ДАСТОВАРДҲО ВА ДУРНАМОИ РУШДИ ИҚТИСОДИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
Истиқлоли давлатӣ барои Ҷумҳурии Тоҷикистон шароит фароҳам овард, ки низоми иқтисоди миллӣ ва самтҳои асосии сиёсати иқтисодии худро мустақилона муайян намояд. Дар шароити соҳибистиқлолӣ, масъалаи ташакули соҳаҳои ҳуқуқӣ, молиявӣ ва институтсионалии иқтисоди миллӣ ба яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати давлатӣ табдил ёфт.
Ҷумҳурии Тоҷикистон соли 1991 ба марҳалаи нави таърихӣ ворид шуда, зарурати ташаккули низоми нави иқтисодӣ ва муносибатҳои иқтисодӣ ба шароити соҳибистиқлол мутобиқро ба миён овард, ки вазифаи асосӣ он нигоҳ доштани фаъолияти иқтисодӣ, барқарор намудани заминаҳои истеҳсолӣ, ташаккули низоми нави иқтисодӣ, таъмини суботи макроиқтисодӣ ва фароҳам овардани шароити мусоид барои рушди минбаъдаи мамлакат буд.
Имрӯз, дар арафаи 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, таҳлили роҳи тайкардаи иқтисоди миллӣ, арзёбии дастовардҳо ва муайян намудани вазифаҳои минбаъдаи рушди кишвар имконияти муносиб фароҳам гардидааст..
Дар давраи соҳибистиқлолӣ масъалаи таъмини амнияти иқтисодӣ низ аҳамияти махсус касб кардааст, ки пеш аз ҳама ба қобилияти давлат дар таъмини фаъолияти муътадили иқтисоди миллӣ, истифодаи самараноки захираҳо, рушди истеҳсолоти дохилӣ ва ҳифзи манфиатҳои иқтисодии кишвар алоқаманд мебошад. Аз ин чиҳат, рушди истеҳсолоти миллӣ ва диверсификатсияи иқтисодиёт ҳамчун самтҳои муҳими сиёсати иқтисодӣ муайян шудааст.
Дар ин давра заминаҳои ҳуқуқӣ ва институтсионалии иқтисоди миллӣ ташаккул ёфта, муносибатҳои иқтисодии бозорӣ тадриҷан рушд карданд. Яке аз вазифаҳои муҳим дар солҳои аввали истиқлол гузариш ба низоми иқтисодии нав ва мутобиқ намудани сохтори истеҳсолӣ ба талаботи иқтисоди миллӣ буд. Ин раванд бо мушкилоти зиёде ҳамроҳ гардид, зеро пошхӯрии низоми ягонаи иқтисодии собиқ Иттиҳоди Шӯравӣ робитаҳои истеҳсолӣ, тиҷоратӣ ва нақлиётиро канда, ба фаъолияти корхонаҳо таъсири манфӣ расонид.
Бо вуҷуди ин, дар марҳалаҳои минбаъда, барои барқарорсозии иқтисоди миллӣ, таъмини суботи молиявӣ ва рушди соҳаҳои истеҳсолӣ тадбирҳои зарурӣ андешида шуд. Дар натиҷа, иқтисоди Тоҷикистон тадриҷан ба марҳалаи рушди нисбатан устувор ворид гардид.
Яке аз нишондиҳандаҳои асосии арзёбии рушди иқтисодӣ ҳаҷми маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ мебошад. Солҳои 1991-2026 Ҷумҳурии Тоҷикистон бо нигоҳ доштани суръати нисбатан баланди рушди иқтисодӣ тавонист мавқеи худро дар низоми иқтисодии минтақа таҳким бахшад. Тибқи маълумоти расмӣ, ҳаҷми ММД-и кишвар дар соли 2025 ба 173 миллиард сомонӣ расида, суръати рушди воқеии иқтисод 8,4 фоиз ташкил додааст.
Ҳамчунин, дар солҳои 2015–2025, ММД(маҷмуи маҳсулоти дохилӣ) ба ҳар сари аҳолӣ аз 6 ҳазор сомонӣ то 16,1 ҳазор сомонӣ афзоиш ёфтааст. Ин нишондиҳандаҳо аз он шаҳодат медиҳанд, ки дар давраи соҳибистиқлолӣ, иқтидори иқтисодии кишвар тадриҷан васеъ гардида, имкониятҳои истеҳсолӣ ва молиявии иқтисоди миллӣ афзоиш ёфтаанд.
Тибқи маълумоти расмӣ, танҳо дар солҳои 2019-2026 дар Ҷумҳурии Тоҷикистон 2600 корхонаи нави истеҳсолӣ ба фаъолият оғоз намудаанд. Аз нуқтаи назари назарияи иқтисод, рушди саноат метавонад ба тағйирёбии сохтори иқтисоди миллӣ, баланд шудани ҳосилнокии меҳнат ва афзоиши арзиши иловашуда мусоидат, намояд. Аз ин рӯ, идомаи сиёсати индустриалӣ ва гузариш аз содироти ашёи хом ба содироти маҳсулоти коркардшуда яке аз вазифаҳои муҳими давраи минбаъда мебошад.
Дар иқтисоди бозорӣ соҳибкорӣ ва сармоягузорӣ яке аз муҳаррикҳои асосии рушди иқтисодӣ ба ҳисоб мераванд. Фаъолияти соҳибкорон барои таъсиси корхонаҳои нав, зиёд намудани ҷойҳои корӣ, рушди истеҳсолот ва ташаккули даромадҳои буҷетӣ мусоидат мекунад. Дар Ҷумҳури, соҳаи хусусӣ дар татбиқи лоиҳаҳои созандагӣ ва рушди инфрасохтор тадриҷан меафзояд. Аз ҷумла, дар доираи корҳои омодагӣ ба 35-солагии Истиқлоли давлатӣ саҳми соҳибкорон дар бунёди иншооти гуногун назаррас арзёбӣ шудааст. Тибқи маълумоти расмии охир, то охири моҳи августи соли 2026 дар кишвар, дар доираи ин омодагӣ 35300 иншооти гуногун сохта ва ба истифода дода шудаанд. Ин таҷриба нишон медиҳад, ки ҳамкории давлат ва бахши хусусӣ метавонад яке аз механизмҳои муҳими рушди иқтисодӣ ва иҷтимоӣ бошад.
Дар марҳалаи нави рушди иқтисодӣ масъалаи таъмини рушди босуръат, устувор ва фарогир аҳамияти махсус пайдо мекунад. Ҷумҳури Тоҷикистон барои солҳои 2026–2030 Барномаи миёнамуҳлати рушди кишварро қабул намуда, татбиқи он ҳамчун марҳалаи ниҳоии Стратегияи миллии рушд то соли 2030 пешбинӣ шудааст.
Мувофиқи маълумоти расмӣ, дар ин давра ҳадаф гузошта шудааст, ки ҳаҷми ММД ду баробар зиёд карда шуда, сатҳи камбизоатӣ то 10 фоиз коҳиш дода шавад. Барои расидан ба чунин ҳадафҳо зарур аст, ки самаранокии истифодаи захираҳои табиӣ ва меҳнатӣ баланд бардошта шуда, технологияҳои муосир бештар истифода шаванд. Инчунин, рушди иқтисоди рақамӣ, дастгирии соҳибкории хурду миёна, рушди сармояи инсонӣ, баланд бардоштани сифати таҳсилот ва омодасозии мутахассисони рақобатпазир аҳамияти рӯзафзун пайдо мекунанд.
Натиҷаҳои солҳои охир нишон медиҳанд, ки иқтисоди кишвар дорои имкониятҳои назарраси рушди минбаъда мебошад. Афзоиши ММД, рушди истеҳсолоти саноатӣ, зиёд шудани даромадҳои аҳолӣ ва татбиқи лоиҳаҳои сармоягузорӣ аз ҷумла, самтҳои муҳими ин раванд мебошанд. Дар марҳалаи минбаъда вазифаи асосӣ аз истифодаи самараноки имкониятҳои мавҷуда, рушди истеҳсолоти рақобатпазир, тақвияти бахши хусусӣ, ҷалби сармоягузорӣ, рушди иқтисоди рақамӣ ва баланд бардоштани нақши сармояи инсонӣ иборат мебошад.
Ҳамин тавр, Истиқлоли давлатӣ барои кишвар на танҳо рамзи соҳибихтиёрии миллӣ, балки заминаи муҳим барои интихоби мустақили модели рушди иқтисодӣ мебошад, ки имконияти арзёбии роҳи тайшуда ва муайян намудани вазифаҳои нави стратегиро барои рушди устувори иқтисоди миллӣ фароҳам меорад.
Гулнозаи ФАТҲУЛЛО,
ассистенти кафедраи назарияи
иқтисодии ДДМИТ
Тоҷ
Рус
Eng