25 СОЛИ ПУРБАРАКАТ
Ба муносибати 30-солагии таъсисёбии Донишгоҳи давлатии молия ва иқтисоди Тоҷикистон
“...Вазифаи зиндагиноманавис бисёр душвор
аст, зеро агар ҳақиқатро бинвисад, инсонро
меранҷонад ва агар дурӯғ бинвисад, Худоро”
Андре Малро
Ҳар шахс, ки синнаш ним асрро убур кард, мехоҳад ҳаёти давраи кӯдакӣ, наврасӣ ва ҷавониашро як-як чун навори кино аз хотироташ гузаронад ва агар битавонад рӯи авроқи сафед чизе бинависад. Бо навиштани он рӯзҳо хуморашро тоза бинмояд.
Банда борҳо хотироти айёми наврасӣ ва ҷавониамро навиштаву дар рӯзномаҳо чоп кардаам. Камина, ки дар хонадони шоир Наимҷон Назирӣ ба камол расидаам хотироти зиёде дорам, ки рангин ва хотирмон. Ҳамеша дар кулбаи хоксоронаи падар аҳли зиё – шоирону нависандагон, олимону ҳофизон ҷамъ меомаданд, ки хонаамон базми шеъру сурудро мемонд.
Ин бор мехоҳам хотираҳоямро дар бораи донишгоҳи азизам – Донишгоҳи давлатии молия ва иқтисоди Тоҷикистон варақгардон намоям. Соли равон дар баробари таҷлили 35-солагии Истиқлолияти Тоҷикистони азиз ҳамчунин 30-солагии Донишгоҳи давлатии молия ва иқтисоди Тоҷикистон дар назар аст. Ба ҳам омадани ин ду иди бузург фоли нек аст. Аз ин рӯ, мехоҳам дар бораи он солҳо, яъне он соле, ки камина ба ин даргоҳи илму маърифат, даргоҳе, ки бароям хеле азизу муқаддас аст чанд сухане гуфта бошам.
Соли 2001-ум ба собиқ Донишкадаи андоз ва ҳуқуқ ба кор омадам. Ректори ин даргоҳ инсони нексиришт, фурӯтану хушгуфтор Г.Д Гулмирзоев буданд. Кафедрае, ки банда ба кор ҳамчун омӯзгор фаъолият намудам, мудириашро адабиётшинос, шарқшинос, мунаққиди барҷаста профессори зиндаёд Худойназар Асозода сарварӣ мекарданд. Донишкада дар кӯчаи Дӯстии халқҳо ҷойгир буд. Кафедраи мо бо номи кафедраи “Забонҳо” ёд мешуд, зеро дар ин кафедра аз чаҳор забон устодон дарс мегуфтанд: забони тоҷикӣ, забони русӣ, забони англисӣ ва алифбои ниёгон. Ҷамъулҷамъ дар кафедраи “Забонҳо" 75 (!) нафар устодон дар ду баст дарс мегуфтанд. Ин кафедра дорои се утоқи корӣ буд. Мо китобхонаи хубе ҳам доштем, ки дар он ҷо бисёр китобҳои нодир аз тарафи устодон ҷамъоварӣ карда шуда буданд.
Равонашон шод бод устод Х.Асозода ҳамеша дар маҷолис талқин менамуданд, ки мо ҷавонон ба ҷуз аз фаъолияти педагогӣ ба кори илмӣ-таҳқиқотӣ низ машғул гардида, рисолаҳои номзадӣ навишта, дифоъ намоем. Барои ҳар як омӯзгор шароит муҳайё карда мешуд, то ки кори илмиашонро нависанд ва сарбаландона ҳимоя намоянд. Албатта ин муваффақияти кафедра буд. Дар вақти мудирии шодравон устод Х. Асозода бисёр ҷавонон унвонҷӯ шуданд. Баъдтар ҳар кадомашон рисолаҳояшонро сарбаландона дифоъ намуданд.
Кафедраамон хеле аҳлу тифоқ буд. Дар кафедраи “Забонҳо” устодон Л.Абидова, О.Ҳамидова, С.Муъминова, З.Салохова, Ш.Мирзоева, Л.Абдухолиқзода, З.Ахмедова, С.Тиллоева, Б.Ҳасанова, Б.Одинаева, Р.Восиева, К.Идибекова, М.Ҷӯраева, С.Собирова, Б.Асоева, П.Асоев, М.А.Диловаров, Б.Қодирова, М.М.Диловаров, Н.Сироҷова, В.Салоҳиддинов, Ф. Султонов, М.Сироҷов, С.Гадоев, Э.Азимов, З.Каримова, М.Бодомаев, Х.Назаров, З.Саидов ва дигарон фаъолият мебурданд. Инҳо касонеанд, ки дар хотираи ман нақш бастааст. Дар баробари инҳо боз чанд устодоне буданд, ки асосан дар дигар мактабҳои олӣ дарс мегуфтанду дар ним воҳиди корӣ бо мо ҳамкор буданд. Бояд гуфт, ки устодоне, ки дар боло зикрашон рафт чанд нафарашон ба дунёи абад пайвастаанд. Рӯҳашон шоду манзили охираташон обод бод!
Дар ҳар иду айём мо аҳли коллективи бисёрнафара ҷамъ шуда, бо сарварии мудири хирадмандамон профессор Х.Асозода дар ҷойҳои таърихӣ мерафтем, то ки мо ҷавонон – омӯзгорон, ки аксарият аз ҳар гӯшаву канори ҷумҳурии азиз гирд омада будем, ҷаҳонбиниамонро васеъ намоем. Аз ҷумла, ба Осорхонаҳо, Хона-музейҳо, сари турбати бузургон (Лучоб), Боғи Айнӣ (дар он замон он ҷо чанд адибону сиёсатмадорон қабр шуда буданд), ҷойҳои таърихии кишвар аз ҷумла Қалъаи Ҳисор, боғҳои истироҳатӣ ва ҳоказо. Дар сари марқади шоиру нависандагон ва олимону ходимони давлатӣ гулдаста мегузоштем ва бо навбат шеърҳо қироат намуда руҳу арвоҳашонро шод менамудем. Дар ин ҳолат албатта мо боз ҳам зиёдтар бо ҳам унс мегирифтем.
Камина аспиранти Институти забон, адабиёт, шарқшиносӣ ва мероси хаттии АМИТ будам. Моҳи апрели соли 2004-ум дар институти номбурда рисолаи номзадиамро таҳти унвони “Симои С.Айнӣ дар насри муосири тоҷик” зери роҳбарии шодравон доктори илми филология, профессор Х. Асозода сарбаландона дифоъ намудам. Аз тарафи аъзои шуро ба рисола баҳои баланд дода шуд.
Моҳи феврали соли 2005-ум устод Х.Асозода Ректори ДДОТ ба номи С.Айнӣ (он замон Қ.Ҷӯраев) таъин шуданд. Камина ба ҳайси мудири кафедраи “Забонҳо” пазируфта шудам. Масъулияти сангин бар зиммаи банда бор шуд. Зеро ба коллективи 75-нафара роҳбарӣ кардан осон набуд. Ростӣ худ бехабар будам. Як нафар аз устодони кафедра ҳангоми дар дарс буданам маро ҷеғ зад ва зуд ба кафедра ҳозир шуданамро расонид. Вақте дар утоқи калоне, ки он ҷо маҷлисгоҳамон буд омадам дидам, ки аз боло ректорамон шодравон Д.Гулмирзоев, аз паҳлӯи росташон устод Х.Асозода ва аз паҳлӯи чапи ректор мудири шуъбаи таълим Р.Маҳмадшоев қарор доранду 30-35 нафар устодони дигар он ҷо ҷамъ омадаанд. Ростӣ дар ҳайрат мондам, ки чӣ гап бошад. Дона Гулмирзоев ба корҳои минбаъдаи профессор Х. Асозода барору муваффақиятҳо хоста ба аҳли нишаст мудирии бандаро эълон намуданд. Аз ин эълони ногаҳонӣ дар ҳайрат афтодам. Дасту по хӯрдам. Қариб 5-6 моҳ дар курсии устод нанишастам. Дар пойгоҳ як курсӣ монда менишастам. Ба худ мегуфтам, ки дар ҷои ин гуна шахси бузург ва муътабар чӣ гуна бояд нишаст? Муаллимон Л.Абидова, С.Муъминова, О.Ҳамидова маро чу фарзанд хоста насиҳатам карданд, ки ин тавр накунам.
Моҳи майи соли 2005-ум аз Сафорати Ҷумҳурии исломии Эрон мактуб омад, ки бояд ба намоиши китоб бо як гурӯҳ зиёиёни кишвар иштирок намоям. Ниҳоят дар муддати даҳ рӯз ба Эрон сафар намудам. Сафарамро бо шоирон Гулрухсор, Сафармуҳаммад Аюбӣ, Латофат Кенҷаева, Хайрандеш, академик Муҳаммадҷон Шакурӣ бо завҷаашон Дилафрӯз (духтари Ҷалол Икромӣ), профессорон Мирзо Муллоаҳмадов, Сафар Сулаймонӣ, Шаҳбоз Кабиров, ҳунарманд Қурбони Собир ва чанде дигарон анҷом додам. Ҳар рӯз баъд аз намоиш шахсони мутасаддӣ ва роҳбаладон ба ҷойҳои таърихии Эрон мебурданд. Ҳамчунин конфронсҳо доир мегардид, ки аз баромадҳо, баҳсҳои хотирмон сурат мегирифт. Хотираҳоямро дар бораи сафарам ба Ҷумҳурии исломии Эрон дар мақолаи худ бо номи “Сайри гулбоғи Эрон” дар рӯзномаи шаҳрӣ чоп намудаам.
Анқариб ду сол ба вазифаи мудирии кафедраи “Забонҳо” фаъолият намудам. Ниҳоят бо баҳонаи навиштани рисолаи докторӣ аз вазифаи мудирии кафедраи “Забонҳо” истеъфо додам. Ду ҳафта гузашт, лекин ба аризаам ректор К.С.Комилов имзо накарданд. Шодравон Б. Қодиров, ки муовини ректор оид ба таълим буданд назди худ хонда оиди аризаам пурсон шуданд. Гуфтам : “Устод барои навиштани рисолаи докторӣ вақт намеёбам, хоҳиш маро аз вазифаам озод намоед.” Он кас гуфтанд: “Агар воқеан истеъфоятон барои навиштани рисолаи докторӣ бошад, мо монеа шуда наметавонем.” Хурсанд шуда аз утоқи кории муовини ректор баромада рафтам. Ректор аризаамро имзо кард. Мудири кафедраи “Забонҳо” дотсент М.Раҳмонов интихоб шуданд. Камина дар кафедра ба ҳайси дотсент фаъолият намудам. Дар ин муддат дар баробари ба ҷавонони кишвар, ки ояндасози миллатанд таълиму тадрис додан, ҳамчунин онҳоро дар руҳияи худшиносии миллӣ, ифтихори ватандорӣ, ҳисси миллӣ доштану зиракии сиёсиро аз даст надодан тарбият менамудам.
Давра ба давра донишкада биноҳои наву замонавӣ сохта, ниҳоят пурра ба кӯчаи Нахимов, шаҳраки Гипрозем кӯчид. Дар ин муддат фанни алифбои ниёгон пурра аз байн бардошта шуд. Оҳиста-оҳиста кафедраи “Забонҳо” ба се кафедраи мустақил: кафедраи забони тоҷикӣ, кафедраи забони русӣ ва кафедраи забони англисӣ тақсим карда шуданд. Зергурӯҳҳо низ аз байн бурда шуданд. Солҳои аввал, ки фанни забони тоҷикӣ дар тӯли ду сол омӯзонида мешуд оҳиста-оҳиста ба якуним, як ва ҳоло бошад як нимсолаи хониш (4 моҳ) таълим дода мешавад.
Соли 2011-ум дар Институти забон, адабиёт, шарқшиносӣ ва мероси хаттии АМИТ таҳти роҳбарии профессори зиндаёд Х.Асозода рисолаи докториамро сарбаландона дифоъ намудам. Аъзои шуро олимони шинохтаи кишвар ба рисола баҳои баланд доданд. Дар баромадҳояшон устодон академик М.Шакурӣ, К.Айнӣ, Х.Отахонова, профессорон Х.Шариф, Ф.Зикриёев арзиши баланди илмии рисоларо бори дигар таъкид намуданд. Хурсандиам ҳадду канор надошт (дар бойгониам сабти видеоӣ маҳфуз аст).
Бояд гуфт, ки камина аввалин зан-бону дар донишгоҳ ҳастам, ки аз зинаи ибтидоӣ – муаллими калон то ба дараҷаи доктори илми филология расидаам. Ниҳоят соли 2012 аз ҷониби Комиссияи олии аттестатсионии Федератсияи Россия барои рисолаи докториам таҳти унвони “Андешаҳои адабӣ-эстетикии С.Айнӣ” дипломи дараҷаи доктори илми филология дода шуд. Мутаассифона ин дастоварди илмиам аз ҷониби роҳбарияти донишгоҳ қадрдонӣ карда нашуд.
Хушбахтона, солҳои охир мебинам, ки шахсоне, ки рисолаҳои докторӣ ва номзадӣ ҳимоя мекунанд аз тарафи сарвари донишгоҳ аз ҷиҳати молиявӣ хуб ҳавасманд гардонида мешаванд. Албатта, ин ҳавасгардонӣ ба корҳои минбаъдаи шахс таъсири мусбат мерасонад. Боиси хушнудист, ки ректори гиромиамон Сатторзода Бобоҷон бисёр ҷавони қадрдон, одил, масъулиятшинос ва гавҳаршиносанд.
Ҷаноби Олӣ борҳо дар баромадҳояшон таъкид доштанд, ки ман ба шумо вазифа медиҳам, вале дар байни мардум обрӯйро худатон пайдо мекунед. Б.Сатторзода аллакай обрӯи худро дар байни кормандон пайдо кардаанд. Боре дар як маҷлис гуфтанд: “Мехоҳам ба ҳама хубӣ карда бошам. Дар ҳама ҳолат дастгирӣ намоям, зеро хуб медонам, ки вазифа абадӣ нест.” “Офарин!” – гуфтам дар ботинам.
Баъдан ба кафедраамон устодон С.Сафаров, Ҳ.Қурбонов, Ш.Гулов, С.Собирҷонов, И.Мирзоев, С.Муҳаммадиева, Б.Раҳимзода ба кор омаданд. Пас аз 19 соли мудирӣ устод М.Раҳмонов сарбаландона ин вазифаро ба номзади илми филология, дотсент М.Ҳасанова супориданд. Дар замони мудирии М.Раҳмонов кафедра ба дастовардҳои назаррас ноил гашт.
Банда хушнуд ва сарбаландам, ки дар тӯли фаъолияти кориам шогирдони зиёдеро таълиму тадрис додаам. Ҳоло онҳо қариб дар ҳамаи соҳаҳои кишвар сарбаландона фаъолият менамоянд.
Бояд қайд намуд, ки устод Х.Асозода борҳо таъкид доштанд, ки асосгузори кафедраҳои гуманитарӣ профессори зиндаёд Қурбон Бобоев ҳастанд. Пас аз марги Қ.Бобоев профессор Х.Асозода китоберо бо унвонии “Ёде аз дӯсти ҷавонмардам”(Душанбе-2002) оид ба ҳаёт ва фаъолияти Қ.Бобоев рӯи чоп оварданд. Дар ин рӯзҳои таърихӣ ёдовар шудани поягузорони донишгоҳ муҳим аст. Рӯҳи устодон шоду гиромӣ бод!
20-уми декабри соли 2022 Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ бинои наву замонавии таълимӣ бо тамоми таҷҳизоташ ба истифода доданд. Бинои нави таълимӣ бо мақсади боз ҳам баланд бардоштани сифати таълиму тарбия дар партави сиёсати маорифпарваронаи Президенти кишвар бо сифати баланд бунёд гардидааст.
Аз 40 соли фаъолияти меҳнатиам 25 солаш дар Донишгоҳи давлатии молия ва иқтисоди Тоҷикистон гузаштааст. Дар ин муддат донишкада донишгоҳ шуд, се маротиба тағйири ном кард, аз соли 2001 то инҷониб 10 ректор донишгоҳро сарварӣ намуданд: Г.Д.Гулмирзоев, К.С. Комилов, О.Б.Бобоев, Н.Ф.Нидоев, Р.М.Мирбобоев, А.А.Солеҳзода, Қ.Қ.Давлатзода, Ш.Қ.Хайрзода, Ҳ.А.Абдуалимзода. Алъон бо даҳумин ректор Сатторзода Бобоҷон кору фаъолият дорем. Бояд гуфт, ки Б.Сатторзода ҷавони кордон, дидадаро, пурмасъулият, қадрдон ва дурбин мебошад. Нисбати устодон ғамхорӣ менамояд. Дар ҳар иду айём ҳайати омӯзгорону кормондони донишгоҳро қадрдонӣ мекунад, то ки мо бештар аз пештар фаъолият намоем.
Аз адиби турк Нозим Ҳикмат пурсидаанд: “Хушбахтӣ чист?” – ӯ ҷавоб додааст: “Агар субҳ аз хоб бармехезиву сӯи коргоҳат, ки бисёр дӯсташ медорӣ бо хушнудӣ меравӣ ва аз он як ҷаҳон роҳат мебарӣ. Ин аст хушбахтӣ”. Оре, банда низ ҳар субҳ бо табъи болида ба кор ба донишгоҳи азизам меоям. Вақте вориди донишгоҳ мешавам, маро пеш аз ҳама ливои Истиқлолият, ливои Тоҷикистони азиз бо парафшонӣ пешвоз мегирад. Саҳни донишгоҳ тозаву озода, нишастгоҳҳои махсус гузошташуда, суҳбаткадаҳо, фаввораҳо, дарахтони сарсабзу зебо ба ҳусни донишгоҳ ҳусни дигаре зам мекунанд ва беихтиёр байти шоир ба хотир меояд:
Агар фирдавс дар рӯи замин аст,
Ҳамин асту ҳамин асту ҳамин аст.
Оре, ин Донишгоҳи давлатии молия ва иқтисоди Тоҷикистон аст. Камина маҳз дар ҳамин ҷо барои хизматҳои бенуқсону чандинсолаам аз дасти мубораки Пешвои муаззамамон Эмомалӣ Раҳмон медали “Хизмати шоиста”-ро гирифтаам. Ҳамчунин, бо нишони “Аълочии маориф”, “Аълочии матбуот” қадр шудаам. Даҳ маҷмуаам (рисолаҳо, дастурҳои таълимӣ, васоити таълимӣ) рӯи чоп омадаанд. Дар баробари ин зиёда аз сад мақолаҳои илмӣ, оммавӣ, публитсистӣ дар рӯзномаву маҷаллаҳо нашр гардидаанд.
Хуллас, бояд гуфт, ки рӯзҳои наздик 30-солагии Донишгоҳи давлатии молия ва иқтисоди Тоҷикистон, ки яке аз донишгоҳҳои бонуфузи кишвар аст, ботантана таҷлил мегардад. Дар ин фосилаи начандон дарози таърихӣ ин даргоҳи илму маърифат ҳазорҳо мутахассисони баландихтисосро омода намудааст. Ҳоло хатмкардагони ин дорулфунун дар тамоми соҳаҳо сарбаландона кору фаъолият намуда, дар пешрафти кишвари азизамон саҳми арзандаи худро гузошта истодаанд.
Дар ин рӯзҳои таърихӣ ва хотирмон ба ректори азизамон Б.Сатторзода ва дар симои он кас ба устодон ва кулли кормандони ин боргоҳи илму дониш дар корҳои минбаъдаашон муваффақияту музаффариятҳоро хоҳонам. Бояд ҳамаи мо аз як гиребон сар бароварда, баҳри боз ҳам боло бардоштани нуфузу эътибори донишгоҳи ҷоноҷонамон камари ҳиммат бубандем ва мутмаинам, ки ба ин ҳадафҳоямон сарбаландона хоҳем расид.
Наргис АСЛОНОВА -
профессори кафедраи забони
тоҷикии ДДМИТ
Тоҷ
Рус
Eng