НАҚШИ ИСТИҚЛОЛИЯТ ДАР РУШДИ ИЛМҲОИ ТАБИАТШИНОСӢ
Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон яке аз муҳимтаририн марҳилаҳои таърихи навини кишвар ба шумор меравад. Истиқлолият барои рушди тамоми соҳаҳои ҳаёти ҷомеа, аз ҷумла маориф, илм ва технология, заминаҳои мусоид фароҳам овард. Дар ин раванд илмҳои табиатшиносӣ – физика, химия, биология, география, геология, экология, астрономия ва дигар илмҳои ба табиат вобаста – аҳамияти махсус пайдо намуданд. Зеро Тоҷикистон дорои захираҳои бузурги обӣ, гидроэнергетикӣ, маъданӣ ва биологӣ буда, омӯзиши илмии онҳо барои рушди устувори мамлакат нақши бориз дорад.
Яке аз омилҳои муҳими илмҳои табиатшиносӣ дар даврони истиқлолият омӯзиш ва истифодаи оқилонаи захираҳои табиии кишвар мебошад. Таҳқиқоти геологӣ барои муайян намудани захираҳои канданиҳои фоиданок, таҳқиқоти гидрологӣ барои омӯзиши захираҳои обӣ ва таҳқиқоти биологӣ барои ҳифзи гуногунии биологӣ мавқеи муҳим доранд.
Дар баробари ин, Агентии омори назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон омори соҳавиро дар самтҳои иқтисод, муҳити зист ва ҳадафҳои рушди устувор пеш мебарад, ки барои таҳлили равандҳои иҷтимоию иқтисодӣ ва экологӣ заминаи иттилоотӣ фароҳам меорад.
Аз ҷумла, рушди илмҳои экологӣ ва иқлимшиносӣ яке аз масъалаҳои муҳимтарини замони муосир маҳсуб меёбад. Барои Тоҷикистон ин масъала бо сабаби ҷойгиршавии қисми зиёди пиряхҳои Осиёи Марказӣ дар ҳудуди кишвар солҳои охир омӯзиши пиряхҳо, захираҳои обӣ, тағйирёбии иқлим ва равандҳои криосфера ба яке аз самтҳои муҳими таҳқиқоти илмӣ табдил ёфтааст. Қатъномаи марбут ба “Даҳсолаи амал барои илмҳои криосфера, солҳои 2025 – 2034” низ аҳамияти таҳқиқоти илмии пиряхҳо ва дигар ҷузъҳои криосфераро таъкид мекунад.
Дар соли 2026 низ дар Тоҷикистон корҳои илмӣ оид ба мониторинги кӯлҳои кӯҳӣ, насби истгоҳҳои худкори обуҳавосанҷӣ ва мушоҳидаҳои аэровизуалии пиряхҳо ва ҳавзаҳои дарёҳо идома доранд. Ин раванд нишон медиҳад, ки илмҳои табиатшиносӣ дар омӯзиши тағйирёбии муҳити табиӣ ва пешгӯии равандҳои иқлимӣ нақши муҳим доранд.
Баъди ба даст овардани истиқлолият масъалаи рушди илм ҳамчун яке аз самтҳои муҳими сиёсати давлатӣ пазируфта шуд. Тақвияти заминаҳои моддию техникии муассисаҳои таҳсилоти олӣ ва илмӣ – тадқиқотӣ имкониятҳои навро барои гузаронидани таҳқиқоти бунёдӣ ва амалӣ ба вуҷуд овард.
Дар даврони истиқлолият илмҳои экологӣ низ аҳамияти бештар пайдо карданд. Аз ҷумла, дар ҳалли масъалаҳои глобалӣ оид ба тағйирёбии иқлим, обшавии пиряхҳо, камшавии захираҳои об, биёбоншавӣ, ифлосшавии ҳаво саҳми олимони точик назаррас арзёбӣ мегардад.
Тоҷикистон дар сатҳи байналмилалӣ масъалаҳои марбут ба ҳифзи пиряхҳо ва захираҳои обиро пайваста матраҳ менамояд. Ин ташаббусҳо барои густариши таҳқиқоти илмӣ дар соҳаҳои гидрология глятсиология, иқлимшиносӣ ва экология замина фароҳам оварданд.
Дар соҳаи химия низ имкониятҳои таҳқиқотӣ васеъ гардиданд. Омӯзиши таркиби химиявии обҳои табиӣ, коркарди ашёи хоми минералӣ, таҳқиқи моддаҳои нави химиявӣ, истифодаи технологияҳои каммасраф ва ҷустуҷӯи роҳҳои ҳифзи муҳити зист аз ҷумлаи масъалаҳои муҳим мебошанд. Химия бо энергетика, тиб, кишоварзӣ, саноат ва ҳифзи муҳити зист робитаи зич дошта, метавонад дар гузариш ба иқтисоди сабз саҳми назаррас гузорад.
35 соли Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои рушди илмҳои табиатшиносӣ марҳилаи муҳими нав гардид. Дар ин давра ҳам муассисаҳои илмӣ ва ҳам донишгоҳҳо барои рушди самтҳои анъанавӣ ва ворид намудани равияҳои муосир имкониятҳои бештар пайдо карданд.
Г. С. ИСЛОМОВА,
ассисенти кафедраи фанҳои табиатшиносӣ
Тоҷ
Рус
Eng