ИСТИҚЛОЛИЯТ РУШДИ ҶОМЕАИ СОҲИБИСТИҚЛОЛИИ ДАВЛАТ
Пас аз ба даст овардани Истиқлолият Тоҷикистон ба яке аз роҳҳои мустақили рушди иқтисодӣ, сиёсӣ ва иҷтимоӣ ворид гардид. Тоҷикистон дар солҳои аввали соҳибистиқлоли ҳамчун давлати ҷавон бо мушкилоти зиёде рӯ ба рӯ гардид, аз ҷумла яке аз мушкилотҳои бузург ин ҷанги шаҳрвандӣ ва буҳрони иқтисодӣ буд, ки Тоҷикистонро ба вартаи нести бурда мерасонид.
Бо талошу заҳматҳои Пешвои муаззами миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки сарварии мамлакатро ба уҳда гирифт, бо як иродаи нек, сулҳу суботро барқарор карда, мардуми мамлакатро аз вартаи нестӣ наҷот дода, сарҷамъ намуд.
Барои мардуми Тоҷикистон ба даст овардани Истиқлол яке аз рӯйдодҳои муҳимтарини таърихӣ, оғози марҳилаи нави рушди давлатдорӣ гардида, бо гузашти 35 сол метавон бо ифтихор дастовардҳо ва пешрафтҳои кишварро таҳлил намуд. Аз ҷумла, рушди инфрасохтор, сохтмони роҳҳо, неругоҳҳои барқӣ, мактабу беморхонаҳо, соҳаҳои маориф ва илм рушд ёфта, ба беҳтар гардидани сатҳи таҳсил ва зиндагии аҳолӣ ҳамаҷониба мусоидат намуда, имкониятҳо бештар гардиданд.
Истиқлолияти давлатӣ барои ҳар як фарди Ватандӯст неъмати пурарзиш ва муқаддас ба шумор меравад. Яке аз дастовардҳои муҳими даврони истиқлолият ин таҳкими ваҳдати миллӣ мебошад, ки чун омили асосии суботи сиёсӣ ва пешрафти иқтисодӣ хизмат мекунад. Истиқлолият рамзи озодӣ, худшиносӣ ва соҳибихтиёрии миллат ба ҳисоб меравад. Вазифаи мо ҷавонон ин аст, ки ин неъмати бебаҳоро чун гавҳараки чашм ҳифз намуда, Ватани азизи худро боз ҳам ободу пешрафта гардонем.
Шукуфа УМАРШОЕВА,
ассистенти кафедраи андозбандӣ ва суғуртаи ДДМИТ
Тоҷ
Рус
Eng