Бо ба даст овардани Истиқлоли давлатӣ низоми муайяни қонунгузорӣ ба вуҷуд омад. Тоҷикистон ҳамчун давлати ҷавону соҳибистиқлол дар баробари қабули санадҳои меъёрии ҳуқуқии самтҳои гуногун, ба қабули қонунҳои миллӣ, ки дар он назару андеша ва пешниҳоду хоҳиши аҳли ҷамоатчигӣ пурра ба назар гирифта шавад, иқдом намуда, онҳоро мавриди амал қарор дод. Яъне, Тоҷикистон вазифадор гардид, ки низоми қонунгузории худро таъсис диҳад. Аз ин рӯ, қабули қонунҳои миллӣ барои инкишофи иҷтимоӣ ва иқтисодии кишвар аҳамияти калон дорад.

Бахусус, Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи танзими ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон” ва Қонун “Дар бораи масъулият барои таълиму тарбияи фарзанд” аз ин қабил иқдомотест, ки кишварҳои ҳамсоя аз мо омӯхтанд ва дар қабули чунин санадҳо камар бастанд. Аз ҷумла, Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи танзими ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон” (пештара Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросимҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон») ташаббуси муҳиме буд, ки бо дастгирии Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва мардуми кишвар соли 2007 қабул гардид.

Дарвоқеъ, низоми муайяни кору зиндагӣ ва риояи он аз кас масъулияти воло ва талоши зиёдро талаб менамояд. Қонуни танзим низ дар навбати худ, баҳри ба эътидол овардани тӯю маъракаҳо ва дигар чорабиниҳои оммавӣ саҳми муносиб гузошт.

Ҳарчанд ки дар аввали қабули ин қонун фикру назарҳо мухталиф буданд, чун мардум манфиату сабаби қабули онро фаҳмиданд, хушнудӣ ва сипосгузорӣ намуданд. Зеро аллакай, эҳсос мекарданд, ки дар зиндагиашон дигаргуниҳои назаррас ба амал омадааст. Пасандозашонро метавонанд, ки баҳри дигар кору фаъолияташон масраф намоянд ё барои таҳсили фарзандонашон харҷ созанд.

Тоҷикистон кишвари мустақил буда, дар тасмимгириҳои қонунгузорӣ манфиатҳои умум ва хусусиятҳои милливу хештаншиносиро ба назар мегирад. Ҳамаи ташаббусу корҳо баҳри беҳсозии некуаҳволии аҳолӣ гирифта мешавад. Ба қавли шоир:

Ба дахлу харҷи худ ҳар дам назар кун,

Чу дахлат нест харҷ оҳистатар кун.

Меъёрҳои иҷтимоӣ, ба монанди урфу одат, анъана ва ҷашну маросим, аз замонҳои қадим муносибатҳои ҷамъиятиро танзим мекарданд ва тартиботи иҷтимоиро таъмин менамуданд. Бо ин восита, одамон ҳамдигарро бо фарҳанг ва анъанаҳои умумӣ шинохта, ҳамгироиро дар ҷомеа таъмин мекарданд.

Аммо бо гузашти замон ва таъсири зиндагии муосир баъзе анъанаҳо моҳияти аслии худро аз даст дода, ба маросими гаронбаҳо ва исрофкорона табдил ёфтанд. Қисме аз шаҳрвандон онҳоро ҳамчун воситаи худнамоӣ ва ҷалби обрӯ истифода намуда, боиси пастравии сатҳи маънавӣ ва иқтисодии оилаҳои камбизоат мегарданд.

Қабули Қонуни танзим аз ҷумла барои ҳифзи арзишҳои миллӣ, коҳиш додани хароҷоти бесифат ва пешгирӣ аз воридшавии унсурҳои номатлуб зарур буд. Қонун мафҳумҳои асосии маросим ва ҷашнро муайян намуда, онҳоро мутобиқи талаботи замон танзим мекунад.

Ҳадафҳои асосии Қонун «Дар бораи танзими ҷашну маросим» чунинанд:

Пешгирӣ аз хароҷоти зиёдатӣ ва исрофкорӣ дар ҷашну маросим;

Баланд бардоштани сатҳи иҷтимоиву иқтисодии аҳолӣ ва коҳиш додани камбизоатӣ;

Ҳифзи арзишҳои фарҳанги миллӣ ва суннатҳои мардумӣ;

Мусоидат ба рушди маънавӣ ва ваҳдати миллӣ.

Таҳлилҳо нишон медиҳанд, ки қабули қонун натиҷаҳои мусбат дошт. Хароҷоти мардум барои баргузории ҷашну маросим то андозае коҳиш ёфт. Расму оинҳои нолозим ва хурофотпарастона тадриҷан аз байн мераванд. Сатҳи камбизоатӣ ва вазъи зиндагии иҷтимоии аҳолӣ беҳтар шудааст. Мардум дарк мекунанд, ки маросим ва ҷашн бояд ҳамчун омили маънавӣ ва фарҳангӣ ба ҳисоб оварда шаванд, на барои худнамоӣ.

Бо вуҷуди ин, ҳанӯз ҳам гурӯҳе аз шаҳрвандон қонунро риоя намекунанд. Ин нишон медиҳад, ки зарурати фаҳмондани моҳият ва аҳамияти қонун ба аҳолӣ ҳанӯз ҳам вуҷуд дорад.

Барои таъмини иҷрои пурраи қонун мо – омӯзгорон, мутахассисон ва ҳуқуқшиносон бояд мазмун ва аҳамияти қонунро тариқи семинарҳо, вохӯриҳо ва воситаҳои ахбори омма фаҳмонанд. Намунаҳои амалӣ нишон диҳанд, ки риояи қонун чӣ таъсири мусбат ба зиндагии шаҳрвандон дорад.

Мо худ ҳамарӯза шоҳид ҳастем, ки амалӣ гардидани қонун натиҷаҳои мусбат ба бор овардааст ва бо иштироки фаъолонаи аҳолӣ ва ҷомеаи шаҳрвандӣ сатҳи риоя ва таъсири он боз ҳам беҳтар мегардад.

Таҳмина УМАРАЛИЗОДА,

муовини сардори раёсати кадрҳо ва корҳои махсуси ДДМИТ