Истиқлолият, дарвоқеъ, чун неъмати бебаҳо барои миллати тоҷик марҳилаи сарнавиштсозе буд, ки барои миллати тоҷик дастовардҳои бузургеро ато намуд. Маҳз бо азму кӯшиш ва заҳматҳои бепоёни Пешвои  муаззами миллат, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон, Тоҷикистон аз вартаи бисёр мушкил берун баромада, ба як кишвари зебову гул-гулшукуфон табдил шуд. Имрӯз ҷомеаи ҷаҳонӣ Тоҷикистонро ҳамчун як кишвари амну ташаббускори масоили муҳимми байналмилалӣ мешиносанд.

 Дар баробари пешравиҳои бузурги иқтисодию иҷтимоӣ, сиёсиву фарҳангӣ ва амсоли ин, истиқлолият барои рушду такомули забони тоҷикӣ заминаи мусоиде фароҳам овард.

Баъд аз фурӯпошии Иттиҳоди Шуравӣ ва соҳибистиқлол гардидани Ҷумҳурии Тоҷикистон забони тоҷикӣ дар як ҳолати мушкил қарор дошт. Зеро он аз доираи идораву корхонаҳои давлатӣ берун монда, ба забони кӯчаву бозор мубаддал шуда буд. Вале пеш аз ҳама сарвари давлат, Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон ҳушдор дод: «Забони тоҷикӣ ҳастии маънавии миллати тоҷик, оинаи таҷассумгари таърихи пурпечутоб ва кафили фардои дурахшони мо мебошад. Забони модарии мо пайвандгари наслҳо ва пулест, ки дирӯзи моро бо имрӯз ва фардо пайванд медиҳад. Агар мо забонро ҳифз накунем, таърих ва фарҳанги худро аз даст медиҳем». Ҳамаи ин гувоҳ аз он буд, ки Сарвари давлат ба забон ҳамчун рукни ҳастии миллат ва давлат эҳтироми беандоза бузург дорад.

Маҳз дар замони истиқлолият забони тоҷикӣ мақоми ҳуқуқӣ  пайдо кард ва мақоми давлатии забони тоҷикӣ дар Моддаи 2-юми Конститутсияи Ҷумҳури Тоҷикистон муқаррар гардид.

Бо ибтикор ва кӯшишҳои бевоситаи Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон 5-уми октябри соли 2009 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи забони давлатии Ҷумҳури Тоҷикистон» аз сари нав қабул шуд, ки нақш ва истифодаи забонро дар тамоми соҳаҳои ҳаёт ба роҳ монда, ба танзим даровард. Маҳз дар ҳамин айём тамоми ҳуҷҷатнигорӣ, қонунгузории кишвар, коргузории идорӣ ва амсоли ин комилан ба забони тоҷикӣ сурат гирифт. Ва дар ин замина 5-уми октябр эълон гардидани Рӯзи забон яке аз иқдомҳои дигари Пешвои муаззами миллат буд, ки ба ин забони  қадимаву бой умри дубора бахшид ва ҳамасола ин рӯз дар тамоми кишвар бо як шукӯҳу шаҳомати хоса ҷашн гирифта мешавад, ки саҳми бузургест дар бузургдошти забони ноби тоҷикӣ.

Бо мақсади ҳифзи меъёрҳои забони адабӣ ва поку беолоиш нигоҳ доштани забони тоҷикӣ «Қоидаҳои имлои забони тоҷикӣ ва аломатҳои китобат» се бор таҳриру бознигарӣ шуда, аз сари нав қабул гардиданд. Ҳамчунин дар замони истиқлолият бори аввал Кумитаи забон ва истилоҳоти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон таъсис ёфт, ки дар баланд бардоштани мақом ва мартабаи ин забон саҳми муносиб мегузорад.

Дар ин айём мақоми забон дар сатҳи байналмилалӣ низ баланд гардид, ки ин ҳам яке аз хидматҳои бузурги фарзанди фарзонаи миллат, Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон мебошад.  Бори аввал аз минбари Созмони Милали Муттаҳид ва дигар анҷуманҳои ҷаҳонӣ сухани тоҷикӣ ба ҳайси забони мустақили сиёсӣ садо дод.

Хушбахтона, дар замони истиқлолият забони тоҷикӣ ба забони сиёсат, илм, дипломатия ва қонунгузорӣ табдил ёфт.

Дар раванди ин ҳама ташаббусҳои созанда ва заҳмату ѓамхориҳои бевоситаи Пешвои муаззами миллат, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба ҳар як фарди соҳибмиллат зарур аст, ки барои ҳифзу нигоҳдорӣ ва поку беолоиш нигоҳ доштани забони тоҷикӣ камари ҳимат банданд. Зеро тавре Пешвои муаззами миллат, Эмомалӣ Раҳмон таъкид мекунанд: «Забони дӯстдоштаи мо– забони тоҷикӣ ба сифати забони давлатӣ яке аз нишонаҳои асосии истиқлолияти давлатӣ ва рамзи муқаддаси ваҳдати миллӣ ба шумор меравад».

 

Илҳомиддин МИРЗОЕВ,

омӯзгори кафедраи забони тоҷикии Донишгоҳи давлатии молия ва иқтисоди Тоҷикистон