Дар замони имрӯза коррупсия яке аз мушкилоти умумибашарӣ ба ҳисоб рафта, дар тамоми самтҳои ҷомеа ҳамчун фаъолияти ҷинояткорона дониста мешавад. Вобаста ба масъалаи мазкур Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар яке аз баромадҳои худ қайд намуданд, ки бо назардошти он ки коррупсия дар қатори дигар зуҳуроти хавфноки ҷаҳони муосир асосҳои давлатдориро суст карда, садди роҳи инкишофи ҷомеа мегардад, мубориза бар зидди ин падидаи нангин ва паст кардани сатҳи он ба самти афзалиятноки сиёсати давлатӣ табдил дода шудааст.

Гуфтан ҷоиз аст, ки коррупсия мушкилест, ки танҳо бо кӯшиши якҷояи давлат ва ҷомеа ҳал мешавад. Агар ҳар як шаҳрванд масъулияти худро дарк кунад ва қонунро эҳтиром намояд, мо метавонем ҷомеаи одилона ва пешрафтаро бунёд намоем. Барои мубориза бо коррупсия, пеш аз ҳама, баланд бардоштани маърифати ҳуқуқии шаҳрвандон зарур аст. Ҳар як шахс бояд донад, ки додану гирифтани пора ҷиноят аст. Илова бар ин, шаффофият дар фаъолияти идораҳои давлатӣ ва ҷорӣ намудани технологияҳои рақамӣ метавонад сатҳи коррупсияро коҳиш диҳад.

Дар ҷамъбаст метавон гуфт, ки коррупсия яке аз монеаҳои асосӣ дар роҳи рушди ҷомеа ва таҳкими давлатдорист. Он ба иқтисод зарар расонида, адолати иҷтимоиро коста мегардонад ва боварии мардумро нисбат ба сохторҳои давлатӣ коҳиш медиҳад.

Мубориза бо коррупсия танҳо вазифаи мақомот нест, балки масъулияти ҳар як шаҳрванди ҷомеа мебошад. Танҳо дар сурате, ки ҳамаи мо қонунро эҳтиром намоем, шаффофиятро риоя кунем ва нисбат ба ин падида бетараф набошем, метавонем сатҳи онро коҳиш диҳем.

Ҳамин тавр, ҷомеаи пок аз коррупсия заминаи асосии рушди устувор, адолат ва зиндагии шоистаи шаҳрвандон мебошад.

 

Муҳтарам СОДИҚОВА -,

муаллими калони кафедраи забони русӣ