҷумҳурӣ ҳамкорӣ намуда, ба таҳия ва пешниҳоди маводи журналистӣ машғул шудааст.
-
Октябри соли 2018 – феврали соли 2019 — мутахассиси шуъбаи тарбияи Донишкадаи давлатии забонҳои Тоҷикистон ба номи Сотим Улуғзода, ки ҳоло Донишгоҳи байналмилалии забонҳои хориҷии Тоҷикистон ба номи Сотим Улуғзода ном дорад.
-
Феврали соли 2019 – октябри соли 2019 — мутахассиси шуъбаи таҳлили иттилоотии Донишкадаи давлатии забонҳои Тоҷикистон ба номи Сотим Улуғзода.
-
Октябри соли 2019 – июли соли 2025 — котиби матбуотии дастгоҳи раиси ноҳияи Ховалинг.
-
Айни ҳол — муҳаррири шуъбаи иттилоот ва нашрияи Донишгоҳи давлатии молия ва иқтисоди Тоҷикистон.
Самтҳои фаъолияти касбӣ
Самтҳои асосии фаъолияти касбии Савринисо Давлатова журналистика, таҳлилу коркарди иттилоот, фаъолияти матбуотию нашриявӣ ва робита бо ҷомеа мебошанд.
Ӯ дар таҳияи маводи иттилоотӣ, таҳлилӣ ва журналистӣ, таҳрири матнҳо, омодасозии маводи нашриявӣ, инъикоси фаъолияти муассиса ва ташкилу таҳкими ҳамкорӣ бо воситаҳои ахбори омма таҷрибаи касбӣ дорад.
Ҷоизаҳо ва қадрдониҳо
Дар давоми фаъолияти касбӣ бо ҷоиза, ифтихорнома, сипоснома ва шаҳодатномаҳои зерин қадрдонӣ шудааст:
-
2017 — Ҷоизаи ба номи Воҳид Асрорӣ;
-
2017 — сертификати Академияи ВАО барои иштирок дар курси «Банақшагирии тиҷоратӣ дар медиа-бизнес»;
-
2018 — шаҳодатномаи Маркази таълимии бонувон «Сарвар»;
-
2019 — ифтихорномаи Донишкадаи давлатии забонҳои Тоҷикистон ба номи Сотим Улуғзода;
-
2020 — сипосномаи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Ховалинг.
Маълумоти оилавӣ
Оиладор, соҳиби се фарзанд.
Тоҷ
Рус
Eng