35 соли истиқлол барои Тоҷикистон давраи пур аз дигаргуниҳои сиёсӣ, иҷтимоӣ ва иқтисодӣ ба ҳисоб меравад. Агар ба таърихи иқтисодии кишвар  назар андозем аз оғози солҳои 1991-ум то имрӯз, маълум мешавад, ки Тоҷикистон роҳи хеле мураккабро тай кардааст. Аз иқтисоди ҷангзадаи солҳои аввали Истиқлолият то иқтисоде, ки имрӯз суръати нисбатан баланди рушди иқтисодиро касб карда ва нигоҳ доштааст.

Дар ин давра кишвар бо мушкилоти зиёде рӯ ба рӯ шуд аз ҷанги шаҳрвандӣ то канда шудани робитаҳои иқтисодии собиқ Иттиҳоди Шӯравӣ, бекорӣ, таварруми баланд, камбуди молу маҳсулоти ниёзи мардум ва коҳиши истеҳсолот. Баъд аз барқарор шудани суботи сиёсӣ ва иқтисодӣ тадриҷан раванди барқарорсозӣ ва рушди иқтисоди миллӣ оғоз гардид, ки имрӯз натиҷаи ин тағйиротро метавон бо нишондиҳандаҳои асосии макроиқтисодӣ Маҷмуи маҳсулоти дохилӣ, суръати рушди иқтисодӣ, ММД ба ҳар сари аҳолӣ, таваррум, содироту воридот, даромади буҷет, сармоягузорӣ ва сатҳи камбизоатӣ арзёбӣ кард.

Яке аз нишондиҳандаҳои муҳимтарини рушди иқтисоди кишвар  баландшавии ММД ба ҳисоб  меравад. Маълумоти Бонки Ҷаҳонӣ нишон медиҳад, ки ММД-и номиналии Тоҷикистон дар соли 1997 тақрибан 518 млн сомонӣ буд, то соли 2010 он ба тақрибан 24,7 млрд сомони расид ва соли 2019 ба 77,4 млн сомони баробар гардид. Дар соли 2025 ҳаҷми умумии ММД ба 173 млрд сомони расид, ки нисбат ба муқоисаи солҳои 2000-ум ҳаҷми он 20 маротиба зиёд гардидааст.  Яке аз хусусиятҳои асосии иқтисоди Тоҷикистон дар солҳои охир суръати баланди рушди воқеии ММД мебошад. Бонки Ҷаҳонӣ қайд мекунад, ки дар солҳои 1998-2019 иқтисоди Тоҷикистон ба ҳисоби миёна тақрибан 7 фоиз дар як сол рушд кардааст. Дар солҳои охир суръати рушди иқтисодӣ баланд боқӣ монда дар соли 2025 ба 8,4 фоиз барорбар гардид. Ин нишондиҳанда аз он шаҳодат медиҳад, ки иқтисоди Тоҷикистон дар солҳои охир нисбат ба бисёр кишварҳои минтақа суръати баланди рушдро нигоҳ доштааст.

Мувофиқи маълумоти Бонки Ҷаҳонӣ, дар соли 2025 ММД ба ҳар сари аҳолии Тоҷикистон тақрибан 16 400 сомонӣ-ро ташкил медиҳад.
Афзоиши ММД ба ҳар сари аҳолӣ нишон медиҳад, ки дар баробари зиёд шудани шумораи аҳолӣ ҳаҷми иқтисоди кишвар низ босуръат баланд шудаистодааст.

Камшавии сатҳи камбизоатӣ  яке аз натиҷаҳои муҳими рушди иқтисодӣ дар солҳои соҳибистиқлоли маҳсуб меёбад. Тибқи маълумоти Бонки Ҷаҳонӣ, сатҳи камбизоатии миллӣ аз 45 фоиз дар соли 2010 то тақрибан ба 19 фоиз дар соли 2025 коҳиш ёфтааст. Ин тағйирот нишон медиҳад, ки рушди иқтисодӣ дар солҳои соҳибистиқлоли танҳо дар нишондиҳандаҳои оморӣ маҳдуд нашуда, ба сатҳи зиндагии қисми зиёди аҳолӣ низ таъсир худро амиқ расонидааст.

Буҷети давлатӣ ва афзоиши даромадҳои давлатӣ: дар давоми солҳои истиқлол имкониятҳои молиявии давлат низ васеъ гардидаа мувофиқи маълумоти Агентии омори Тоҷикистон, дар соли 2024 даромадҳои буҷети давлатӣ 46,7 млрд сомонӣ ва хароҷоти давлатӣ 45,4 млрд сомонӣ-ро ташкил додааст. Дар натиҷа, буҷети давлатӣ тақрибан 1,3 млрд сомонӣ барзиёд иҷро гардид.  Ин рақамҳо нишон медиҳанд, ки нақши буҷети давлатӣ дар маблағгузории соҳаҳои иқтисодӣ ва иҷтимоӣ афзоиш ёфтааст. Даромадҳои буҷетӣ барои рушди инфрасохтор, маориф, тандурустӣ, сохтмони роҳҳо, энергетика ва дигар самтҳои афзалиятнок истифода мешаванд. Дар солҳои охир рушди иқтисодӣ танҳо ба як соҳа вобаста набуда, бахшҳои саноат, хизматрасонӣ ва кишоварзӣ низ ба афзоиши ММД саҳм гузоштаанд. Бонки Ҷаҳонӣ махсусан қайд мекунад, ки дар соли 2025 хизматрасонӣ ва саноат аз омилҳои асосии рушди иқтисодӣ маҳсуб меёбанд. Бо вуҷуди ин, барои рушди дарозмуддат Тоҷикистон бояд иқтисоди худро боз ҳам диверсификатсия кунад аз содироти ашёи хом ва вобастагӣ аз маблағҳои муҳоҷирони меҳнати ба истеҳсоли маҳсулоти дорои арзиши иловашуда бештар гузарад.

35 соли рушди иқтисодии Тоҷикистонро метавон ҳамчун давраи барқарорсозӣ, ташаккули иқтисоди миллӣ ва гузариш ба рушди устувор арзёбӣ кард. 35 соли истиқлол на танҳо таърихи афзоиши нишондиҳандаҳои иқтисодӣ, балки таърихи ташаккули иқтисоди миллии Тоҷикистон мебошад. Вазифаи асосии марҳилаи минбаъда бояд ба он равона гардад, ки рушди баланди ММД ба рушди истеҳсолоти дохилӣ, зиёд шудани ҷойҳои корӣ, афзоиши даромади воқеии аҳолӣ ва беҳтар шудани сифати зиндагии ҳар як шаҳрванд табдил ёбад. Дастоварди асосии 35 соли рушди иқтисодии Тоҷикистон дар он аст, ки кишвар аз давраи ҷанги шаҳрванди шадиди солҳои аввали соҳибистиқлоли гузашта, ба марҳилаи рушди босуръат ва модернизатсияи иқтисодӣ ворид шудааст.

 

Бахтиёр КАРИМЗОДА,

омӯзгори ДДМИТ