9 сентябри соли 1991 рӯзест, ки дар таърихи миллати тоҷик бо ҳарфҳои заррин сабт шудааст. Дар ин рӯз Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон эълон гардид ва мардуми мо соҳиби давлати мустақили худ шуд. Имсол мо 35-солагии ин ҷашни бузурги миллиро таҷлил менамоем.

Истиқлол орзуи садсолаи миллати мо буд. Тули асрҳо тоҷикон барои ҳифзи забон, фарҳанг ва давлатдории худ мубориза бурдаанд. Истиқлол амалӣ гардидани орзуи бобоёни мо аст. Он ба мо имкон дод, ки бори дигар ҳамчун миллати соҳибихтиёр дар арсаи ҷаҳонӣ ному нишон пайдо намоем. Парчами давлатӣ, Нишони давлатӣ ва Суруди миллӣ ба рамзҳои муҳими давлатдорӣ ва ваҳдати миллии мо табдил ёфтанд.

Роҳи истиқлол барои мо осон набуд. Солҳои аввали соҳибистиқлолӣ барои миллати тоҷик давраи пур аз мушкилот ва имтиҳонҳои сахт гардид. Ҷанги шаҳрвандии солҳои 90-ум барои давлати ҷавони мо санҷиши бузурге буд. Бо вуҷуди ин, бо талошҳои роҳбарияти давлат ва нақши Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар кишвар сулҳу ваҳдати миллӣ барқарор гардид.

Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ дар соли 1997 нишон дод, ки миллати тоҷик қодир аст мушкилоти аз ҳама вазнинро бо ақлу хирад, таҳаммул ва заковат ҳал намояд.

Дар тули 35 соли истиқлол Тоҷикистон аз як давлати навташкил ба кишвари мустақар ва рӯ ба рушд табдил ёфт. Дар ин давра, дастовардҳои назаррас ба даст омадаанд.

Имрӯз Тоҷикистон ҳамчун кишвари сулҳдӯст ва ҷонибдори ҳамкорӣ дар арсаи байналмилалӣ шинохта мешавад. Сулҳу ваҳдати миллӣ барои рушди устувори кишвар заминаи мусоид фароҳам овардааст.

Тоҷикистон дорои захираҳои бузурги гидроэнергетикӣ мебошад. Неругоҳи барқи обии «Роғун», НБО «Сангтӯда» ва дигар неругоҳҳои хурду бузург дар рушди соҳаи энергетикаи кишвар нақши муҳим доранд. Тоҷикистон яке аз кишварҳои пешсаф дар истифодаи манбаъҳои барқароршавандаи энергия ба ҳисоб меравад.

Сохтмони роҳҳои мошингарди «Душанбе-Хуҷанд-Чаноқ», «Душанбе-Хатлон», нақбҳо ва пулҳои замонавӣ ба беҳтар гардидани робитаҳои дохилӣ ва пайвастани Тоҷикистон ба шабакаҳои минтақавии нақлиётӣ мусоидат намуданд.

Дар даврони истиқлол садҳо муассисаҳои таълимӣ, аз ҷумла мактабҳо, литсейҳо, коллеҷҳо ва донишгоҳҳо бунёд ва навсозӣ шуданд. Ба рушди таҳсилоти касбӣ ва техникии ҷавонон низ таваҷҷуҳи бештар зоҳир гардид.

Забони тоҷикӣ ҳамчун забони давлатӣ мақоми устувори худро пайдо намуда, барои ҳифз ва рушди фарҳанг, арзишҳои миллӣ ва худшиносии мардум заминаи мусоид фароҳам омад.

Тоҷикистон масъалаи ҳифзи захираҳои обӣ ва истифодаи оқилонаи онҳоро дар сатҳи байналмилалӣ пайваста матраҳ менамояд. Ташаббусҳои Тоҷикистон дар соҳаи об аз ҷониби ҷомеаи ҷаҳонӣ ва Созмони Милали Муттаҳид дастгирӣ ёфтаанд.

35 сол маънои онро дорад, ки насли наве ба воя расидааст, ки истиқлолро на танҳо аз китобу таърих, балки дар амал дида ва дар фазои он зиндагӣ мекунад.

Имрӯз ҷавонони мо ҳамчун варзишгарон, олимон, соҳибкорон, омӯзгорон ва мутахассисони ҷавон дар рушди ҷомеа саҳм мегузоранд ва номи Тоҷикистонро дар арсаи байналмилалӣ муаррифӣ мекунанд. Масъулияти асосӣ барои ҳифзи истиқлол, таҳкими ваҳдати миллӣ ва ободии Ватани азиз ба дӯши насли ҷавон низ вогузор аст.

Истиқлол ҳадафи ниҳоӣ нест, балки раванди доимии таҳкими давлатдорӣ, рушди иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангии кишвар мебошад. Ҳадафҳои стратегии Тоҷикистон ба рушди саноат, рақамикунонӣ, истифодаи технологияҳои муосир, рушди кишоварзии замонавӣ ва баланд бардоштани сатҳи зиндагии мардум равона шудаанд.

Истиқлол арзишмандтарин неъматест, ки ба миллати мо насиб гардидааст. Аз ин рӯ, ҳар як шаҳрванди кишвар бояд онро ҳамчун гавҳараки чашм ҳифз намуда, барои ободии Ватан, таҳкими сулҳу ваҳдат ва пешрафти Тоҷикистони соҳибистиқлол саҳмгузор бошад.

Бигзор, Парчами давлатии Тоҷикистони азиз ҳамеша парафшон бошад!

Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон муборак бошад!

 

А. КАМОЛЗОДА,

эдвайзер оид ба тарбияи факултети фаъолияти гумрукӣ ва амнияти иқтисодӣ