ТЕРРОРИЗМ ВА ЭКСТРЕМИЗМ - ХАТАРИ ҶОМЕАИ МУОСИР
Таҷрибаи таърихии солҳои душвор собит намуд, ки сулҳу оромӣ ва ваҳдати миллӣ аз арзишҳои муқаддас ва бебаҳои ҷомеа ба шумор рафта, ҳифзу таҳкими онҳо вазифаи муқаддаси ҳар як шаҳрванд мебошад. Аз ин рӯ, Ҷумҳурии Тоҷикистон барои таъмини амният, ҳифзи истиқлолияти давлатӣ ва пойдории суботи сиёсӣ мубориза бар зидди терроризм ва экстремизмро яке аз самтҳои муҳими сиёсати давлатӣ қарор додааст. Дар ҷаҳони муосир падидаҳо ва зуҳуроте мавҷуданд, ки на танҳо ба як давлат ё минтақа, балки ба тамоми ҷомеаи ҷаҳонӣ таҳдид мекунанд. Яке аз чунин зуҳуроти хатарнок терроризм ва экстремизм мебошад, ки имрӯз ба мушкилоти глобалӣ табдил ёфтааст.
Терроризм амалҳои зӯроваронаест, ки барои тарсонидан ва ноором сохтани ҷомеа анҷом дода мешаванд. Экстремизм бошад, пайравӣ ба ақидаҳои тундрав ва рад кардани фикру назари дигарон мебошад.
Терроризм ва экстремизм бештар ҷавононро фиреб медиҳанд. Баъзе гурӯҳҳои ифротӣ тавассути интернет ва шабакаҳои иҷтимоӣ ҷавононро ба роҳи нодуруст ҷалб мекунанд. Нодонӣ, бекорӣ ва паст будани маърифати ҳуқуқию сиёсӣ метавонанд сабаби гароиши баъзе одамон ба чунин гурӯҳҳо гарданд. Мақсади асосии гурӯҳҳои террористиву экстремистӣ халалдор намудани амнияти ҷамъиятӣ, коста кардани эътимоди мардум ба давлат ва ба вуҷуд овардани тарсу ҳарос дар ҷомеа мебошад. Аз ин рӯ, мубориза бар зидди чунин падидаҳои манфӣ вазифаи танҳо як ниҳод набуда, балки масъулияти тамоми ҷомеа мебошад.
Барои пешгирии ин хатарҳо баланд бардоштани сатҳи дониш ва тарбияи дурусти ҷавонон муҳим аст. Оила, мактаб ва ҷомеа бояд ҷавононро дар рӯҳияи ватандӯстӣ, инсонпарварӣ ва эҳтиром ба қонун тарбия намоянд. Ҳамчунин, мардум бояд ҳушёр бошанд ва ба ҳар гуна даъватҳои ифротӣ бовар накунанд.
Хулоса, терроризм ва экстремизм душмани сулҳу амният мебошанд. Танҳо бо ҳамдигарфаҳмӣ, дониш ва ваҳдати миллӣ метавон ҷомеаи орому пешрафта бунёд кард.
Рухшона ДАВЛАТОВА –
муаллими калони кафедраи забони русӣ
Тоҷ
Рус
Eng