Навруз Ҷобиров
Сармуҳаррири рӯзномаи «Молия ва иқтисод»
| +992 99999999 | |
| @mail.ru |
Ҷобиров Наврӯз Мирзомуродович 14 марти соли 1989 дар шаҳри Ваҳдат дар оилаи зиёӣ таваллуд шудааст. Соли 2007 муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №62-и ноҳияи Исмоили Сомонии шаҳри Душанберо хатм намуда, сипас ба факултети журналистикаи Донишгоҳи миллии Тоҷикистон дохил шудааст. Тӯли 5 соли таҳсил бо нашрияҳои даврӣ ҳамкориро ба роҳ монда, пайваста дар мавзуъҳои фарҳангиву иҷтимоӣ ва сиёсиву иқтисодӣ матлабҳо ба нашр мерасонид. Пас аз хатми ДМТ соҳиби ихтисоси журналисти байналмилалӣ гашта, дар ҳафтаномаи ҳуқуқӣ, сиёсӣ ва иҷтимоии «Қонун ва ҷомеа»-и ВКД аввалан ба ҳайси хабарнигор, сипас то 25-уми августи соли 2025 дар вазифаи муҳаррири шуъба адои вазифа намудааст. Номбурда аз моҳи сентябри соли 2016 дар нашрияи «Молия ва иқтисод»-и ДДМИТ чун муҳаррири бахши тоҷикӣ (ҳамкори беруна) ба фаъолият пардохтааст. Аз 26-уми августи соли 2025 сармуҳаррири рӯзномаи донишгоҳии «Молия ва иқтисод»-ро ба дӯш дорад.
Мавсуф муаллифи мақолаҳои зиёди оммавию маърифатӣ мебошад.
Аз соли 2012 аъзои Иттифоқи журналистони Тоҷикистон, аз соли 2016 Аълочии матбуоти Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад.
Наврӯз Ҷобиров тули солҳои фаъолият дар чандин озмунҳо ширкат варзида, дорои Сипоснома ва Ҷоизаи Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ифтихорномаи Вазорати корҳои дохилӣ ва Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад.
Оиладор, соҳиби 4 фарзанд.
НОМГӮИ МАҚОЛАҲОИ ИЛМӢ:
1.Ҷобиров Н.М. Муқовимат бо коррупсия: самти муҳими сиёсати давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон. / Н.М. Ҷобиров //Маҷмуаи мақолаҳои конференсияи илмӣ-назариявии устодон ва донишҷӯёни Донишкадаи молия ва иқтисоди Тоҷикистон бахшида ба Соли ҷавонон ва 20-умин солгарди Ваҳдати миллӣ (21-22 апрели соли соли 2017), Душанбе: Донишкадаи молия ва иқтисоди Тоҷикистон, 2017. – С. 219-221.
2.Ҷобиров Н.М. Густариши ҳамкориҳо дар самтҳои ояндадор / Н.М. Ҷобиров //Пешвои миллат: формулаи сулҳ ва рушди Тоҷикистон//. (Монографияи коллективӣ бахшида ба Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон). - Душанбе, 2025. -267 с. (248-253)
3.Ҷобиров Н.М. Соҳибкорӣ ва давлат: шарикии стратегӣ баҳри рушди устувор / Н.М. Ҷобиров // Маҷмуаи мақолаҳои конференсияи илмӣ-назариявии байналмилалӣ дар мавзӯи «Рушди соҳибкории хурд ва миёна дар шароити саноатикунонии босуръати иқтисодиёт» (15-уми октябри соли 2025). – Душанбе, – 2025. – 372 с. (252-255).
4.Ҷобиров Н.М. Хатоњои мантиќї дар васоити ахбори омма / Н.М. Ҷобиров //Маҷмуаи мақолаҳои конференсияи ҷумҳуриявии илмӣ-назариявӣ дар мавзуи “Масъалаҳои мубрами забони шабакаҳои иҷтимоӣ: Мушкилот ва дурнамо” бахшида ба Рӯзи забони давлатӣ ва 35-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон (4-уми октябри соли 2025)// – Душанбе, – 2025.
Тоҷ
Рус
Eng